Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 4-уми ноябр, "BBC Persian" бо нашри наворе аз мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд дар Панҷшер, хабар дод, ки онро хароб кардаанд. Манбае, ки наворро ирсол кардааст, ба ин расона гуфтааст, “неруҳои Толибон* вориди мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд шуда, санги мақбараашро шикастанд".

Ин рафтори хашини Толибон вокуниши тунди пайравони Аҳмадшоҳ Масъудро ба бор овард ва онҳо аз Толибон* талаб карданд, ки нафари тахрибкор боздошт, муаррифӣ ва муҷозот карда шавад.

Аз ҷумла, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи Афғонистон, ки дар Кобул зиндагӣ мекунад, бо интиқод аз ин амал аз Толибон хост “ҳар чӣ зудтар авомили ин фитнаҳоро шиносоӣ ва дар ҷиҳати танбеҳи онон ҷиддан иқдом намоянд".

Ин маротиба аввал нест, ки Толибон бо мақбараи Қаҳрамони миллии Афғонистон ситеза мекунанд. Қаблан, вақте ба тозагӣ қудратро дар ин кишвар ғасб карданд ва барои ҷанг ба Панҷшер омаданд, низ мақбараи Аҳмадшоҳи Масъудро хароб карда буданд.

Қабл аз ин бошад, дар аҳди ҳукмронии аввали худ дар Афғонистон дар даҳаи 90-уми асри гузашта низ бо мақбараи овозхони машҳури Афғонистон Аҳмад Зоҳир низ бадрафторӣ кардаву онро тахриб намуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Аamajnews” иттилоъ медиҳад, ки Толибон мақбараи Мулло Умар, бунёдгузори ин гурӯҳҳо рӯнамоӣ кардаанд.

Ба иттилои ин расона Аҳмадуллоҳ Васиқ, раиси радио ва телевизиони миллии Афғонистон таҳти идораи Толибон рӯзи якшанбе, 6-уми ноябр, бо нашри тасовире аз як мақбарае гуфтааст, ки ин оромгоҳи раҳбари пешини Толибон аст.

Аҳмадуллоҳ Васиқ дар бораи мавқеияти қабри бунёнгузори Толибон чизе нагуфтааст.

Гӯри Мулло Умар

Қаблан ҳукумати собиқи Афғонистон эълом карда буд, ки Мулло Умар дар ҳамлаи соли 2013 дар Покистон кушта шудааст. То ҳол касе дар хусуси макони дафни Мулло Умар ҳеҷ хабаре надоштанд.

Ин ҳама такрори амалҳои зишти гуруҳи Толибон дар ҳолест, ки онҳо пас аз вуруди дубора ба Арки Кобул ваъда дода буданд, ки тағйир кардаанд ва дигар гуруҳи тундгаро нестанд. Бо гузашти беш аз як соли ҳукмронии Толибон ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчӣ бештар аз амалҳои тундгароёнаву ҷангҷӯёнаи ин гуруҳ огоҳ мешавад, ки ба андешаи коршиносон, ин далели тағйирнопазии ин гуруҳ аст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.