Аз оғози даргириҳо дар минтақаи Ховари Миёна, ки баъди ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил оғоз кардид, ду ҳафта сипарӣ шуд. То имрӯз Исроил аз кушта шудани беш аз 1400 нафар ва ба дасти Ҳамос асир афтодани беш аз 200 нафар шаҳрвандаш хабар дода, макони ин гуруҳ  - Навори Ғаззаро, ки дар муҳосираи комил аст, мушакборон мекунад ва ба ҳамлаи густардаи заминӣ ба ин минтақа омода мешавад. Мақомоти Фаластин аз ҳалокати беш аз 4 000 сокини осоиштаи Ғазза иттилоъ доданд. Теъдоди кушташудагон ҳар рӯз афзоиш меёбад ва вазъ ҳар дар минтақа мураккаб мегардад.

Тоҷикистон дар авалин рӯзи оғози низоъ бо нигаронӣ аз ташаннуҷи вазъ, аз ҷонибҳо хост ба хушунат хотима диҳанд. Аммо то имрӯз дар бораи тоҷикони дар минтақа қарордошта ва шароити онҳо ҳеҷ иттилое ироа нашудааст.

Барои то ҷое огоҳ шудан аз вазъи тоҷикони дар минтақаи даргирӣ қарордошта, “Asia-Plus” бо Анаҳита Додихудо, рӯзноманигори тоҷики муқими Исроил суҳбате анҷом дод.

- Аслан чӣ гуна ба Исроил рафтед ва кори шумо чӣ аст?

- Ман издивоҷ кардам ва барои зиндагӣ ба Исроил омадам. Ҳоло бо телевизиони “Эрон Интренэшнл” кор мекунам. Қаблан дар Тоҷикистон хабарнигори ин расона будам ва акнун ба ҳайси ҳамоҳангкунанда фаъолият мекунам.

- Айни ҳол дар кадом шаҳр қарор доред ва макони зисту кори шумо ба манотиқи даргирӣ то чӣ ҳад наздик аст?

- Макони зисту кори ман байни шаҳрҳои Ҳайфа ва Байтулмуқаддас (Иерусалим) аст ва аз манотиқе, ки алъон ҷанг аст, нисбатан дур мебошад. Аммо вақте дар Байтулмуқаддас будам, чанд маротиба ба самти шаҳр мушак партоб шуд. Ман зуд ба паноҳгоҳ рафтам.

Справка по теме

Анаҳита Додихудо, мутахассиси равобити хориҷӣ, хабарнигор. Соли 2018 барои коромӯзӣ дар Донишгоҳи Миннесотаи ИМА таҳсил кардааст. Ҳамчунон, давраи таҷрибаомӯзиашро дар созмони байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ дар ИМА гузарондааст. Дар Душанбе бо телевизиони байналмилалии “Эрон Интернэшнл” ва “Афғонистон Интернэшнл” фаъолият мекард. Ҳоло дар дафтари телевизиони “Эрон Интернэншл” дар Байтулмуқаддас кор мекунад.

- Дар Исроил тоҷикон зиёданд? Онҳо асосан ба чӣ кор машғуланд ва дар кадом шаҳрҳо бештар маскун шудаанд?

- Тоҷикони ғайрияҳудӣ, яъне манзур тоҷикони шаҳрванди Тоҷикистон зиёд нестанд. Аммо тоҷикони мусулмон аз Самарқанду Бухоро хеле зиёд ҳастанд. Онҳо аслан ба ҳайси парастор инҷо кор мекунанд. Ва тақрибан дар ҳамаи шаҳрҳо ҳастанд. Ман зиёд яҳудиҳои  Тоҷикистонро дар наздики шаҳри Тел-Авив дидам. Онҳо дар ҳама кор ҳастанд: ҳам тиҷорат доранд, ҳам пизишку муҳандис ҳастанд.

- Бо тоҷикони Исроил робита доред? Дар ин шабу рӯз онҳо чӣ ҳол доранд?

- Умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Исроил хеле каманд. Дар умум аз ҳоли тоҷиконе, ки мешиносам, аз ҷумла яҳудиҳои аз Тоҷикистон омада, хабар дорам ва робитаи мо хуб аст. Чанде пештар дар бораи онҳо гузориш таҳия карда будам. Бо Мордехай Кимиёгаров, яке аз роҳбарони ҷомеаи яҳудиёни Бухоро дар Исроил ва хеши наздики коргардони машҳури Тоҷикистон Борис Кимиёгаров (коргардони филми “Рустам ва Суҳроб” ва “Қисмати шоир”) мусоҳиба ороста будам. Онҳо танҳо хотироти хуб дар бораи Тоҷикистон доранд ва то ҳоло фарҳанги тоҷикиро нигоҳ доштаанд. Ҳамаашон бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд.

- То ҷое медонам, дар Исроил сафорати Тоҷикистон нест. Дар ҳолати пеш омадани мушкил ба куҷо метавон муроҷиат кард?

- Бале, Тоҷикистон дар Исроил сафорат надорад. Аммо наздиктарин сафорат - ин сафорати Тоҷикистон дар Миср мебошад. Дар сурати зарурат ба он ҷо метавон рафт.

“Исроилиҳо дар ҳолати шок ҳастанд”

- Рӯзноманигорон дар Исроил дар чӣ шароит фаъолият доранд ва оё барои худи шумо кор ба ҳайси хабарнигор дар ин кишвар айни ҳол хатарзо нест?

- Дар ин рӯзҳо дар Исроил садҳо хабарнигорини хориҷӣ фаъолият мекунанд. Хатар вуҷуд дорад, агар бихоҳанд аз наздикии манотиқи ҷангӣ гузориш диҳанд. Барои ман шахсан ҳоло хатаре вуҷуд надорад, чун ман аз дафтари кориам дар Байтулмуқаддас кор мекунам.

- Айни ҳол иттилоъ хеле зиёд ва дар айни ҳол зиддунақиз аст. Дар чунин ҳолат, ҷомеаи Исроил то куҷо аз воқеияти ҷониби дигар огоҳ аст?

- Касоне, ки ман бо онҳо дар иртибот ҳастам, то ҳудуде медонанд дар Навори Ғазза чӣ хабар аст. Дар бораи кулли ҷомеа ман ҳарф задан наметавонам.

Навори Ғазза
Акс: Fatima Shbair / AP Photo / East News

- Бошад... Дар умум, метавонед гӯед, ки одамон аз ҳамлаи қарибулвуқӯъ ҷонибдорӣ мекунанд ё ҳастанд нафароне, ки роҳи ҳалли баҳсҳои чандинсоларо гуфтушунид медонанд?

- Ҳатто онҳое, ки дар Исроил тарафдори сулҳ ҳастанд, баъд аз ҳамлаи Ҳамос ва кушта шудани 1400 исроилӣ, мегӯянд, акнун бояд бо ин гуруҳ ҷангид ва сипас бо фаластиниҳое, ки сулҳ мехоҳанд, бояд сулҳ баст. Албатта, теъдоде бисёр каме ҳам мухолифи ҳамлаи интиқомҷуёнаи Исроил ба Навори Ғазза ҳастанд. Онҳо тазоҳуроте ҳам дар шаҳри Ҳайфа карданд.

- Рӯҳияи мардум чӣ гуна аст? Оё ҳастанд нафароне, ки барои будани Фаластин ва ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳо талош кунанд? Ҳастанд сиёсатмадороне, ки муқобили ҷанг ва тарафдори музокирот бошанд?

- Дар ин рӯзҳо мардуми Исроил дар ҳолати шок ҳастанд. Ҳеҷ интизоре надоштанд, ки чунин ҳамлаи даҳшатнок рух диҳад. Ҳоло мардум хеле муттаҳид ҳастанд. Шумо медонед, ки бештар аз 200 нафар исроилӣ дар дасти Ҳамос гаравгон ҳаст. Ва ҳоло Исроил кӯшиш дорад, ки онҳоро баргардонад. Ҳоло вазъияти ҷангист ва сиёсатмадорон камтар дар бораи сулҳ ҳарф мезананд. Ҳадафи асосии ин кишвар ҳоло аз байн бурдани хатари Ҳамос аст. Ва мутмаин шудан аз ин ки ҳамлаи монанди 7-уми октябри соли 2023 дигар рух надиҳад.

PS: Дар бораи тоҷикони дар Фаластин, аз ҷумла Навори Ғазза қарордошта ҳеҷ маълумоти мӯътамад дастрас нест. Пайдо кардани тоҷики муқими Фаластин ҳам басо душвор аст. Аммо дар сурати дастрас гардидани ҳар маълумот оид ба тоҷикони дар Фаластин қарордошта ва шароити онҳо, “Asia-Plus” онро мунташир хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.