Дар ҳуҷҷатҳои Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА) ва хадамоти иктишофии ин кишвар, ки дастраси умум гаштанд, санаи эҳтимолии ҳамла (ё ҳамлаи ҷавобӣ - тибқи маълумоти рӯзноманигорон, ҳарду вариант вомехӯрад)-и артиши Украина 30 апрели соли 2023 зикр шудааст, менависад Медуза.

Пентагон ва хадамоти иктишоф ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар ҳамла истифодаи 9 бригада пешбинӣ мешавад. Талаботи он ба техника аз иттифоқчиёни Украина 253 танк, 381 мошини механиконидашуда, 480 мошини дорои муҳаррик (моторишуда), 147 силоҳи артиллерӣ, инчунин 571 автомобили махсуси зиреҳпӯши Humvee арзёбӣ шуд, менависад газетаи Newsweek.

Ҳамчунин аз ҳуҷҷатҳо метавон ба хулоса расид, ки иттифоқчиёни Украина бевосита дар омодасозии низомиёни украинӣ ба ҳамла иштирок мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки таълиму омӯзиши ҷангиён қатъиян дар берун аз ҳудуди Украина гузаронида мешавад.

Ҳоло маълум нест, ки бар асари ифшои ҳуҷҷатҳои махфӣ нақшаҳои Украина тағйир ёфтанд ё не.

Қаблан сардори Сарраёсати иктишофи Вазорати мудофиаи Украина Кирилл Буданов дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони амрикоии ABC News изҳор дошт, ки ифшои маълумот ба “натиҷаҳои воқеии амалиёти ҳамла” ба ҳеҷ ваҷҳ таъсир намерасонад.

Аслӣ будани ҳуҷҷатҳое, ки рӯзноманигоро меомӯзанд, тасдиқ нашудааст. Коршиносон зикр мекунанд, ки ҳуҷҷатҳои ифшогардида ҳадди ақалл қисман мавриди таҳрир қарор гирифтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.