Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо ва доктори илмҳои фалсафа пас аз як ҷарроҳӣ субҳи имрӯз дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Саъдулло Раҳимов солҳо ба ин сӯ аз бемории сутунмуҳра ранҷ мекашид ва қариб як ҳафта инҷониб дар Бемористони Шифобахш (маъруф ба Қарияи Боло) дар Душанбе бистарӣ буд.
“Ду рӯз пеш дар беморхонаи Қарияи Боло ҷарроҳӣ шуд, вале пас аз ҷарроҳӣ саломатияш бадтар гардид. Имрӯз тахминан соатҳои 4-и субҳ чашм аз олам пӯшид”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Маросими видоъ бо Саъдулло Раҳимов дар назди хонааш кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, 10 (хонаҳои “Қайроқум”) баргузор гашта, баъди намози пешин (соати 13:00) дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе (масҷиди калонтарини Тоҷикистон) ҷаноза мекунанд ва дар қабристони “Каленин” ба хок супорида мешавад.
Саъдулло Раҳимов 73 сол дошт ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи фарҳанг ва синамосозии Тоҷикистон ба шумул мерафт.
Ӯ 8-уми ноябри соли 1951 дар ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро таваллуд шуда, соли 1974 факултаи забон ва адабиёти руси Университети давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ)-ро хатм кард.
Солҳо дар Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудаааст ва доктори илмҳои фалсафа мебошад.
Бо танаффус солҳои 1987-1993, 1995-1997 директори киностудияи “Тоҷикфилм”, 1997-1998 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио буд.
Таҳқиқгари муваффақи кинои тоҷик ба шумор меравад ва аз соли 2011 котиби Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон буд.
Раҳимов яке аз ташаббускорон ва ҳакамони ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” буд.
Бобати таърихи афкори эстетикии халқи тоҷик, марҳилаҳои он, эстетика ва ақоиди фалсафии Зардуштия таҳқиқоти судманд анҷом додааст. Муаллифи сенария, коргардони бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ, аз қабили “Занон-сармоядорон”, “Маҳваш”, “Сайёҳат дар Ватан”, “Арӯсак”, “Ҷойҳои муқаддас”, “Насими Қаратоғ”, “Ман мунаққиди одилам”, “Академик Диноршоев”, силсилафилмҳо дар бораи ВМКБ: “Ишкошимиҳо”, “Рӯшониҳо”, “Гулбек” аст. Ҳаммураттиби китоби “Энсиклопедияи кинои Тоҷикистон” (Д., 2012, (ба русӣ) мебошад.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста