Дар ҷараёни даргириҳои шадиди мусаллаҳона дар шаҳри Кундузи Афғонистон миёни ҷангиёни Толибон ва нерӯҳои амнияти ҳукумат даҳҳо нафар аҳолии осоишта ҳалок ва садҳо нафар ҷароҳат бардошта, айни замон 80%-аҳолӣ шаҳрро тарк кардааст.

Хабаргузории «Афганистан.ру» бо такя ба гуфтаҳои раиси Шӯрои музофоти Кундуз Муҳаммад Юсуф Аюбӣ иттилоъ додааст, ки ҷасади сокинони ҳалокшудаи шаҳр то ҳол дар кӯчаҳо боқӣ монда, бинобар сабаби идомаи даргириҳо гирифтану ба хок супурдани онҳо ғайриимкон аст.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 10 октябр эълон кард, ки беш аз 33 ҳазор нафар аз мардуми Кундуз барои наҷот ёфтан аз ҳамлаҳои Толибон ва даргириҳои онҳо бо нерӯҳои давлатӣ, аз ин шаҳр гурехтаанд. Афроди гурӯҳи Толибон ҳафтаи гузашта аз чанд самт барои ишғоли шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз ҳамлаҳоро оғоз карданд, аммо бо муқовимати нерӯҳои давлатӣ рӯбарӯ шуданд.


Ноиби аввали президенти Афғонистон генерал Абдул Рашид Дӯстум рӯзи 9 октябр оғози амалиёти бузурги поккорӣ дар Кундузро эълон карда, изҳор доштааст, ки озодкунии шаҳр аз толибон бар асари камсамар будани фаъолияти раҳбарияти низомии маҳаллӣ ба вукӯъ пайвастааст ва аз ин рӯ, ӯ тасмим гирифтааст, ки ваколати раҳбарияти поккорииро ба дӯши худ гирад.

Генерал Абдул Рашид Дустум

Дар ҳамин ҳол, намояндагони раҳбарияти маҳаллии артиш ва мақомоти пулис дар бораи беҳбуди тадриҷии вазъ дар Кундуз маълумот дода, изҳор кардаанд, ки давоми як ҳафта толибон 200 нафар ҷангиёнашонро талаф дода, ҳамагӣ 20 нафар кормандони сохторҳои қудратии кишвар ҳалок ва маҷрӯҳ шудаанд. Аммо манбаъҳои дигар ин маълумотро носаҳеҳ хонда, зикр мекунанд, ки дар ҷараёни даргириҳо бо толибон даҳҳо тан аз низомиёну кормандони пулис ҳалок шудаанд.