Ҳукумати Толибон додани гувоҳномаи ронандагӣ (права) ба занону духтаронро дар Афғонистон манъ карданд. Бино ба иттилои бахшии дарии "Садои Амрико" масъулони трофик (ГАИ)-и ҳукумати Толибон ба Марказҳои омӯзиши ронандагӣ дастур додаанд, ки ба занону духтарон дигар гувоҳномаи ронандагӣ надиҳанд.
Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё Толибон омӯзиши ронандагиро ҳам барои занон манъ кардаанд ё не.
Дар Афғонистон, пеш аз тасаллути Толибон ба ҳукумат, дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар, аз ҷумла Кобулу Ҳирот занони зиёде ронандагӣ мекарданд. Ҳоло ба назар мерасад, ки Толибон ҳадаф доранд ронандагии занонро дар Афғонистон манъ кунанд.
Ҷалолиддин Содот, як масъули Маркази омӯзиши ронандагии "Бародарону хоҳарони афғон" дар вилояти Ҳирот ба "Садои Амрико" гуфтааст, ки масъулони мудирияти трофики Ҳирот ба мо гуфтаанд, ки фаъолиятҳоямонро дар бахши омӯзиши ронандагӣ барои занон мутаваққиф кунем.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки мудирияти трофик додани форма (бланка) барои дархости гувоҳномаи ронандагӣ барои занонро низ манъ кардааст ва дигар ба марказҳои омӯзишӣ онро намедиҳад.
Аммо Содот гуфтааст, ки ин дастур ба онҳо шифоҳӣ расонида шудааст ва то кунун ҳеч дастури хаттие ба онҳо ворид нашудааст.
Хоноқо Ачикзай, масъули бахши таълиму тарбияи трофикри Ҳирот ба "Франспресс" гуфтааст, ки "ба мо ҳам ба гунаи шифоҳӣ дастур шудааст, ки додани гувоҳнома ба ронандагони занро мутаваққиф кунем". Ин масъул гуфтааст, ки то кунун дар мавриди ҷилавгирӣ аз ронандагони занд дар шаҳр ҳидояте нагирифтаем.
Одила Адил, мураббии яке аз марказҳои омӯзиши ронандагӣ ҳам гуфтааст, ки Толибон ба онҳо дастур додаанд, ки дигар занонро ронандагӣ наомӯзанд.
Наимулҳақ Ҳаққонӣ, раиси Раёсати фарҳангу иттилооти Ҳирот ҳам гуфтааст, ки ба онҳо дар ин замина ҳеч мактубе ирсол нашудааст. Аммо ӯ дар мавриди дастури шифоҳӣ чизе нагуфтааст.
Раёсати трофики Кобул ҳам раванди додани гувоҳномаи ронандагӣ ба занонро мутаваққиф кардааст. Аммо Гулаҳмад мамузай, масъули яке аз бузургтарин марказҳои омӯзиши ронандагӣ ба "Садои Амрико" гуфтааст, ки онҳо ҳеч дастуре нагирифтаанд ва ҳоло ҳам чанд зан ба омӯзиш дар маркази онҳо машғуланд.
Ҳукумати Толибон ҳамчунин барои занону духтарони аз синфи 6 болоро дар Афғонистон манъ кардаанд, ки ин мавзуъ баҳсҳои зиёдеро дар сатҳи Афғонистон ва ҷаҳон ба бор овардааст.
Ҳамчунин Толибон бо гузашти 8 моҳ аз ҳукуматашон дар Кобул, ба занон иҷозаи корро надодаанд. Танҳо теъдоди кучаке аз занон дар бархе аз идораҳо кор мекунанду халос.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста