Файзуллоҳ Ҷалол, устоди донишгоҳи Кобул ва таҳлилгари варзидаи сиёсӣ, ки аз сӯйи "Толибон" боздошт шуда буд, баъди 4 рӯзи боздошт, чанд лаҳза пеш раҳо шудааст. Толибон то кунун дар ин маврид изҳори назаре накардаанд.
Дар ин бора, духтари Файзуллоҳ Ҷалол ба расонаҳои гуногуни Афғонистон хабар додааст ва гуфтааст, ки бо падараш суҳбат кардааст ва ӯ дар роҳ ба сӯйи хона аст.
Хабаргузории "Омоҷ" бо нақли қавл аз наздикони Файзуллоҳ Ҷалол гуфтааст, ки ӯ акнун дар хонааш дар шаҳри Кобул қарор дорад.
Файзуллоҳ Ҷалол устоди улуми сиёсӣ ва ҳуқуқ дар Донишгоҳи Кобул аст, ки 4 рӯз пеш аз сӯйи "Толибон" ба далели "таҳрики мардум алайҳи низом" боздошт шуда буд.
Хабари боздошти Файзуллоҳ Ҷалол вокунишҳои тунде дар расонаҳо ва ҷомеаи Афғонистон ба бор овард. Дар рӯзи нахустини боздошт, созмони Авфи байналмилал ва Дидабони ҳуқуқи башар низ хостори раҳоии бидуни қайду шарти ӯ шуда буданд.
Имрӯз Иттиҳоди Аврупо низ озодии фаврии ӯро талаб карда буд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати Толибон шоми рӯзи 8-уми январ дар Твиттараш ӯро як шахси "мутаассиб" хонда буд.
Сухангӯйи толибон навишт, ки "як инсони муттасибе бо номи Ҷалол ба хотири тавзеҳоти чарандиёти худ дар расонаҳои иҷтимоӣ гирифтор шудааст, ки мардумро алайҳи низом таҳрик менамуд ва бо обрӯйи мардум бозӣ мекард".
Дар идома Муҷоҳид навиштааст, ки "то бошад, ки касе дигар аз одраси устод ва донишманд!!!? даст ба чунин ёвагӯйӣ, шахсияткушӣ ва ҳатаки ҳурмати инсонҳо назанад".
Сухангӯйи Толибон ҳамчунин чанд навиштаи расонаҳои иҷтимоиро низ нашр кардаву ба оқои Ҷалол нисбат дода, ки дар онҳо дар мавриди ин ки раиси истихбороти Толибон ва раҳбарони амнияти миллии кунунии Толибон шаҳрвандони Покистонанд, навишта шудааст.
Аммо гумонзаниҳои ғолиб он аст, ки Файзуллоҳ Ҷалол барои интиқоди сахте, ки дар як барномаи "Тулуънеюс" аз Толибон кард ва яке аз сухангӯёни ин гурӯҳ Муҳаммад Наими Вардакро "гӯсолаи мутлақ" хитоб кард, боздошт шудааст.
Файзуллоҳ Ҷалол, чанде пеш дар як баҳси телевизионӣ як намояндаи Толибонро "гӯсола" хитоб карда буд.
Ин баҳс дар шабакаи телевизиони "Тулуънеюс" буд, ки Ҷалол Наим Вардак, сухангӯйи "Толибон" дар Қатарро "гӯсола" хитоб кард ва такроран гуфт, ки ӯ як "одами аҷибу ғариб ва мутлақ гӯсола аст". Суханони Ҷалол дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёде ба бор оварда ва мавриди истиқболи бесобиқае қарор гирифта буданд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Репатриант – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста