Намоишҳои эътирозӣ зидди интихоби Доналд Трамп ба мансаби раисҷумҳури ИМА ба бетартибиҳои оммавӣ табдил ёфтанд. Худи Трамп васоити ахбори умумро ба иғвоангезии тазоҳургарон муттаҳам кард.

Медуза менависад, мақомоти пулис намоишҳои эътирозӣ алайҳи интихоби Доналд Трамп ба мансаби президентиро, ки дар шаҳри Портленди штати Орегон ҷараён доранд, «бетартибиҳои оммавӣ» эътироф намуда, дар твиттери мақомоти пулиси шаҳр ин тасмимро ба қонуншиканиҳои оммавӣ ва кирдори хатарнок»-и тазоҳургарон нисбат додаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти пулис, иштирокчиёни ин бетартибиҳо ба беш аз 10 адад автомашинаҳо осеб расонида, шишаҳои якчанд мағозаҳоро шикастаанд.

Мақомоти интизомии Орегон огоҳ кардаанд, ки нисбати ошӯбгарон воситаҳои махсус истифода шуда метавонанд. Пулис аз тазоҳургарон дархост намудааст, ки ба яке аз майдонҳои маркази шаҳр гузаранд.

Дар ҳамин ҳол, президенти интихобшуда Доналд Трамп изҳор доштааст, ки дар бетартибиҳои оммавӣ дар кӯчаҳо зидди пирӯзии ӯ дар интихобот «тазоҳургарони касбӣ» иштирок доранд, ки онҳоро васоити ахбори умум иғвоангезӣ мекунанд. «Тамоман аз рӯи инсоф нест!», - навиштааст Трамп дар твиттер. Ӯ қайд кардааст, ки интихоботи президентӣ дар ИМА «хеле кушоду муваффақона» гузаштанд.

Пас аз пирӯзии Доналд Трамп дар маъракаи интихоботи президенти ИМА дар ин кишвар намоишҳои оммавии эътирозӣ шурӯъ шуданд, ки то ҳол идома доранд. Дар аксари ҳолатҳо онҳо ба таври осоишта мегузаранд, аммо мақомоти пулиси шаҳри Портленди штати Орегон доир ба оғози бетартибиҳои оммавӣ хабар дод.