Имрӯз, 29-уми ноябр, дар Душанбе конфронси байналмилалии илмии "Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо" дар ҳошияи нишасти "Гуфтугӯи амниятии Ҳирот", бо иштироки мақомдорони ҳукумати то суқути Афғонистон, сиёсатмадорон ва коршиносони Тоҷикистону минтақа ифтитоҳ шуд.
Ҳамчунин, дар ин конфронс Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа, Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Рангин Додфар Сипанто, раиси ҳайъати машваратии Институти мутолиоти стратегии Афғонистон, Аҳмад Валӣ Масъуд, яке аз роҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва намояндагони давлатҳои Амрикову Русия иштирок доранд.
Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки намояндагони Толибон* низ барои иштирок дар конфрон даъват шуда буданд, аммо ҳеҷ яке аз намояндаи ин гуруҳ дар ҳамоиш иштирок надорад.
Дар назар аст, ки конфронси байналмилалии мазкур ду рӯз идома карда, дар он вазъияти амниятии Афғонистон ва минтақа, ташкили ҳукумати фарогир ва вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон баррасӣ карда шавад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста