Вазорати мудофиаи Русия ва Дастгоҳи президенти Украина тасдиқ карданд, ки баъди шаш моҳ бори дигар асирони низомиро табодул карданд.

Ба иттилои расонаҳо ин бор 248 низомии Русия бо 230 низомии Украина табодул шудааст.

“Ҳамватанони мо дар хонаанд. Аз асорати Русия бештар аз 200 низомӣ ва шаҳрванди мулкиро баргардонидем. Сарбозон, сержантҳо, афсарон”, - хабар додааст саҳифаи телеграмии президенти Украина Владимир Зеленский.

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, табодули асирон дар натиҷаи миёнаравии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сурат гирифтааст. Пеш аз ин ду кишвар бори охир 7 август асиронро табодул карда буданд.

Ба иттилои Киев, то моҳи нобяри соли 2023 4337 шаҳрванди Украина, ки аз он 3574 тан низомӣ ва 763 тан мулкӣ ҳастанд, дар асорати Русия қарор доштанд. Моҳи октябри соли 2023 мақомоти Русия гуфта буданд, ки ҳудуди 500 низомии Русия дар Украина ба асорат афтодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.