Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия номгӯйи 10 растание, ки бурдани онҳо ба Русия манъ аст нашр карда, аз шаҳрвандони кишвар хост, аз бурдан ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.

Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфт, ки аз 7-уми феврали соли 2024 бар асоси моддаи 231-и Кодекси ҷиноии Русия барои гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи растаниҳои дорои маводи мухаддир, аз ҷумла ҳазориспанд дар ҳудуди ин кишвар ҷарима ва ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Намояндагӣ таъкид кардааст, ки тибқи ин банди қонунгузорӣ барои парвариши ғайриқонунии растаниҳои дорои маводи мухаддир, 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

“Намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Русия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, тавсия медиҳад, ки аз парвариш ва истифодаи ҳама гуна растаниҳое, ки метавонанд зери манъи қонунгузорӣ бошанд, худдорӣ намоянд, то аз оқибатҳои ҳуқуқӣ эмин монанд”,-навиштааст ин ниҳод.

Ин ниҳод ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки пеш аз шинондани ҳар гуна растании дорои хусусиятҳои ғайриодӣ, дар портали расмии ҳукумати Русия “КонсультантПлюс” ва ё сомонаи ВКД ин кишвар маълумот гиранд.

 

Номгӯйи 10 растание, ки бо худ бурдан ва истифодаи он дар ҳудуди Русия манъ аст:

- нилуфари обӣ ё лотуси кабуд, растании обие, ки гулҳояш кабудранг буда, дар таркибаш алкалоидҳо дорад;

- нилуфари печ ё ипомеяи серанга, токмонанд бо гулҳои калон аст, ки дар тухмаш моддаҳои нашъаовари галлюсиногенӣ мавҷуданд.

- бангдона ё конопляи киштӣ, растаниест, ки барг ва гули он дорои каннабиноидҳо буда дар вуҷуди инсон хоболудӣ ё ҳаяҷонро ба вуҷуд меорад;

- шалфейи пешгӯён, дорои моддаи психоактивии салвинорин буда, хастагӣ, чархзании сар, аз даст додани хотираро ба бор меорад;

- маки хобовар ё кукнор, ки шираи он дорои маводи нашъаовари пурқувват мебошад;

- садбарги гавайӣ, дорои алкалоидҳост, ки ҳангоми истеъмол галлюсинасия, тағйирот дар шуур ва таъсири номатлуб ба вуҷуд меорад;

- турбинаи сипаршакл, як намуди печак аст, ки дар тухми он моддаҳои психоактивӣ мавҷуд аст;

- эфедра маъруф бо номи “малинаи саҳроӣ”, ки дорои алкалоиди эфедрин буда, фаъолияти асабро таҳрик медиҳад. Ин растанӣ бо сабаби дар истеҳсоли маводи мухаддири метамфетамин истифода шуданаш манъ шудааст;

Турбинаи сипаршакл

-ҷаъфарии мӯйнок, чун дар тухми он моддаи психоактивии миристисин мавҷуд аст ва барои истеҳсоли амфетаминҳо истифода мешавад харид ва нигоҳдории тухми он бо ҳадафи коркард ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ мекунад;

-ҳазориспанд, дар таркибаш алкалоидҳо ва гармин дорад, ки хусусиятҳои психоактивӣ доранд. Воридот, муомилот ва истефодаи он дар ҳудуди Русия манъ шудааст.

Ин ниҳод инчунин навиштааст, ки 19 намуди растаниҳо дар Русия таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парвариши онҳо ҷарима то 300 ҳазор рубл, корҳои маҷбурӣ то 480 соат ё то ду соли зиндон пешбинӣ мешавад.

Намояндагӣ таъкид кардааст, ки истеҳсол ва фурӯши нос низ дар ҳудуди ин кишвар мамнуъ эълон гардидааст. Бо худ бурдани нос танҳо барои истифодаи шахсӣ иҷозат дода шудааст, аммо на бештар аз 250 грамм.

Ин ниҳод гуфтааст, ки барои вайрон кардани ин қоида аз 2 ҳазор то 150 ҳазор рубл ҷарима татбиқ карда мешавад. Инчунин барои фуруши нос ба ноболиғон аз 20 ҳазор то 300 ҳазор рубл ҷарима ситонида мешавад.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор дода буд, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.