Собиқ президенти Миср ва роҳбари ҳизби фаъолияташ мамнӯъи «Ихвонул-муслимин» Муҳаммад Мурсӣ бо қарори додгоҳ бори дигар барои як умр аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Бино ба иттилои шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», ин навбат ӯро барои ифшои сирри давлатӣ ба манфиати Қатар гунаҳкор донистанд. Қарори мазкур аз ҷониби Суди шаҳри Қоҳира содир карда шуд. Тибқи қонунгузории маҳаллӣ ҳабси абад ба маҳрум кардани 25 сол аз озодӣ баробар аст.
Гуфта мешавад, Мурсиро қаблан бо ҳамин ҷурм ба ҳабси абад маҳкум карда буданд. Ғайр аз ин нисбат ба ӯ ҳамчунин барои ҳодисаи фирори маҳбусон дар соли 2011-ум ҳукми қатл эълон гардида буд. Дар баробари собиқ президент ҳамчунин 2 нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум карда шуданд. Ҳамаи инҳо барои дастрас кардани ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ ба Давҳа оид ба Артиш ва хароҷоти буҷаи он гунаҳкор дониста шуданд.
Зимнан додгоҳ қарори 6 нафарро, ки ба қатл маҳкум шудаанд, бетағйир гузоштааст, ки миёни онҳо коргардони идораи иттилоотии шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира»-и давлати Қатар ва як рӯзноманигорзани дигар ҳузур доранд. Ду нафар аз ҳукмгирифтагон мавриди пайгард қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки дар маҷмӯъ дар парвандаи ҳодисаи амалҳои ҷосусӣ 11 нафар қарор доранд. Мурофиаи судии гунаҳкорону гумонбарон 19 моҳ идома ёфта, дар ин муддат беш аз сад ҷаласаи судӣ баргузор гардидааст.
Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст
Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид
Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста