Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба Кремл парвандаи ҷиноӣ боз кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти департамент РБК.

Бо дастури Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотӣ бо моддаи 205-и Кодекси ҷиноӣ (амали террористӣ) “дар робита ба кӯшиши низоми Киев барои зарба задан ба ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қароргоҳи президенти Русия дар Кремл" парванда боз гардидааст.

Украина иддаои Русияро рад карда, мегӯяд ба Кремл ҳамла накардааст.

Дар гузориши Кумитаи тафтишотӣ гуфта мешавад, ки ду ҳавопаймои бесарнишин ба сӯи Кремл равона шуданд, аммо дар натиҷаи иқдомҳои саривақтии низомиён ва хадамоти махсус дастгоҳҳо аз кор монданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки нимаи дуюми рӯзи 3-юми май хадамоти матбуоти Кремл хабар дод, ки ду ҳавопаймои бесарнишини украинӣ мехостанд шабона ба қароргоҳи президент дар Кремл ҳамла кунанд. Дар он лаҳза Владимир Путин дар он ҷо набуд.

Дафтари матбуотӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки онҳо ин ҳодисаро як ҳамлаи террористӣ ва “сӯиқасд ба ҷони президенти Федератсияи Русия” арзёбӣ мекунанд. Дар паёми Кремл тавзеҳ дода шудааст, ки ҷониби Русия "ҳуқуқи андешидани чораҳои ҷавобиро дар мавқеъ ва вақте мувофиқ ҳаққи худ медонад".

Украина ҳама гуна даст доштан дар ҳамларо рад мекунад. Президент Владимир Зеленский гуфт, ки Киев барои дифоъ аз қаламравҳои худ силоҳ надорад ва аз ин рӯ, онро дар ҷои дигар истифода намекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.