Шарҳи рӯйдодҳои асосии байнулмилалии ҳафтаи сипаришуда, ки ба минтақаи Осиёи Марказӣ дахл доранд - аз моҷароҳои дипломатӣ то мушкили муҳоҷирати корӣ ва шаҳрвандӣ.

«Соҳибистиқлолии бесамар» - фикр накард, ки чӣ гуфт ё чизе гуфт, ки дар фикр дошт?

Пурсарусадотарин моҷарои дипломатии ҳафтаи гузашта изҳороти Лу Шай, сафири Чин дар Фаронса буд, ки дар як мусоҳибаи ӯ ба шабакаи телевизионии фаронсавии LCI изҳор шуд.

Тавре ки Радиои Озодӣ бо истинод ба шабакаи LCI хабар медиҳад, зимни мусоҳиба, ки сафир маҷбур буд ба чанде аз саволҳои тунд дар бораи моликияти кӣ будани Қрим посух бидиҳад, ӯ ногаҳон изҳор намуд, ки "кишварҳои баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) зуҳуркарда “бар асоси қонунҳои байналмилалӣ мақоми амалие надоранд, чунки ҳеҷ созиши байналмилалие вуҷуд надорад, ки мақоми мустақили ин кишварҳоро тасдиқ кунад”.

Лу Шай

Ба ибораи дигар, як дипломати воломақоми чинӣ амалан ба ҳуқуқи давлатдории ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ ошкоро шубҳа кард, зеро пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ гӯё бо шартномаи дахлдори байналмилалӣ ба расмият дароварда нашудааст.

Агар аз ин мантиқ назар кунем, ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ҳаққи соҳибихтиёрӣ надоранд ва набояд узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисобида шаванд. Ба ибораи дигар, кишварҳои пасошӯравӣ умуман субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ нестанд, ки бояд мақоми соҳибихтиёрии онҳоро ҳифз кунад.

Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки изҳороти дипломати баландпояи Чин дар ҷаҳон ва бахусус дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ вокуниши зиёд ба бор овард.

Ба гузориши ВВС, кишварҳои соҳили Балтик ва Украина эътироз карда, аз сафирони Чин дар Литва, Латвия ва Эстония дархост шуд, ки ин суханони Лу Шайро шарҳ диҳанд. Кишварҳои Балтик низ аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) хостанд, ки вазъро ҷиддӣ бигирад ва дар нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳод, ки рӯзи душанбе баргузор шуд, онро баррасӣ кунад.

Аммо моҳияти нигаронии умумиро Ҷозеп Боррелл, раҳбари дипломатияи ИА аз ҳама хубтар шарҳ дода, изҳори умедворӣ кард, ки суханони Лу Шай мавқеи мақомоти Чинро инъикос намекунад.

Воқеан, имрӯз Чин яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аст ва чунин муносибат нисбат ба соҳибихтиёрии ҳамсоягонаш ҳам барои онҳо ва ҳам барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аломати нигаронкунанда хоҳад буд.

Аз як тараф, сафорати Чин дар Париж қариб дарҳол пас аз оғози ҷанҷол изҳор дошт, ки сафир андешаи шахсии худро баён кардааст ва Чин ба истиқлолияти кишварҳои пасошӯравӣ эҳтиром мегузорад.

Аз сӯйи дигар, Лу Шай як дипломати воломақом аст ва мансаби сафир дар Фаронса аз мақомҳои калидии дипломатӣ маҳсуб меёбад. Ин маънои онро дорад, ки воқеан ҳар як изҳороти ӯ аз лиҳози мансаби доштааш баррасӣ мешавад - бахусус, барои он, ки ӯ маҳз ҳамчун шахси расмӣ мусоҳиба додааст.

Ва ҳатто агар ӯ андешаи шахсии худро гуфта бошад ҳам, хоҳ-нохоҳ саволе ба миён меояд: он то куҷо дар Вазорати корҳои хориҷии Чин ва умуман роҳбарияти ин кишвар қобили қабул аст?

Ин масъала махсусан барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст, ки имрӯзҳо бештар ба доираи манфиатҳои афзояндаи геополитикӣ ва иқтисодии Чин шомил мешаванд. Гузашта аз ин, изҳороти Лю Шай дар остонаи нишасти қарибулвуқӯъи 5+1 (панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба иловаи Чин) садо дод, ки ба иттилои Азыттык, як платформаи нави рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Русия ба муқовимат бо Ғарб хеле банд буда, барои нигоҳ доштани кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаи нуфузи худ захираҳои кофӣ надорад; Ғарб ба густариши минбаъдаи мавқеи худ дар ин минтака начандон манфиатдор аст; дар ин замина, Чин ба ҳар гунае ҳамчун як бозигари пешбари геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ ба майдон мебарояд.

Бинобар ин, дар ин вазъият масъалаи муносибати ҳақиқӣ ва нақшаҳои стратегии Чин нисбат ба ҷумҳуриҳои собиқи Иттиходи Шуравӣ, инчунин тайёр будани он ба эҳтироми ҳуқуқи истиқлолият ва соҳибихтиёрии онҳо аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

«Ҳафтгонаи Бузург»: тартиботи ҷаҳонӣ зери хатар аст?

Рӯзи 17 апрел вазирони хориҷаи кишварҳои G7, ки ба он Олмон, Фаронса, Италия, ИМА, Британияи Кабир, Канада ва Ҷопон шомиланд, дар як гирдиҳамоии серӯза дар Ҷопон гирдиҳам омаданд. Ёдрас мекунем, ки Ҳафтгонаи бузург («Гурӯҳи ҳафт», G7) як маҳфили ғайрирасмии байналмилалист, ки Британияи Кабир, Олмон, Италия, Канада, Фаронса, Ҷопон ва ИМА, яъне кишварҳои аз ҷиҳати технологӣ ва иқтисодӣ аз ҳамаи пешрафтаро муттаҳид мекунад.

Хаяси Ёсимаса (аз чап), вазири корҳои хориҷии Ҷопон дар вохӯрии вазирони умури хориҷии G7
Сурат: Soeren Stache/dpa/TASS

Аз соли 1997 Русия ба G-7 пайваст, ки баъд аз он иттиҳодия номи “Ҳаштгонаи бузург”-ро гирифт. Аммо дар моҳи марти соли 2014, баъд аз ишғоли Қрим, кишварҳои ғарбӣ дубора ба формати G7, яъне бидуни ҳузури Русия баргаштанд.

Ин дафъа мавзӯи аслии баҳс мушкили ҳифзи тартиботи ҷаҳонӣ буд, ки ба гуфтаи иштирокчиёни ҳамоиш, ба далели ҷанг дар Украина ва афзоиши ташаннуҷ дар атрофи Тайван зери хатар қарор дорад.

Ба навиштаи нашрияи олмонии Frankfurter Allgemeine, намояндагони кишварҳои G7 бо назардошти пеш аз ҳама Русия ва Чин, ҳушдор додаанд, ки аз ҳар гуна кӯшиши тағйири низоми байналмиллалӣ бо зӯр пешгирӣ шавад.

Дар мулоқот аҳаммияти сулҳу субот дар гулӯгоҳи Тайван тасдиқ шуда, аз вазъи баҳри Чини Шарқӣ ва Чини Ҷанубӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба Шинҷону Тибет изҳори нигаронӣ карда шуд.

Вазири хориҷаи Ҷопон дар ин робита гуфт: "Мо ҳама гуна кӯшиши якҷониба бо роҳи зӯрӣ тағйир додани вазъи мавҷударо рад хоҳем кард". Ба навиштаи ин нашрия, Чин саъй дорад мавқеъи қудрати худро дар минтақа, аз ҷумла аз лиҳози иқтидори ҳарбӣ густариш диҳад.

Дар фаҳмиши ҷомеаи ҷаҳонӣ «тартиботи ҷаҳонӣ»-и муосир ба ду принсипи асосӣ асос ёфтааст.

Якум, дар асоси принсипи дахлнопазирии сарҳадҳои байнидавлатӣ, ки баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ муқаррар карда шудаанд.

Аз ин нуқтаи назар, бозбинии сарҳадҳои муқарраршуда ва эътирофшудаи байналмилалӣ ғайри қобили қабул дониста мешавад, зеро он ҳатман боиси ҷангу низоъҳои нав хоҳад шуд.

Дуюм, аз рӯи принсипи баробарӣ дар назди ҳуқуқи байнулмилалӣ, ки ба кишварҳо бо назардошти таҳриму инзиво имкон намедиҳад, ки ба ҳамсояҳои заифтар ҳамла кунанд ва онҳоро забт кунанд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳод ва таъсиси ИА дар ҷаҳони Ғарб эътиқоди умумӣ вуҷуд дошт, ки минбаъд қитъаи Аврупо аз низоъҳо озод хоҳад буд ва низоъҳои бузурги сермиллат паси сар шуданд.

Ин ба «демилитаризатсия (ғайринизомӣ кардан)-и Аврупо дар солҳои 1990 ва 2000-ум оварда расонд, вақте ки аксарияти кишварҳои узви ИА хароҷоти низомии худро пайваста кам мекарданд.

Аз ин лиҳоз, кишварҳои G7 ҷанги Украина ва сиёсати Чин дар нисбати Тайванро маҳз кӯшиши бознигарии марзҳо медонанд, ки тартиботи муқарраршудаи ҷаҳониро зери хатар мегузорад.

Купянск
Сурат: Stringer

Аз рӯи ин мантиқ, агар имрӯз ба Русия иҷоза дода шавад, ки Украинаро бидуни ҷазо ишғол ва нобуд созад, пас пагоҳ Чин бо Тайван ҳамин тавр рафтор мекунад ва рӯзи дигар боз ҳар давлати сеюм ҳақ хоҳад дошт, ки бо ҳамсояҳо ё рақибони заифтараш чунин муносибатро раво донад - он гоҳ тамоми тартибот ва суботи ҷаҳонӣ аз байн меравад.

Чунин вокуниши якдилонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамлаи Русия ба Украина, чунин миқёси таҳримҳои зидди Русия ва чунин гуфтаву изҳороти шадид дар робита ба мушкили Тайван аз ҳаминҷост.

Дар ин робита, нишасти Ҷопон бори дигар бояд "азми қатъии кишварҳои G7-ро барои нигоҳ доштани тартиботи байналмилалӣ бар асоси волоияти қонун" нишон медод.

Дар ҳамин ҳол, Чин ва Русия ҳар кадом ба ин нишаст ба таври худ посух доданд: Флоти Уқёнуси Ором, ба навиштаи DW, дар ҳамин вақт дар наздикии соҳилҳои Ҷопон машқҳои густарда анҷом медод.

Дар робита ба Чин, Ван Венбин, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин гуфт, ки "вохӯрии вазирони хориҷаи G7 ба корҳои дохилии Чин дағалона дахолат карда, Чинро бадқасдона тӯҳмат ва бадном кардааст" ва "баёния худбинӣ, таассуб ва хоҳиши барқасдонаи муҳосира ва боздошти Чинро аз ҷониби ин гурӯҳ инъикос мекунад”, зикр мешавад дар сомонаи сафорати Чин дар Қазоқистон.

Русия: қонуни нав дар бораи шаҳрвандӣ

Ба иттилои “Коммерсант”, ҳафтаи гузашта Думаи давлатии Русия қонуни нав "Дар бораи шаҳрвандӣ"-ро қабул кард. Лоиҳаи қонун ҳанӯз моҳи декабри соли 2021 аз ҷониби Владимир Путин пешниҳод шуда буд; баъдтар бо ташаббуси худи ӯ ба матни қонун дар бораи шартҳои маҳрум кардан аз шаҳрвандии гирифташуда, яъне барои бадном кардани Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, фирор, даъватҳо ба тахриби тамомияти арзии Русия ва экстремизм тағйирот ворид шуд.

Шиносномаи Русия. Акси марбута
Сурат аз торнамои newsua.ru

Қонуни нав, аз як тараф, тартиби гирифтани шаҳрвандиро барои категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон, масалан, шаҳрвандони собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ содда кард. Яъне, агар хешовандонатон дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ мекарданд ва шумо ба Русия мекӯчед, гирифтани шиносномаи Русия бароятон осонтар мешавад.

Гирифтани шаҳрвандӣ барои онҳое, ки дар сафи артиши Русия хидмат кардаанд, боз ҳам соддатару осонтар мешавад.

Аз тарафи дигар, тибқи қонуни нав, аз даст додани шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама барои категорияи ба истилоҳ “шаҳрвандони нав” ё “русҳои табиӣ”, ки шаҳрвандиро на бо ҳуқуқи модарзодӣ гирифтаанд, низ хеле осонтар шудааст.

Барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё дидаю дониста маълумоти бардурӯғ додан аз шаҳрвандӣ маҳрум карда метавонанд.

Илова бар ин, дар матни қонун боз 11 сабаби маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ, аз ҷумла фаъолиятҳои сиёсӣ ё ҷиноятӣ, аз бадном кардани артиш то ҷиноятҳо дар соҳаи қочоқи маводи мухаддир ворид карда шудааст.

Тавре Радиои Озодӣ менависад, дар қонуни нав асосҳои маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ (масалан, ба далели «таҳдид ба амнияти миллӣ») хеле васеъ ифода шудааст, ки барои суистифодаи эҳтимолӣ ҷойгоҳи зиёд мегузорад.

Аз ин рӯ, ба навиштаи нашрия, қонуни навро метавон нисбат ба ҳар нафаре, ки шаҳрвандӣ гирифтааст, истифода бурд. Аз ҷумла, тибқи ин тағйирот, шаҳрвандии гирифташуда метавонад "барои фирор ва маълумоти бардурӯғ” (фейк) бозхонд карда шавад. Агар сабаби аввал каму беш фаҳмо бошад, пас дар мавриди дуюм ҳама гуна мафҳумро метавон зери истилоҳи "маълумоти бардурӯғ" ҷойгир кард.

Ҳама гуна навиштаи интернетиро метавон мавриди баҳс қарор дод ва ҳамчун “маълумоти бардурӯғ” унвон кард, ки баҳонае барои фавран маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ хоҳад шуд.

Ба ин тариқ, қонуни нав байни шахсоне, ки бо таваллуд шаҳрвандӣ гирифтаанд ва шиносномаи дигар надоранд ва ба истилоҳ “шаҳрвандони нав”, аз ҷумла дорандагони душаҳрвандӣ ба таври ғайримустақим сарҳади дақиқро муайян мекунад.

Агар нисбати аввалиҳо тибқи Конститутсияи Русия, маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ воқеан ғайриимкон бошад, пас дар робита ба "шаҳрвандони нав" ҳама чиз хеле соддатар ба назар мерасад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносони Радиои Озодӣ, «онҳое, ки шаҳрвандӣ гирифтаанд, аз нигоҳи мақомот бояд содиқтар бошанд, то шаҳрвандии худро аз даст надиҳанд. Ин қонун маҳз барои ҳамин аст”. Ҳамин тариқ, амалан ҳар кадоме аз «шаҳрвандони нав» метавонад дар сурати ҷиддӣ вайрон кардани қонун ё садоқати сиёсии нокофӣ аз шаҳрвандии нав гирифташуда маҳрум карда шавад.

Қазоқистон - мавҷи нави муҳоҷират?

Қазоқистон барои ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид бо Чин омодагӣ мегирад; ба иттилои Cursive.media, матни лоиҳаи созишнома дар портали «Открытые НПА» нашр шуда, дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Гузаргоҳи марзии Ҷеминай байну ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин ва Қазоқистон
Сурат аз ҷониби шунавандаи RFA пешниҳод шуд

Имзои созишнома моҳи майи соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари Мурат Нуртлеу, вазири умури хориҷии Қазоқистон ба Чин, дар чаҳорчӯби сафари давлатии президенти Қазоқистон сурат мегирад. Созишнома ба муҳлати номуайян баста мешавад.

Пешбинӣ мешавад, ки шаҳрвандони Қазоқистон аз лаҳзаи убури марзи давлатӣ 30 рӯз бидуни раводид дар Чин монда метавонанд. Қоидаҳои ба ин монанд нисбати шаҳрвандони Чин, ки ба Қазоқистон меоянд, низ мавриди амал қарор мегиранд.

Тибқи ин қарор, шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки дорои шиносномаҳои хориҷианду ба кишвари ҳамсоя бо мақсади сайёҳӣ, табобат, транзит, мулоқотҳои корӣ ба муддати на бештар аз 30 рӯз ворид мешаванд, аз гирифтани раводид озод карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар муддати давраи 180-рӯза дар кишвари дигар метавон бидуни раводид 90 рӯз ҳузур дошт.

Пеш аз ин, дар моҳи июли соли гузашта Қазоқистон аллакай барои шаҳрвандони Чин, Ҳинд ва Эрон ба муддати 14 рӯз низоми бидуни раводид ҷорӣ карда буд, ҳоло он барои шаҳрвандони Чин ду баробар зиёд карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи нашрияи мухолифи интернетии БЭСЭ, ин дафъа тасмим дар бораи тамдиди реҷаи бидуни раводид бо Чин боиси баҳси гарме дар ҷомеа ва эътирозҳо, асосан дар манотиқи марзии шарқии ин кишвар шуд.

Дар шабакаи you-tube аз амалҳои эътирозӣ наворҳо нашр шудаанд. Иштирокчиёни он иддао доранд, ки сафари бидуни раводид бо Чин метавонад ба мавҷи беназорати муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Чин боис гардад. Илова бар ин, тазоҳургарон бо назардошти мавҷи ҷадиди саркашӣ аз сафарбарии баҳорӣ, бастани марзҳо бо Русияро тақозо мекунанд.

Сурат аз торнамои donbasstoday.ru

Аммо мақомоти Қазоқистон иддао доранд, ки реҷаи 14-рӯзаи бидуни раводид, ки аз соли гузашта ҷорӣ аст, боиси афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони Чин ба ин кишвар нашудааст. Илова бар ин, ба навиштаи Forbes.kz, мақомоти Қазоқистон, ки дар моҳи сентябри соли 2022 бо мавҷи муҳоҷират рӯбарӯ шуда буданд, барои маҳдуд кардани муҳоҷират аз хориҷ як қатор тадбирҳо андешидаанд. Аз ҷумла, реҷаи "визаран" бекор карда шуд - акнун шумо наметавонед ба кишвари дигар раведу бозпас баргардед ва дар Қазоқистон оромона зиндагӣ карданро идома диҳед.

Ғайр аз ин, барои дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) дар Қазоқистон акнун шаҳрванди хориҷиро лозим аст, ки натанҳо шартномаи корӣ, балки дархости корфарморо низ бояд дошта бошад ва ин ҳам як навъ монеа аст.

Таҷрибаи Қазоқистон нишон медиҳад, ки мушкили муҳоҷират ҳам барои минтақа, ҳам барои кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон (ба мисли Қазоқистону Русия) ва ҳам барои кишварҳое, ки манбаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ҳоло ҳам нисбатан дардовар аст.

Мувофиқи назарсанҷиҳои иҷтимоӣ, ҳар дуюмин қазоқистонӣ аз ин ё он ҷиҳат аз ин падида ҳарос дорад ва ҳар сеюми онҳо таъсири муҳоҷирати оммавӣ ба иқтисоди кишварро хатарнок мешуморанд.

Аз ин рӯ, бозори меҳнати Қазоқистон, ки айни замон ҳудуди 10%-и муҳоҷирони кории тоҷик дар он машғули коранд, оянда мисли пештара боз ва дастрас нахоҳад буд - монеаҳои маъмурӣ бештар ҷорӣ шуда, бинобар буҳрон шумори ҷойҳои кории холӣ барои муҳоҷирони хориҷӣ кам мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.