Дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва ба онҳое, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнати маҷбурӣ дода мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) хабар медиҳад.

Ба иттилои ВКД, ҳоло барои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва таълими ғайриқонунии динӣ ба қонунгузории Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда истодаанд.

“Ба шахсоне, ки ба мардумфиребӣ (сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тумору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ) рӯзгузаронӣ менамоянд, ҷазо дар намуди меҳнати маҷбурӣ ба муҳлати то 6 моҳ таъйин карда мешавад”, - менависад ВКД.

Айни замон барои пешгирии қонуншиканиҳо вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонунҳои ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” корҳои санҷишӣ ва профилактикӣ идома дорад.

Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон боз 20 соҳиру фолбин ва ҷодугар боздошт ва алайҳашон парвандаи маъмурӣ боз гардид. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Хатлон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Раёсати ВКД дар Хатлон, боздоштшудагон муддатест дар манзилҳои истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, ба фолбиниву сеҳргарӣ машғул мешудааст.

“Ҳамзамон, дар муҳити ғайрисанитарӣ машғул шудан ба хунгирӣ (ҳиҷома), аловгардон, момагӣ (як намуди сеҳргарӣ), дамандозӣ бо асбобҳои ғайрисанитарӣ, хаткашӣ ва навиштани ҳарфҳои арабӣ дар бадани муштариён, махсусан занон, додани таштобу тӯмор низ машғул будаанд”, - омадааст дар хабар.

Ин ниҳод номи ҳамаи боздоштшудагонро интишор кардааст.

Бар зидди 13 ҷодугару фолбин бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ин моддаи қонунгузорӣ аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ карда, дар сурати такрор шудани ин амалҳо ҳаҷми ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд шуда метавонад.

Назари боздоштшудаҳо ва наздикони ҳоло маълум нест.

Бояд гуфт, ки амалиёти боздошти соҳирону ҷодугарону фолбинон дар ҷанубӣ Тоҷикистон пас ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Хатлон таъйин шудани генерал Шариф Назарзода пурзӯр шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам қариб 50 нафар ҷодугарону фолбинон дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.