Ҳафтаи сипаришуда аз рӯйдодҳои гуногуни сиёсӣ, изҳороти пурсарусадо, тасмимҳои муҳим ва нишастҳои сарони кишварҳо бой буд. Дар ин бора дар баррасии имрӯзаи мо аз рӯйдодҳои асосии геополитикии ҳафтаи гузашта.

 «Роҳпаймоии мусиқачиён»

Бешубҳа, ҳодисаи рақами як ошӯби ҳарбӣ буд, ки рӯзи 24-уми июн аз ҷониби воҳидҳои Ширкати хусусии ҳарбӣ (ШХҲ)-и Вагнер (онҳоро дар қиёс бо оҳангсози машҳури олмонӣ «мусиқачиён» низ меноманд) бо роҳбарии Евгений Пригожин (кайҳост, ки дар ВАО бо лақаби “ошпази Путин” маъурф аст) бар зидди мақомоти марказӣ бархост. Пригожин то ба наздикӣ шахси наздики Владимир Путин ҳисобида мешуд.

Евгений Пригожин
Кадр аз навори видео

Ба иттилои Радиои Озодӣ, шоми рӯзи ҷумъа Пригожин ғайриинтизор Вазорати дифои Русияро ба ҳамлаи ҳавоӣ ба воҳидҳои ШХҲ муттаҳам карда, ба хотири истеъфои маҷбурии раҳбарияти вазорати дифоъ, ки гӯиё дар Маскав дар паси ҳамла қарор дошт, “Марши адолат” эълон кард.

Ошӯби мусаллаҳонаи ШХҲ диққати тамоми аҳли чаҳонро ба худ ҷалб кард, ки ин тааҷҷубовар нест. Дарвоқеъ, ин аввалин шӯриши ҳарбӣ дар тамоми таърихи натанҳо Русияи пасошӯравӣ, балки Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) низ мебошад, ки охирин ҳодисаи ин навъ шӯриши маллоҳон дар соли 1921 дар Кронштадт буд.

Ғайр аз ин, исёни ҳарбӣ дар қаламрави як давлати ҳастаӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ин худ дар тамоми ҷаҳон нигарониро ба бор меорад. Шӯриш дар пасманзари амалиёти шадид дар Украина сурат гирифт, ки метавонад натанҳо ба ҷараёни ҷанг таъсир расонад, балки тавозуни қувваҳоро дар ҷабҳа ба таври куллӣ тағйир диҳад ва на ба нафъи Русия.

Ва ниҳоят, ҳодисаи чунин миқёс бешубҳа, ба ҳамоҳангии нерӯҳои сиёсӣ ва вазъ дар худи Русия ва аз ин рӯ, дар саросари ИДМ таъсир мерасонад.

Сурат аз торнамои battime.ru

Дар навбати аввал, сухан дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ меравад, ки иқтисоди онҳо мустақиман аз вазъи Русия вобаста аст.

То нимаи рӯзи шанбе ШХҲ Вагнер шаҳри Ростови лаби Дони аҳолиаш 1 млн нафар ва инчунин ҳадди ақал қисман шаҳри Воронежро, ки каме бештар аз 500 километр дуртар аз Маскав ҷойгир аст, тақрибан пурра таҳти назорат гирифт.

Илова бар ин, рӯзи шанбе хабар доданд, ки қаторҳои пеш дар роҳи Маскав ба вилояти Липетск расидаанд. Аммо аллакай бегоҳии хамон рӯз Евгений Пригожин гайричашмдошт эълон кард, ки аз «марши Москва» даст мекашад; Ба гузориши ВВС, дар паёми аудиоии худ ӯ гуфт, ки дар як рӯз онҳо 200 километрро тай карда, “ба Маскав нарасидаанд” ва ақиб баргаштанд. Ба гуфтаи ӯ, барои пешгирӣ аз хунрезӣ.

Пригожин дар ҷараёни "марш" бо муовини дифои Русия Юнус-Бек Евкуров ва муовини аввали сардори Ситоди генералӣ Владимир Алексеев мулоқот кард.
Сурат аз торнамои tverskaya13.ru

Аксари нозирон бар ин назаранд, ки сабаби аслии шӯриш нияти Вазорати дифои Русия барои барҳам додани ШХҲ-и Вагнер буд; худи Пригожин дар охирин паёми аудиоии худ инро тасдиқ кард. Ба навиштаи "Фонтанка", аввали моҳи июн вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу фармон содир кард, ки тибқи он, то 1 июл отрядҳои ихтиёрӣ бо вазорати дифоъ қарордод имзо мекунанд.

Пригожин ва одамони ӯ аз имзои шартномаҳо даст кашиданд, ки ин тааҷҷубовар нест, зеро ин дарвоқеъ маънои барҳам додани ШХҲ-ро ҳамчун сохтори мустақил дорад. Бинобар ин, дар ин сурат Пригожин ва атрофиёни ӯ назоратро аз болои ШХҲ комилан аз даст дода, тақдири ояндаи онҳо зери суол мемонд.

Ба ин тариқ, шӯриш ду рӯз давом кард - аммо то ҳол маълум нест, ки воқеаҳо минбаъд чӣ гуна сурат мегиранд. Рӯзи якшанбе Радиои Озодӣ гуфтаҳои сухангӯи Кремл Дмитрий Песковро пахш кард, ки имзои қарордодҳоро бо роҳбари ШХҲ “Вагнер” тасдиқ кард. Парвандаи ҷиноӣ оид ба шӯриши мусаллаҳона баста шуда, худи Пригожин, ба гуфтаи ӯ, "ба Беларус меравад".

Ба ҳар ҳол, Пригожин ва ШХҲ хатро гузаштанд ва ҳолати бесобиқаи ҷиддие ба вуҷуд оварданд, ки ба гумон аст онҳоро бубахшанд. Бесабаб нест, ки ба навиштаи “Ведомости”, Владимир Путин рӯзи шанбе дар як суханронии изтирории худ ин шӯришро аҳдшиканӣ ва хиёнат, “зарба аз пушт” номид.

Вай инчунин вазъи кунуниро бо соли 1917 муқоиса кард, ки Русия дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ширкат дошт ва аз кишвар "пирӯзиро дузида буданд”.

ШХҲ "Вагнер" шаҳри Ростови лаби Донро тарк кард
Сурат аз торнамои dzen.ru

Агар исён воқеан идомаи мусаллаҳона надошта бошад (дар шакли хуруҷҳои нави амалиёти ҷангӣ ё даргириҳо) ва тарафҳо воқеан ба як роҳи осоиштаи ниҳоии низоъ бирасанд, пас гумон аст, ки он ба шарикони Русия дар ИДМ ва СААД таъсир расонад.

Чизи дигар ин аст, ки агар муноқиша на тасодуфӣ, балки хусусияти доимӣ дошта бошад, он гоҳ истисно кардан мумкин нест, ки он дар ин ё он шакл такрор ёфта метавонад.

Ноустуворӣ ё ҳама гуна номуайянии сиёсӣ дар Русия, ба сифати иқтисоди пешқадами ИДМ, ҳатман ба кишварҳои атроф таъсир хоҳад расонд, масалан, дар шакли беқурбшавии рубл ё асъори миллӣ, коҳиши бозори меҳнат , ҳаҷми муомилоти мол ва ғайра.

Ба навиштаи нашрияи Медуза, пули русӣ дар як моҳи ахир аллакай башиддат беқурб мешавад: 10 май як доллар дар сатҳи 77 рубл муомила мешуд ва рӯзи 14 июн бошад, барои нахустин бор аз моҳи апрели соли 2022 қурб аз 85 рубл ( 1 доллар) боло рафт.

Ба гузориши “Ведомости”, пас аз нашри нахустин гузоришҳо дар бораи оғози шӯриши Вагнер, дар бархе аз нуқтаҳои бонкӣ нимаи дуввуми рӯзи 24 июн арзиши доллар аз 100 рубл гузашта, баъдан теъдоде аз бозигарон қурбро поин бурданд ва рубл ба мавқеи худ баргашт.

Аммо ба гуфтаи коршиносоне, ки нашрия бо онҳо мусоҳиба кардааст, вазъ вобаста ба рушди заминаи хабарӣ зуд тағйир меёбад - аз ин рӯ, агар вазъи сиёсӣ ниҳоят мӯътадил шавад, пас дар ин ҳафта қурби рубл ба мавқеъҳои қаблии худ бармегардад.

Ба ин тартиб, ноустувории қурби рубл ба вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русия, ки даромадашон бе ин ҳам дар як соли ахир алакай коҳиш ёфтааст, таъсири манфӣ мерасонад.

Муҳоҷирон
Сурат аз торнамои prichaganie.ru

Нишасти СААД

Рӯзи 20 июн дар Минск ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД баргузор шуд. Рӯзи кории вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аз мулоқот бо Александр Лукашенко, раҳбари Беларус оғоз шуд.

Бино ба гузориши Ura.news, ин ҳодиса чанде пас аз даъватҳои оммавии Лукашенко ба тағйири оинномаи созмон сурат гирифт, зеро он дар соли 2016 қабул шуда, аз он замон аҳаммияти худро гум кардаву рӯзмарра нест.

Ин дафъа Лукашенко бар зарурати ислоҳоти СААД таъкид дошта, аммо тарҳи мушаххаси ислоҳотро пешниҳод накард.

Дар ҳамин ҳол, ба назари ӯ, ба ақидаи ҷониби Беларус ба унвони раиси феълии СААД, "имрӯз муҳимтарин самт ҳалли бӯҳронҳо дар минтақаи созмон аст". Ба ибораи дигар, шояд дар бораи тавсеаи минбаъдаи вазифаҳои СААД на танҳо барои рафъи таҳдиди беруна, балки барои пешгирӣ ва ҳалли бӯҳрони амниятӣ дар қаламрави худи кишварҳои узви ин созмон сухан меравад.

Неруҳои СААД
Сурат: РИА Новости

Лукашенко аз ҷумла аз бӯҳрони марзӣ миёни Душанбеву Бишкек ёдовар шуда, гуфт: "Қирғизистон муддатҳост аз СААД дархост мекунад, ки дар ҳалли низоъ бо Тоҷикистон кумак кунад".

Дигар самтҳои эҳтимолии рушд ва ислоҳоти СААД дар расонаҳо зикр нашудааст, ҳарчанд чунин баҳсҳо миёни иштирокчиён дар паси парда сурат мегирифт. Аз ҷумла, ба гуфтаи коршиносони рус, яке аз самтҳо метавонад таҷдиди сохтори дохилии СААД бошад, ки дар он "Русия ҳамчун бузургтарин кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ дар ҳама минтақаҳо манфиатҳо хоҳад дошт".

Бастаи 11-уми таҳримҳо

Ба гузориши РБК, ҳафтаи гузашта Иттиҳоди Аврупо (ИА) бастаи 11-уми таҳримҳои зидди Русияро қабул кард, ки асосан пешгирӣ аз саркашӣ аз таҳримҳои зидди Русия аст. Аз ҷумла, Иттиҳод ба нақша гирифтааст, ки интиқоли баъзе молу технологияҳоро ба кишварҳои сеюм маҳдуд кунад.

Илова бар ин, афрод ва созмонҳои нав ба рӯйхатҳои сиёҳ шомил шудаанд.

Коллажс аз торнамои tehnowar.ru

Ба навиштаи ВВС, ҳоло кишварҳои ғарбӣ натанҳо алайҳи бахшҳои иқтисоди Русия маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд, балки талош доранд бо кишварҳои сеюм,  ки тавассути онҳо ба Русия воридоти мувозӣ (параллелӣ) ва молҳои таҳримшуда идома дорад, музокира кунанд.

Дар ин ҷо, албатта натанҳо кишварҳое чун Чину Ҳиндустон, балки ҳамчунин давлатҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) низ дар назаранд.

Ба ин кишварҳои сеюм дар сурати риояи маҳдудиятҳои ИА, ҳатто "кӯмаки техникӣ" пешниҳод мекунанд. Дар сурати сарпечӣ аз чунин ҳамкорӣ, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ваъда медиҳанд, ки ба намояндагони ин кишварҳо посухи фаврӣ хоҳанд дод.

Гузашта аз ин, дар баъзе мавридҳо кишварҳои ИА метавонанд содироти молу хидматҳоеро ба кишварҳои сеюм, ки аллакай содироти он ба Русия манъ шудаанд, маҳдуд кунанд, аз қабили аслиҳа ва технологияҳои ҳарбӣ.

ВВС ҳамчунин гузориш медиҳад, ки ИА аллакай феҳристи 87 ширкатро аз Русия ва кишварҳои сеюм тартиб додааст, ки Русияро бо мол таъмин кардаанд. Киҳо ба он шомил шуданаш ҳоло маълум нест. Дар баёнияи матбуотӣ танҳо чаҳор ширкати тавлидкунандаи паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бесарнишин)-и эронӣ зикр шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Фергана” бо истинод ба суханони Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, Иттиҳоди Аврупо умедвор аст, ки бо василаҳои дипломатӣ кишварҳои Осиёи Марказиро мутақоид гардонад, ки ба Русия ҷиҳати канорагирӣ аз таҳримҳо кумак накунанд.

Дар ин бора дипломати аврупоӣ аввали моҳи ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ дар пайи натоиҷи нишасти “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо” дар Қирғизистон изҳори назар карда буд.

Шарл Мишел
Сурат: Фото twitter.com

Тибқи таҳқиқоти BBС, ба туфайли низоми пурсамари воридоти мувозӣ (параллелӣ), дурусттараш содироти дубора (реэкспорт), ки ба андозаи зиёд тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузарад, бисёре аз русиягиҳо то ҳол таъсири таҳримҳоро эҳсос накардаанд.

Ба навиштаи нашрия, тибқи воридоти “параллелӣ” дар соли нопурраи 2022 ба Русия ба маблағи 20 млрд доллар молу маҳсулот ворид шудааст, ки тақрибан ба 6 дарсади арзиши умумии воридот ба Русия дар тамоми соли гузашта баробар аст.

Пардохтҳо барои воридоти параллелӣ аксаран тариқи низоми пардохти “Золотая корона”-и Русия сурат мегирад, ки дар ИДМ низ фаъолият мекунад.

Илова бар ин, дар Қазоқистон тиҷорати хурди равуоӣ байни ду нуқта (челночный бизнес) барои интиқоли мол ба бозори Русия низ рушд мекунад.

Тиҷорати хурди равуоӣ байни ду нуқта (челночный бизнес)
Сурат аз торнамои dengi-vpered.ru

Ба ин тартиб, бастаи нави таҳримҳо, зоҳиран ба пурзӯр шудани назорат болои фаъолияти фирмаҳои хусусӣ ва давлатӣ, ки ҳоло ба содироти дубораи молҳои мамнӯъ ба Русия машғуланд, оварда мерасонад.

Аммо вақт нишон хоҳад дод, ки оё механизми нави назорат метавонад гардиши молҳои таҳримшуда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русияро коҳиш диҳад ё на.

Қатънома дар бораи истифода накардан

Ба гузориши “Садои Амрико”, ба Сенати ИМА тарҳи қатъномае пешниҳод шудааст, ки дар он ба Русия аз истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Украина ҳушдор дода мешавад.

Тибқи ин қатънома, ҳама гуна истифода аз силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ)-и тактикӣ аз ҷониби Русия, Беларус ва ё ҳампаймонҳои онҳо ҳамчун ҳамла ба НАТО арзёбӣ мешавад, ки татбиқи моддаи 5-и Шартномаи Атлантикаи Шимолиро тақозо мекунад.

Неруҳои НАТО
Сурат: Artur Widak/Nur

Тахриби иншооти ҳастаӣ бо пароканда шудани ифлосшавии радиоактивӣ дар қаламрави НАТО низ  метавонад боиси ҳамин гуна вокуниш гардад.

Ба гуфтаи таҳиягарони ин қатънома, беҳтарин роҳи ҷилавгирӣ аз таҳдиди истифода аз силоҳи ҳастаии тактикӣ дар Украина ҳушдор додан аз пайомадҳои он аст.

Дар санад ҳамчунин аз маъмурияти Байден даъват мешавад, ки бо раҳбарони НАТО ва дигар шарикони аврупоӣ машварат намояд, то дар сурати ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ табдил ёфтани низоъ, вокуниши ҳамаҷониба таҳия кунанд.

Комилан имкон дорад, ки лоиҳаи қатънома як навъ вокуниш ба мақолаи сиёсатшиноси маъруфи муҳофизакор, мудири илмии факултети иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати Донишгоҳи миллии тадқиқотии Мактаби олии иқтисод Сергей Караганов бошад, ки дар Ғарб ӯро ба роҳбарияти Русия наздик мешуморанд.

Ӯ рӯзи 13 июн таҳти унвони «Истифодаи силоҳи ҳастаӣ метавонад инсониятро аз фалокати ҷаҳонӣ наҷот диҳад» мақолае нашр кард.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, профессор менависад, ки Русия бояд аввалин шуда ба кишварҳои НАТО зарбаи ҳастаӣ занад, аммо пештар бояд рафт ва воқеан ба Ғарб ултиматум гузошт.

Ва дар сурати иҷро нашудани он - «ба гурӯҳи ҳадафҳо дар як қатор мамлакатҳо мебояд зарба зад, то ки шахсони ақлгумкарда ба худ оянд».

Аз матн бармеояд, ки дар бораи ҳадафҳо дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ сухан меравад.

Баъд аз ин, ба ақидаи Караганов, ИМА ва НАТО таслим мешаванд, зеро Америка «ба хотири Познани шартӣ» намехоҳад Вашингтонро зери хатар гузорад.

Сергей Караганов
Сурат: "Российская газета"

Дар натиҷа, чуноне ки Караганов менависад, Чин ва дигар кишварҳои дуньёи ғайриғарбӣ дар ниҳояти кор барои халос шудан аз «гегемонизм»-и Ғарб ба Русия изҳори минннатдорӣ хоҳанд кард.

Мақола натанҳо дар хориҷи кишвар, балки дар Русия низ боиси сарусадо, ҳушёрӣ ва интиқод гардид. Ба ин тартиб, ба гуфтаи коршиносони "Новая газета", нигаронӣ он аст, ки ин матлаб метавонад нуқтаи назари як бахши муайяни элитаи сиёсиро баён кунад.

Изҳорот бо чунин андешаҳо дар телевизионҳои давлатӣ дар ҷараёни намоишу мусоҳибаҳои гуногуни сиёсӣ низ мушоҳида мешавад. Онҳоро баъзе ходимони олимартабаи давлатӣ, аъзои парлумон ва одамоне, ки худро «коршиноси ҳарбӣ» меноманд, баён кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи силоҳи ҳастаӣ ва эҳтимоли истифодаи он дар Украина ё Аврупои Шарқӣ на танҳо барои рақибон, балки барои муттаҳидон ва шарикони Маскав дар СААД, ИИАО (ЕАЭС) ва СҲШ низ муҳим аст.

Воқеан, Русия ҳамчун як қудрати ҳастаӣ ҳақ дорад иқтидори ҳастаии худро ихтиёрдорӣ кунад, аммо оқибатҳои чунин тасмимҳо бешубҳа ба мавқеъи ҳамаи шарикон ва муттаҳидонаш таъсири ҳалкунанда хоҳад дошт - бо вуҷуди он ки ақидаи онҳо дар бораи ин масъала ба гумон аст, ки ба назар гирифта шавад.

Мубодила миёни се нафар

Ҳафтаи гузашта ба иттилои РБК, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон созишнома дар бораи табодули маълумоти шахсии шаҳрвандонро имзо карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон Садир Жапаров.

Қаблан, дар моҳи июни соли ҷорӣ Русия ба Қирғизистон ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот дар бораи беш аз 85 ҳазор шаҳрвандони дар кишварҳои ИДМ мавриди ҷустуҷӯ қарордошта имкон дод, то ин маълумот барои шинохтан тавассути камераҳо истифода шавад.

Аз аввали моҳ дар ин ҷумҳурӣ бо истифода аз низоми шинохти чеҳра дастикам чаҳор шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Русия ва Ӯзбекистон боздошт шудаанд.

Тибқи ин санад, кишварҳо дар бораи шаҳрвандӣ, иҷозаи иқомат, маълумот дар бораи сабти номи муҳоҷират, раводид, молу мулки одамон, доғи судӣ ва ҷалб ба ҷавобгарӣ (таъқиб), инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият табодули маълумот мекунанд.

Созишнома ба табодули маълумот натанҳо дар бораи шаҳрвандони худ, балки доир ба шаҳрвандони кишварҳои сеюм низ иҷоза медиҳад.

Суоли матраҳ ин аст, ки чунин созишнома ба вазъи даҳҳо ҳазор нафар аз русҳо, ки дар як соли ахир барои фирор аз сафарбарӣ ва даъват ба артиш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (асосан ба Қазоқистону Қирғизистон) рафтаанд, чӣ таъсир хоҳад гузошт?

Эҳтимол меравад, дар ояндаи наздик мо мавҷи нави хориҷшавии русҳоро аз минтақа ба дигар кишварҳои сеюм, ки дар он ҷо онҳо худро бехатар эҳсос хоҳанд кард, хоҳем дид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.