Дар соли ҷашни 75-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар Комиссари олии СММ Фолкер Тюрк аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба таҷрибаи боздоштҳои худсарона хотима бахшанд.

“Оғози соли навро бо аҳли оилаам таҷлил карда, дар бораи онҳое фикр кардам, ки наздиконашон барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ранҷ мекашанд, - гуфт ӯ. - Инҳо одамоне мебошанд, ки дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мубориза бо тағйирёбии иқлим кор мекунанд”.

Ба гуфтаи ӯ, “инҳо касоне ҳастанд, ки табъизро маҳкум карда, мухолифи суиистифода ва фасод садо баланд мекунанд. Инҳо рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башаре ҳастанд, ки барои иҷрои корҳои муҳим зиндонӣ шудаанд”.

“Дар оғози соли 75-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз ҳукуматҳо ва тамоми мақомоти ҳокимияти саросари ҷаҳон даъват менамоям, ки ҳамаи онҳоеро, ки барои истифода аз ҳуқуқҳои худ боздошт шудаанд, афв кунанд, гуноҳашонро бахшанд ё ба таври одӣ озод кунанд, - таъкид доштааст Тюрк.

“Ба дилҳои худ назар андозед, парвандаҳои онҳоро бозбинӣ ва интихоби дуруст кунед: имсолро аз ба ҳаёт табтиқ намудани афкори  Эъломияи умумиҷаҳонӣ оғоз кунед. Ин ҷаҳонест, ки дар он ҳама одамон озоду баробар зиндагӣ мекунанд, шаъну шараф ва ҳуқуқи якдигарро эҳтиром мекунанд”, - илова кардааст ҳомии ҳуқуқи СММ.

Рӯзи 10 декабри соли 2023 75-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар таҷлил мешавад. Эъломияро намояндагони тамоми минтақаҳои ҷаҳон навишта ва қабул кардаанд, ки паёми асосии он ҳуқуқи инсон умумибашарӣ, тақсимнашаванда ва асоси сулҳу тараққиёт мебошад.

“Аз ҳамаи онҳое, ки сари қудратанд, даъват менамоям, ки Эъломияро дар ҳаёт татбиқ кунанд ва ба боздоштҳои худсарона қатъияну батамом хотима бахшанд”, - таъкид доштааст Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи башар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.