Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, ба нерӯҳои амниятии кишвараш амр додааст, ки дар сурати сар задани бетартибӣ аввал огоҳ кунанд ва баъд ба сӯйи эътирозгарон тир кушоянд.

Қодиров рӯзи 31-уми октябр дар паёме дар Telegram навишт, "се дафъа ба ҳаво тир холӣ кунанд ва агар ин шахс итоат накард, тири чорумро ба пешонияш зананд.”

Вай илова кардааст, ки шаби гузашта аз чунин “иғвоангезӣ” дар Чеченистон пешгирӣ шуд, вале дар ин бора шарҳи зиёд надодааст.

Шоми 29-уми октябр ҳангоми парвози ҳавопаймое аз Исроил ба Махачқалъаи Доғистон садҳо нафар дар фурудгоҳ ҷамъ омада, алайҳи Исроил эътироз карданд.

Эътирозгарон дар фурудгоҳ талаб доштанд, ки яҳудиён аз Доғистон ронда шаванд. Ин гурӯҳ то хати парвози фурудгоҳ даромада, мусофиронро аз Исроил ҷустуҷӯ ва шиносномаҳоро тафтиш карданд.

Пулиси Доғистон хабар дод, ки шахсияти 150 “иштирокчии фаъоли бетартибӣ” шиносоӣ ва 60 нафар боздошт шуд.

Мақомоти Доғистони Русия хабар доданд, ки дар бетартибии шоми 29-уми октябр дар фурудгоҳи Махачқалъа 20 кас маҷруҳ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.