Ин нишаст рӯзи душанбеи 24-уми апрел аз сӯи Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии Австрия дар Вена, пойтахти ин кишвар баргузор шуд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.

Нахустин нишасти зидди Толибон*, ки се рӯз идома кард, сентябри соли гузашта аз сӯи ин Пажӯҳишгоҳи байнулмилалӣ баргузор шуда буд.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Рангин Додфар Спанто, собиқ вазири корҳои хориҷӣ ва мушовири амнияти миллӣ, Фавзия Кофӣ, собиқ узви Маҷлиси намояндагон аз ширкаткунандагони аршади ин нишаст ҳастанд.

Эҷоди ҳамоҳангӣ ва эътимод миёни ҷиноҳҳои мухолифи Толибон ва густариши муқовимат алайҳи ин гурӯҳ, яке аз меҳварҳои аслии ин нишаст гуфта мешавад.

Дар миёни 41 ширкаткунандаи нишасти Вена Салоҳиддини Раббонӣ, раҳбари яке аз шохаҳои Ҷамъияти Исломӣ, Залми Расул, собиқ вазири умури хориҷӣ, Масъуди Андаробӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохилии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва Раҳматуллоҳ Набил, раиси Амнияти миллии ҳукумати қаблӣ дар ин нишаст иштирок накардаанд.

Раҳматуллоҳ Набил яке аз чеҳраҳои даъватшуда ба ин нишаст гуфтааст, ки бар асоси тарҳҳои қаблан тарҳрезишуда ӯ наметавонад дар нишасти дуввуми Вена ширкат кунад.

Дар ин нишаст, теъдоде аз фаъолони сиёсӣ, масъулони ҳукумати қаблӣ, вакилони порлумони собиқ, хабарнигорон ва фаъолони шаҳрвандӣ низ ширкат доштанд.

Ин нишаст аз 24 то 26-уми апрел идома хоҳад кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.