Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раёсатҷумҳурии Афғонистон пас аз муддатҳо дар паёми тозае дар Твиттераш навиштааст, ки натиҷаи дуюниммоҳаи ишғоли Афғонистон тавассути Покистон афзоиши 90 фоиз фақр, ғуломии занон зери номи шариъат, коҳиши 30 дарсадии тавлиди нохолиси миллӣ ва маҳдудияти расонаҳову озодии баён, бастабудани бонкҳо ва хуруҷи табақаи миёнаи ҷомеа аз кишвар будааст.
Ӯ навиштааст: “Макони дипломатия аз Афғонистон ба Давҳа кӯчида, тасмимгирӣ дар бораи амнияти Афғонистон дар Раволпандии Покистон мегузарад”.
Ҳамчунин дар паёми твиттерӣ Амруллоҳ афзудааст, ки “ҳаққониҳо”, террористҳои омӯзишдида, мақом ба даст оварданд.
Дар идомаи паём Амруллоҳ Солеҳ хитоб намуда гуфтааст, ки муқовимат ягона роҳи ҳалли ҳифзи шаъну шарф ва хотимаи ишғолгароист:
“Ба ёд дошта бошед: Афғонистон луқмаи хурд нест, ки Покистон тавонад онро фурӯ барад. Танҳо вақт нишон хоҳад дод. Муқовимат дар ҳама ҷабҳаҳо ягона роҳи ҳалли ҳифзи шаъну шараф ва хотимаи ишғолгароӣ аст.Танҳо вақт лозим аст, то хезиши мардумӣ дубора шурӯъ шавад"- навиштааст Амруллоҳ Солеҳ.
Ёдовар мешавем, ки паёми Амруллоҳ Солеҳ дар пасманзари сафари дирӯзаи Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон бо як ҳайати баландпояи Покистон ба Афғонистон нашр шуд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста