Шарҳи рӯйдодҳои асосии байнулмилалии ҳафтаи сипаришуда, ки ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон дахл дошта, аз аҳаммияти бевосита бархӯрдоранд.

Пушти пардаи поинравии қурби рубл чӣ ниҳон аст?

Аввали моҳи апрел қурби рубли Русия ба таври хеле шадид ва ғайричашмдошт поин рафт, ки ҳам дар худи ҷомеаи Русия ва ҳам дар кишварҳои ИДМ, ки иқтисодашон бо Русия зич алоқаманд аст, ҳаяҷон ва нигаронии зиёдеро ба бор овард. Тағйирёбии қурби рубл зери пайгирии ҷиддии муҳоҷирони корӣ низ қарор дошт, зеро беқурбшавӣ мустақиман ба ҳаҷми пули ба хонаҳояшон фиристодаи онҳо таъсир мерасонад.

Поинравии ҷиддии ахири қурби рубл моҳи марти соли 2023, чанде пас аз оғози даргирии мусаллаҳона байни Русия ва Украина ба амал омад.


Он замон қурби асъор ба таври ғайричашмдошт то 115 рубл барои як доллар поин рафта, будубоши қисми зиёди муҳоҷирони корӣ дар Русияро, ки даромадашон бе ин ҳам дар пайи таваррум ва бӯҳрони иқтисодӣ ба ҳадди ақалл поин рафта буд, начандон фоидаовар кард.

Дар натиҷа, дар семоҳаи аввали соли 2022 60 ҳазору 337 ​​муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанд, ки 2,6 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Дар маҷмӯъ, тибқи иттилои манобеъи мухталиф, он замон ҳудуди 400 ҳазор муҳоҷири корӣ аз кишварҳои ба истилоҳ хориҷи наздик маҷбур шудаанд, ки аз Русия ба кишварҳои худ баргарданд.

Моҳи апрели соли 2023 беқурбшавии рубл он қадар шадид набуд ва хусусияти нисбатан муваққатӣ дошт. Беқурбшавии ҳамвора тайи се моҳи охир идома ёфта, тибқи гузориши портали Banki.ru, қурби рубл аз 70 рубл (январ) то 77 рубл барои як доллар (нимаи моҳи март) поин рафт.

Аммо аввали моҳи апрел, ҳамагӣ тайи чанд рӯз қурби рубл якбора хеле поин рафта, дар натиҷа, рӯзи 8 апрел арзиши рубл барои як доллар то 82 рубл расид.

Дар ҷомеаи коршиносон поин рафтани қурби рублро бо чанд сабаб шарҳ медиҳанд.

Аввалан, ба далели афзоиши воридот (асосан аз Чин), инчунин пеш аз таътили баҳору тобистон дар ҷомеаи Русия талабот ба асъори боэътимод, пеш аз ҳама ба доллар ва евро афзоиш меёбад.

Сониян, ба тахмини Интерфакс, талабот ба асъор дар шароите афзоиш ёфтааст, ки ба наздикӣ Русия бояд қарзи хориҷии худро пардохт кунад. Илова бар ин, шояд ширкатҳои бузург барои соҳиб шудан ба саҳмияҳои ширкати нафтии Shell, ки ахиран хуруҷи худро аз бозори Русия эълон кард, дар бозор арзи хориҷӣ харида бошанд.

Сурат аз торнамои new-retail.ru

Бисёре аз коршиносон низ бар ин назаранд, ки поинравии қурби рубл як навъ ҳаннотӣ аст, яъне, дар асл, он ба таври сунъӣ барои фоида - ба манфиати буҷет ё ҳама гуна бозигарони асосии бозори асъор анҷом дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, ба навиштаи «Ведомости», аксари таҳлилгарони молиявӣ бар ин назаранд, ки беқурбшавии назоратшавандаи рубл ногузир аст ва давоми тамоми сол сурат хоҳад гирифт.

Гап сари он аст, ки қурби пастшудаи рубл барои буҷети Русия судманд аст, зеро барои ҷуброни каср (дефитсит)-и буҷет имкон медиҳад.

Ба навиштаи нашрияи Ura.news, давлат бо фурӯши доллару еврои қиматшуда хазинаро пур карда, барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ – индексатсияи нафақаву маоши кормандони буҷет, пардохти қарз ва ғайра имкон пайдо мекунад.

Аз тарафи дигар, ҳама дарк мекунанд, ки чунин стратегия дар оянда вазъи иқтисодии Русия (ва дар маҷмӯъ, бисёре аз кишварҳои шарики ИДМ)-ро бадтар карда, ба афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ ва ҷаҳиши нархҳо боис мегардад.

Сурат аз сомонаи mirtesen.ru

Аз ин рӯ, дар ҳоли ҳозир ҳукумати Русия талош дорад мувозинат - яъне чунин қурби рублро пайдо кунад, ки барои буҷет фоидаовар бошад, аммо ба таваррум суръат набахшад ва ба сатҳи зиндагии мардум таъсир нарасонад.

Дар ин робита нашрияи «Рамблер» аз андешаи коршиноси рус Дмитрий Бабин истинод мекунад, ки ба ақидаи ӯ, баҳрабардори аслии поин рафтани қурби рубл худи ҳукумати Русия аст.

Ӯ гуфтааст, тобистони соли 2022, вақте ки даромади буҷети Русия аз фурӯши нафт ҳанӯз хеле зиёд буд, ҳукумат аз қурби доллар дар ҳудуди аз 70 то 80 рубл (1 доллар) қаноатманд буд. Имрӯз вазъ хеле тағйир ёфта, мақомоти Русия ба рубли боз ҳам заифтар ниёз доранд.

Акнун нишондиҳандаҳои ҳадди ниҳоии он бояд дар ҳудуди аз 80 то 95 рубл (1 доллар) бошанд.

Агар ин тахмин дуруст бошад, пас тӯли сол мақомоти Русия бо назардошти оқибатҳои болоравии нархҳо ва мизони даромади аҳолӣ, қурби рублро тадриҷан поин мебаранд.

Айни замон, иқтисодчиёни рус танҳо дар ин бора ихтилоф доранд, ки дар ниҳоят мақомоти Русия кадом доираи коҳиши идорашавандаро муайян мекунанд - аз ин рӯ, то охири соли 2023, қурб метавонад 80-85 рублро ташкил диҳад, ки ин каму беш ҳам ба русҳо ва ҳам муҳоҷирони корӣ қобили таҳаммул аст, ё 90-95 рубл, ки вазъи бисёре аз муҳоҷиронро дар Русия ба таври қобили мулоҳиза мушкил мекунад.  

Президент Макрон дар Чин: «Иҷрои рисолат ғайриимкон аст»

Ҳафтаи гузашта боздиди президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз Чин дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор дошт.

Кадр аз навори видео
Сурат: rutube.ru

Тавре ки ВВС хабар медиҳад, ҳадафи аслии сафари раҳбарони аврупоӣ талош барои муътақид кардани Пекин ба тағйири мавқеаш дар мавриди ҷанг дар Украина будааст. Таври маълум, Чин аз маҳкумияти мустақими таҷовузи Русия алайҳи Украина худдорӣ карда, тарҳи сулҳи Чин барои ҳалли муноқишаи Русияву Украина ҳам дар Киев ва ҳам дар кишварҳои ғарбӣ рад карда мешавад.

Ғайр аз ин, ИМА низ борҳо нигаронӣ кардааст, ки Чин метавонад фурӯши пинҳонии силоҳ ба Русияро оғоз кунад (ё аллакай оғоз кардааст), ҳарчанд ин то ҳол расман тасдиқ нашудааст.

Дар натиҷа, менависад ВВС, муносибатҳои байни Ғарб ва Чин давоми чанд соли охир мунтазам бад мешаванд. Дар ин шароит президент Макрон кӯшиш кард, ки ба сифати сулҳсоз ва миёнарав байни тарафҳо амал кунад, то аз авҷ гирифтани муноқиша дар атрофи Украина пешгирӣ шавад.

Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар Пекин ӯ аз Си Ҷинпин, раҳбари Чин даъват кард, то аз нуфузи худ ба президенти Русия Владимир Путин барои анҷоми ҷанг дар Украина истифода кунад.

Аз ин рӯ, ба Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин муҳим буд, ки Чинро мутақоид созад, то ки ба Маскав дар анҷоми амалиёти низомӣ дар Украина -  хоҳ дар шакли интиқоли мустақими силоҳ ё ёрӣ дар канорагирӣ аз таҳримҳои байналмилалӣ кумак накунад.

Ба иттилои ВВС, дар муқоиса бо Макрон, ки кӯшиш кард, ки ҳангоми сафар як оҳанги мулоими гуфтор ва оштиро нигоҳ дорад, аз ҷониби фон дер Ляйен алайҳи Чин изҳороти шадидтар дод.

Аммо, ба эътиқоди умумӣ, сафари Макрон бебарор буд. Бино ба гузориши РИА Новости бо истинод ба расонаҳои фаронсавӣ, Си Ҷинпин танҳо бо "ибораҳои умумӣ" дар бораи қобили қабул набудани истифодаи силоҳи кимиёвӣ ва ҳастаӣ маҳдуд шуда,  музокирот бо Владимир Зеленский ба гуфтаи ӯ, "танҳо вақте сурат мегирад, ки ҳама шароит фароҳам оварда шавад”.

Гузашта аз ин, зимни суханронии Макрон роҳбари Чин Си Ҷинпин нороҳатии худро аз зикри Украина пинҳон намедошт.
Си Ҷинпин ва Макрон
Сурат: FBM.ru

Дар натиҷа, менависад ВВС, матбуоти ғарбӣ натоиҷи боздиди Макронро дар замоне, ки дурнамои сулҳ дар Украина бештар ба бунбаст мерасад, як”ҳушёршавӣ”-е номид.

Имрӯз муносибати байни Чин ва “Ғарби дастҷамъӣ” низ дар чунин бунбаст қарор дорад.

Пекин воқеан аз мавқеъи Маскав, ҳадди ақалл дар мавриди роҳҳои ҳалли бӯҳрони Украина, пуштибонӣ мекунад. Дар баробари ин, Чин бинобар вобастагӣ ба иқтисоди Ғарб, ки қариб сеяки содироти Чинро ташкил медиҳад, ба муқобилияти ошкоро бо Ғарб роҳ дода наметавонад.

Барои кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон низ, афзоиши мухолифат миёни қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ мусоид нест.

Дар ин шароит кишварҳои Осиёи Марказӣ талош доранд, ки аз муноқишаи Русияву Украина худро дар масофае нигоҳ доранду ҳам бо Ғарб ва ҳам бо Маскаву Пекин равобити хуб дошта бошанд. Аммо ин ихтилоф ҳар қадар тӯл кашад, иҷрои ин кор, махсусан дар соҳаи иқтисод ва молия ҳамон қадар мушкилтар мешавад.   

Доналд Трамп – ҳабс барои “истифодаи ғайримақсаднок”

Ба навиштаи РБК боз як хабари муҳим дар расонаҳои ҷаҳонӣ боздошти Доналд Трамп, президенти пешини ИМА буд, ки ҳанӯз қабл аз эъломи иттиҳоми расмӣ дар додгоҳ боздошт шуда буд. Баъдтар ӯ бо шарти маҳдуд кардани суханронии оммавӣ бо гарав озод карда шуд.

Тавре ки нашрияи Сurrent Time хабар медиҳад, ба собиқ президент метавонанд аз рӯи беш аз 30 банд, дар навбати аввал, нақзи қоидаҳои маблағгузорӣ ба маъракаи пешазинтихоботӣ айбнома пешниҳод кунанд.

Даналд Трамп
Сурат: АР

Соли 2016 ӯ ба ҳунарпешаи порнографӣ Сторми Дэниэлс 130 ҳазор доллар пардохт кард, то дар бораи муносибаташон хомӯш бошад, ки ин ҷиноят ҳисобида намешавад. Аммо ин пул аз фонди таблиғоти Трамп ҷуброн карда шуд, ки додгоҳ аллакай онро "истифодаи ғайриқонунии маблағ", яъне ҷиноят эътироф карда метавонад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рӯйдод бо сабабҳои зайл вобаста аст: аввалан, боздошт ва эълони иттиҳом алайҳи Трамп нахустин парвандаи таъқиби ҷиноии президенти ИМА дар 150 соли ахир аст.

Худи ин ҳам метавонад як мисоли бесобиқаи қонунӣ шавад, агар Трамп тавонад дар интихобот пирӯз шавад, дар ҳоле ки таҳти тафтишот боқӣ мемонад.

Сониян, Доналд Трамп яке аз довталабони асосӣ дар интихоботи навбатии президентии ИМА мебошад, ки дар соли 2024 таъин шудааст. Бар асоси назарсанҷиҳои ахир, бахши қобили мулоҳизаи ҷумҳурихоҳон (ҳадди ақал сеяки онҳо) ҳатто бо вуҷуди боздошт ва нияти мақомот барои эълони иттиҳом алайҳи ӯ дар додгоҳ, омодаанд, ки аз номзадии Трамп ҳимоят кунанд.

Ғайр аз ин, Доналд Трамп яке аз сиёсатмадорони зидду нақиз ва баҳсбарангези Амрикост, ки ҳам ҷонибдорони самимӣ ва ҳам мухолифони ашаддӣ дорад.

Аз ин рӯ, бисёриҳо ҳарос доранд, ки интихоби Трамп метавонад боиси тафриқа ва бархӯрди бештар дар ҷомеаи Амрико шавад.

Сурат аз Телеграм-канали rtvimain

Чаҳорум, рақибон ва мунаққидони сиёсатмадор аз он метарсанд, ки интихоб шудани ӯ метавонад ба тағйирот дар сиёсати хориҷӣ ва дохилии Амрико, пеш аз ҳама, нисбат ба Чин ва кишварҳои ҷаҳони саввум боис гардад.

Таври маълум, Доналд Трамп ҷонибдори азнавсозӣ ё худ решоринг (баргардонидани истеҳсолоти саноатӣ, молия ва хидматрасонӣ аз Чин ва Осиёи Ҷанубӣ ба ИМА) мебошад, ки дар натиҷа дар давраи президентии ӯ аввалин мушкилоти ҷиддии муносибатҳои ИМА ва Чинро ба вуҷуд овард.

Доналд Трамп аз "иқтисоди сабз" ва аз сиёсати мақомоти ИМА дар мавриди ҷанги Русияву Украина интиқод мекунад ва ҷонибдори коҳиши хароҷоти сиёсати хориҷӣ, кӯмак ба кишварҳои сеюм ва ғайра мебошад.

Хуруҷи неруҳои ИМА аз Афғонистон
Сурат аз торнамои ruposters.ru

Трамп бахусус дар ҷаҳони араб ва ислом маъруф нест; маҳз дар замони ҳукмронии ӯ ИМА неруҳои худро аз хоки Афгонистон ба чунин тарзи ноуҳдабароёна ва шитобкорона бароварданд, ки Толибон тавонистанд ҳокимиятро дар ин кишвар ба осонӣ ба даст оранд.

Осиёи Марказӣ - нишаст ва вохӯриҳо

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи расонаҳо ва ҷомеаи коршиносонро сафари дурӯзаи раиси ҷумҳури Озарбойҷон ба Тоҷикистон ба худ ҷалб кард; илова бар ин, аз сафари барномарезишуда, вале ҳанӯз анҷомнашудаи президенти Туркманистон ба Душанбе хабар дода шуд.

Чунин афзудани фаъолмандии дипломатӣ дар сатҳи олӣ ба эҳтимоли зиёд ба рӯйдодҳои сиёсии имрӯза дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар марбут аст.

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Озарбойҷон
Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат

Пеш аз ҳама, низоъ дар Украина вазъи корҳоро дар фазои пасошӯравӣ ба таври умда тағйир дода, аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тақозо мекунад, ки бештар иртибот дошта бошанд ва мавқеъу арзёбиҳои худро бо ҳамдигар ҳамоҳанг кунанд, стратегияҳо, қадамҳо ва тасмимҳои худро муқоиса кунанд.

Тавре ки нашрияи Спутник менависад, далели расмии баргузории нишастҳо дар Душанбе таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва баргузории ҳамоишҳои муштараки сармоягузорӣ унвон мешавад.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи сафари президенти Озарбойҷон 14 созишномаи ҳамкорӣ, сар аз иктишофи маъданҳо то таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои фарҳангу маориф ба имзо расид.

Ғайр аз ин, тибқи фарзияи Спутник,  дар Душанбе ҳамчунин метавонанд имконоти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони кишварҳои туркӣ (СКТ), ки дар он ҳам Ашқобод ва ҳам Боку нақши фаъол доранд, баррасӣ шаванд.

Тавре ки “Независимая газета” бо истинод ба манбаъҳои расмӣ менависад, дар минтақа барои густариши ҳамкориҳо дар дигар бахшҳо, аз қабили ҳамлу нақли бор, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи долонҳои нави нақлиётӣ машварату гуфтушунидҳо идома доранд.

Сурат: uznews.l-b.uz

Ин ҷо пеш аз ҳама, дар бораи истифодаи имкони долони нақлиётии ба истилоҳ Транс-Хазар (ё Миёна, тавре дар Пекин номида мешавад) сухан меравад, ки барои пайваст кардани Чин, Осиёи Марказӣ вакишварҳои назди Қафқози Ҷанубӣ (Озарбойҷон ва минбаъд Туркия) пешбинӣ шудааст.

То ба наздикӣ аксари молҳо ба Аврупо ва бозгашт ба Осиёи Марказӣ ва Чин аз қаламрави Русия мерафт, ки барои кишварҳои минтақа хеле мувофиқ буд. Лекин ҷанг дар Украина тамоми созишро ба куллӣ тағйир дод - ҳоло дар шароити нави зиддиятҳои афзоянда байни Русия ва Ғарб, қаламрави Русия барои транзит ба Аврупо ва бозгашт баста аст.

Аз ин рӯ, аврупоиҳо ният доранд, ки дар оянда бештари гардиши молро бо кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва Чин тавассути долони нақлиётии Транс-Хазар, яъне аз канори Русия интиқол диҳанд.

Ин як вазъияти нав барои кишварҳои минтақа ва назди Қафқоз аст, ки эҳтимолан ба онҳо манфиатҳои зиёди иқтисодӣ меорад, зеро онҳо дар роҳи транзит аз Чин ба Аврупо ҷойгиранд - ба ин васила роҳи нави Абрешим дар минтақа воқеан эҳё мешавад.

Пайвастшавӣ ба долони Транс-Хазар (Миёна) дар оянда барои ҳамаи кишварҳои имконпазири узв судманд аст.

Аз ҷумла, барои Тоҷикистон ба ин васила дастрасии мустақим ва алтернативӣ ба Аврупо фароҳам хоҳад шуд. Барои иштирокчиёни дигар, пайвастани Тоҷикистон ба долони нақлиётии Транс-Хазар маънои дастрасии мустақим ба бозорҳои Осиёи Ҷанубиро хоҳад дошт.

Қобили зикр аст, ки айни замон тарҳи ифтитоҳи долони нақлиётии Вахон (гарданаи танги қаламрави Афғонистон байни Тоҷикистону Покистон), ки минтақаи Осиёи Марказии пасошӯравиро мустақиман бо вилоятҳои шимолии Покистон мепайвандад, баррасӣ мешавад.

Дар оянда ин транзити молҳо ба бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки бидуни қаламрави Афғонистони доимо ноустувор мегузарад.

“Независимая газета” аз эҳтимол дур намедонад, ки сафари президенти Туркманистон низ шояд ба зарурати ҳамоҳангсозии мавқеъҳо пеш аз нишасти муҳими Чину Осиёи Марказӣ дар моҳи май вобаста бошад.

Тахмин меравад, ки дар ин форум ҷониби Чин ба кишварҳои минтақа формати комилан нави муносибатҳоро пешниҳод хоҳад кард - эҳтимолан, аллакай бидуни ширкати мустақими Русия.

Ин формат чӣ гуна хоҳад буд, то ҳол рӯшан нест, аммо ҳамоҳангсозии фаъол ҳам дар худи минтақа ва чӣ берун аз ҳудуди он аллакай оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.