Пешвои ҳаракати “Толибон” Ҳайбатуллоҳ Охундзода интиқоди бедалели мансабдоронро барои аҳолии Афғонистон манъ кард. Изҳороти беасос ба унвони мансабдорони давлатӣ дурӯғ ҳисобида мешавад, хабар медиҳанд ВАО бо истинод ба шабакаи телевизионии TOLO News.

Ба гуфтаи роҳбари ҳаракат, ҳамаи интиқоди бедалел дурӯғ шуморида шуда, дар пайи он ҷазо пешбинӣ мешавад. Иҷрои амри Охундзода барои тамоми аҳолии кишвар ҳатмӣ аст.

Ҳайбатуллоҳ Охундзода

Дар бораи ҷузъиёти дигари амр, аз ҷумла сабаби чунин тасмимгирӣ хабар дода намешавад.

Ҳаракати Толибон моҳи августи соли 2021 пас аз хуруҷи неруҳои низомии ИМА аз Афғонистон сари ҳокимияти ин кишвар омад.

Дар ҳукумати толбион Вазорати амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункар фаъолият мекунад, ки мундариҷаи маводро дар интернет ва телевизион танзим мекунад.

Пас аз сари ҳокимият омадан толибон ҷазои буридани дастҳо ва ҳукми қатлро дубора ҷорӣ намуда, тарошидани ришро ба мардон манъ карданд. Занонро ба пӯшидани сарулибоси мусулмонӣ уҳдадор намуда, дастрасии онҳоро ба кор маҳдуд ва бидуни ҳамроҳии мард дар ҳавопаймоҳо нишастанро манъ карданд.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Толибонро то ҳол ягон давлат ба расмият нашинохтааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.