Силсилатаркишҳои шадид дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Бағдоди Ироқ 40 қурбониву 80 захмӣ дар пай гузошт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», инфиҷори аввал дар наздикии гузаргоҳи назоратии кормандони мақомоти полис дар митнақаи Адан ба вуқӯъ пайваста, бар асари ин ҳодиса 3 нигаҳбон ва 5 сокини маҳаллӣ ҳалок ва 23 тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарии беморхона шуданд. Ҷинояткори номаълум автомашинаи ҳомили таҷҳизоти таркандаро дар мавзеи мазкур насб намуда, онро тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ ба кор даровардаст.
Гуфта мешавад, таркиши дуввум дар ноҳияи Ал-Аскани шаҳри Бағдод, дар наздикии марказҳои тиҷоратӣ ба қайд гирифта шуд, ки 5 қурбониву 11 маҷрӯҳ барҷой гузошт. Дар натиҷаи зарбаи сахти таркиш чанд автомобили канори ҷода ва дигар иншооти гирду атроф қисман ё пурра хароб гардиданд. Дар кӯчаи Ал-Амали шаҳри Бағдод террористони номаълум автомобили бо таҷҳизоти тарканда муҷаҳҳазро дар наздикии яке аз марказҳои тиҷоратӣ ва перомани биноҳои зисти сокинон мунфаҷир намуданд. Ин ҳодиса ба марги 5 нафар ва захмӣ шудани 7 каси дигар сабаб шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳодисаҳои мушобеҳ дар дигар манотиқи Ироқ низ сурат гирифтанд, ки ба ҳалоку маҷрӯҳ шудани шумораи зиёди сокинон боис гардиданд. Масъулияти ин ҳодисаҳои даҳшатборро ягон гурӯҳ ё шахси алоҳида бардӯш нагирифтааст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян намудани омилони таркишҳо фаъолият мебаранд.
Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд. Ноиби раиси ҷумҳури Эрон ин хабарро расман тасдиқ кард
Чархболи суқуткардаи Иброҳим Раисӣ пайдо шуд, аммо тақдири ӯ ва ҳамроҳонаш норӯшан аст
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста