Русия, Туркия ва Эрон дар робита ба ҳалли низои Сурия созишномаро ба имзо расонданд. Ин санад самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаи се кишварро дар доираи ҳалли осоиштаи низои Сурия муайян хоҳад кард.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Русия Владимир Путин 22 ноябр, баъди анҷоми саммити сеҷониба дар шаҳри Сочӣ гуфт, раҳбарони се кишвар ба ниҳодҳои дипломатӣ, амният ва дифои худ дастур доданд, ки болои созмони Конгресси мардуми Сурия кор кунанд.
Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ гуфт, ки ин конгресс ба таҳияи конститутсияи нави Сурия мусоидат хоҳад кард. Интизор меравад, дар асоси он дар ин кишвар интихобот баргузор шавад.
Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон афзуд, ки бояд дастрасии мунтазами шаҳрвандони Сурия ба кумакҳои башардӯстона фароҳам карда шавад.
Русия аз охирҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Сурия амалиёти низомӣ мегузаронад. Ҳадафи расмии он мубориза бо терроризм аст. Ба иттилои Reuters, тайи 11 моҳи соли равон дар Сурия 40 сарбоз ва мутахассиси низомии рус кушта шудаанд. Путин пеш аз мулоқот бо ҳамтоёни эрониву туркаш гуфт, ки рӯзҳои наздик амалиёти низомии кишвараш дар Сурия ба поён расида, "равандҳои сиёсӣ" оғоз хоҳанд шуд.
Кишварҳои Ғарб борҳо Кремлро айбдор карданд, ки амалиёти низомии Русия ба ҳимоят аз режими Башор Асад ва мубориза бо мухолифони ӯ равона шуда, дар натиҷаи бомбаафканиҳои Димишқу Москва сокинони осоишта ҷон медиҳанд.
Боздошти беш аз 300 ҳазор нафар барои ҳаҷҷи бидуни иҷоза
Дар Душанбе таваққуфгоҳҳои худкор фаъол мешаванд
27 ҳазор сомонӣ ҷарима. Ҷазои як корманди милиса дар Суғд барои гирифтани пора
Бонки миллии Тоҷикистон сабаби поён рафтани қурби долларро шарҳ дод
БИР то имрӯз ба татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон 916 млн доллар маблағгузорӣ кардааст
ФАСР омода аст, ки ба татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон 500 млн доллар ҷудо кунад
Эмомалӣ Раҳмон: “Тайи 8 соли ахир иқтисод 7,4% рушд ёфта, сатҳи камбизоатӣ 10% поин рафт”
Тоҷикистон кишвари рушдёфтаи саноатӣ шудан мехоҳад. Имрӯз чанд корхонаи саноатӣ дорем?
Додгоҳи Хатлон баъди эътирози додситонӣ муҳофизи Хӯҷа-Командирро 15 сол равонаи зиндон кард
Боздошти 2 зани қаллоб аз Ӯзбекистон дар Варзоб
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста