Эрон ба девони додгустарии байналмилалӣ аз болои Амрико барои мусодираи ду миллиард доллари Бонки марказии ин кишвар расман шикоят кард.
Бино ба иттилои хабаргузории TojNews , Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон ин хабарро тайид кард ва гуфтааст: “Дирӯз ба таври расмӣ шикояти худро дар девони додгустарии байналмилалӣ ба сабт расонидем ва ин шикоятро то расидан ба натиҷа пайгирӣ хоҳем кард”.
Вай ҳамчунин гуфтааст, ки Теҳрон мехоҳад иқдоми зиддиэронии Вашингтон маҳкум карда шавад ва хисорати расида аз он ҷуброн гардад. Ду моҳ пеш додгоҳи олии ИМА қарор кард, ки додгоҳҳои ин кишвар метавонанд аз ҳисоби маблағҳои масдудшудаи Бонки марказии Эрон ба шикояти хонаводаҳои қурбониёни терроризм расидагӣ кунанд. Яъне, ғаромати онро аз ҳисоби пули Эрон ҷуброн намоянд.
Гуфта мешавад, ки як гурӯҳ аз пайвандони 261 силоҳбадасти амрикоӣ, ки соли 1983 дар инфиҷори мақарашон дар шаҳри Бейрути Лубнон кушта шуда буданд, шикоят карданд ва хостори ҷуброни зарар шуданд.
Ҳасани Руҳонӣ шоми гузашта бо ҳузур дар ифтори хонаводаҳои шуҳадо дар Теҳрон гуфт, ки мо намедонем ва хабар надорем, ки соли 1983 силоҳдорои амрикоӣ дар Лубнон чӣ мекарданд ва чаро маҳз бояд Эрон зарари расида ба он ҳалокшудагонро пардозад.
Ҳасани Руҳонӣ ҳамчунин гуфтааст, ки ин ду миллиард доллари Эрон бар асари як беэҳтиётӣ ба дасти Амрико уфтодааст. Имрӯз мақомоти ҳукумати вақти Маҳмуди Аҳмадинажодро сабабгори ин хисорат медонад, чун ин ду миллиард маҳз дар замони ҳокимияти Аҳмадинажод гум шудааст.
Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст
Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид
Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста