Муҳаммад Муҳақиқ, роҳбари "Ҳизби Ваҳдати Исломии мардуми Афғонистон" ва яке аз пешвоҳои қавми ҳазора дар ин кишвар мегӯяд, ҳукумати собиқ ва Толибон дар чанд соли охир иштибоҳҳои даҳшатнокеро анҷом додаанд, ки фоҷиабор будааст.
Муҳақиқ шоми дирӯз (панҷшанбе, 19 август) дар як ёддошт дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки пас аз суқути Толибон ва омадани ҳукумати нав, кумакҳои зиёди иқтисодӣ ва низомӣ дар Афғонистон қатъ шуданд.
"Ҳокимони бист соли нави Афғонистон, ки ба кӯмакҳои низомӣ ва иқтисодии ИМА такя мекарданд, эҳсос мекарданд, ки онҳо ҳокимони баҳснопазири ҳама давраҳои таърихи баъдӣ ҳастанд ва барои ҳокимияти давраҳои баъдӣ шахсияттарошӣ ва барномарезӣ мекунан. Мағрурона бар ҳама арзишҳо тохтанд, ҷиҳодро террор лақаб карданд ва муҷоҳидинро ҷангсолор ва зидди ҳуқуқи башар хонданд. Бист сол бо ин чӯб бар сарамон кӯфтанд то моро аз саҳна дур кунанд, ки шукри Худо натавонистанд. Қатлҳои занҷираӣ роҳ андохтанд, ҳамлаҳои мусаллаҳона бар хонаҳо карданд, ҷенералони коркуштаро аз урдуву пулис хилофи қонун ихроҷ карданд, қавмҳо ва забонҳоро зидди ҳам карданд, ҷавононро бо бузургсолон ва мардонро бо занон ба ҷанг кашониданд..., ки ин равиш ва кирдори Ғарб ва оқибати инҳо танзҳои талх ва лаккаи нанги мондагор дар таърихи кишвар аст",-навиштааст Муҳаққиқ.
Ӯ афзудааст, ки роҳбарон дар давраҳои мухталиф натавонистанд аз ин кӯмакҳо барои рушди кишвар истифода кунанд, баръакс, бо таъйини афроди бетаҷриба мекӯшиданд кишварро ба бесарусомонӣ бибаранд.
"Ҳокимоне, ки бо қаллобӣ ва пуштибонии хориҷӣ дар сари қудрат буданд, фикр мекарданд, ки варақ барнамегардад, вале дидем, ки варақ баргашт ва ҳокимияти дуруғашон ба гунае хотима ёфт, ки ба қавли шоҳиди айнӣ бо чанд мошин пул бо чархбол фирор карданд ё ба гуфти худашон фурсати пӯшидани кафши худро наёфтанд. Пас бояд кушиш кунем, чанд субҳе, ки сари қудрат ҳастем хидмат кунем ва номи накӯ ба ёдгор бимонем, ки ба гуфтаи шоир: Зи мардони олам бимонад санад, Яке номи неку дигар номи бад."
Таҳаввули ҷадид пеш омад ва озмуни дигар дар роҳ аст
Муҳаммад Муҳақиқ гуфтааст, ки ҳузури ҳукумати ҷадиди Толибон дар Афғонистон ба назари ӯ ҳам хуб асту ҳам бад. Ӯ гуфт, ки ҳукумати Ғанӣ ба ҷуз аз роҳҳои гуногун пул ёфтан ва ба хориҷ интиқол додан вазифаи дигаре надошт.
"Нек аз ин ҷиҳат аст, ки бо вуруди Толибон ба Кобул бисояти як ҳукумати фосид ва табъизгарли манфур барчида шуда, мардум аз шарри он наҷот ёфт. Ҳукумате, ки дар баробари чашмони ҳайратзадаи мардуми дунё ва миллати Афгонистон сармояҳои миллӣ ва кӯмакҳои ҷаҳониро ба рафъи худаш ғорат ва ба бонкҳои ҷаҳонӣ мефиристод, ки шояд тайи ҳафт соли гузашта ғоратҳои дуздишуда тасавурношуданӣ ва дар таърихи дуздиҳои ҷаҳон бесобиқа бошад. Аммо чун шарики хориҷӣ доштанд, касе монеъи ин дуздӣ намешуд."
Муҳақиқ иброз дошт, ки фасоди ҳукумати Ашраф Ғанӣ на танҳо молӣ буд, балки бузургтарин фасоди ин ҳукумат, табъиз буд. Ба гуфтаи ӯ, Ғанӣ намояндаҳои ҳамаи қавмҳоро аз сохторҳои қудратӣ берун карда, танҳо як доираи муайянро дар атрофи худ нигоҳ дошт ва як мероси баде боқӣ гузошта, фосилаи иҷтимоиро бештар кард.
"Ҳукумате, ки бо табъизи нораво шерозаи ваҳдати миллиро аз ҳам пошид ва душманиро бо қавмҳо ва шахсиятҳо то ҳадде афзоиш дод, ки Ғанӣ ва тимаш дар баробари ҳуҷуми Толибон ба Кобул бедифоъ ва танҳо монд."
Мавқеи мо дар қиболи таҳаввули ҷадид чунин аст:
Муҳаққиқ бар ин бовар аст, ки барои хотима додани ҷанг ва ташкили ҳукумати ҷадид дар Афғонистон набояд ҳукумати яктарафа таъсис дода шавад, балки ҳукумати ҳамашумул бо иштироки гурӯҳҳои этникию мазҳабӣ таъсис ёбад.
"Барои хотима додан ба ҷанг ва эҷоди суботи миллӣ набояд ҳукумати яктарафа таъсис дода шавад, балки ҳукумате, ки ба иродаи мардум ва иштироки қавмҳо ва мазҳабҳои кишвар эҷод шавад ва дар ин робита музокирот бо сардорони ҷиҳодӣ, пешвоёни сиёсӣ ва шахсиятҳои миллӣ зарур аст.
Дар ин ҳукумат ба арзишҳои динӣ ва миллӣ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқҳои қавмҳо, мазҳабҳо ва занон бояд эҳтиром гуҳошта шаванд".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста