Як гуруҳ аз сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон 22 январ дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ шуда, талаб карданд, таъқиби фаъолон ва шаҳрвандоне қатъ шавад, ки дар эътирозҳои оммавии аввали моҳи январ дар ин кишвар иштирок доштанд.
Таҷаммуъгарон дар даст шиорҳои "Мардум террорист нестанд!", "Талаб мекунем, таъқибҳо қатъ шаванд!" ва "Нест бод, беқонунӣ!"-ро доштанд. Эътироз ҳамагӣ 15 дақиқа давом кардаанд, хабар медиҳад, Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ.
"Мо наметавонем, хомуш нишинем. Ин номумкин аст. Ҳар рӯз мешунавем, ки сокинони одиро барои иштирок дар тазоҳуроти осоишта таъқиб мекунанд. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки аз онҳо ҷонибдорӣ намоем", - изҳор дошт яке аз таҷаммуъгарон Алма Карашаева.
Кормандони ширкати "Кезби"-и шаҳр низ рӯзи ҷумъа бо талаби ҳамсон муроҷиати видеоиеро нашр карданд. Онҳо гуфтанд, агар таъқибҳо қатъ нашавад, дубора даст ба тазоҳурот мезананд.
Ҳаводиси аввали моҳи январи соли равон дар Қазоқистон аз эътирозҳо дар Жанаозен оғоз шуда буд. Сокинони ин шаҳр дар эътироз ба болоравии нархи газ тазоҳурот карда буданд. Ин тазоҳурот то ба минтақаҳои дигар низ паҳн шуд. Эътирозҳо баъдан ба хушунат печиданд ва даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузоштанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Что делать, если больше не хватает сил держать рузу?
Навруз начинается дома: 5 брендов таджикского декора для праздничного интерьера
Таджикский уролог, работающий в Турции, представил научный прорыв в диагностике рака простаты
Кто и сколько получил за теракт в Крокусе? Подробный приговор по всем 19 осужденным
Житель Деваштича приговорён к 19 годам тюрьмы за убийство отца
США депортировали в Узбекистан ещё 65 нелегальных мигрантов
От симки до денежных переводов: как иностранцу упростить жизнь в России
Фигурантов дела о теракте в «Крокус Сити Холле» приговорили к пожизненным срокам
Золотой топ таджикской лиги: как выглядит сборная самых дорогих игроков чемпионата Таджикистана-2026
В Душанбе официально открылся автосалон AVATR
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста