Дар гузорише, ки созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch дар ҳаҷми 100 саҳифа нашр кардааст, аз мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват шудааст, ки қонуншиканӣ аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи худро таҳқиқ кунанд ва масъулони ҳамла ба мардуми осоиштаро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин тадбир дар баробари иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ, ҳамчунин як қадаме барои таҳкими эътимод миёни кишварҳо ва намоиши талош барои расидан ба ҳалли мусолиматомези баҳси деринаи марзӣ хоҳад буд.

Тавсияҳо ба Тоҷикистону Қирғизистон

Дар гузориш, зарурати омӯзонидани ҳайати шахсии нерӯҳои мусаллаҳ ва сохторҳои қудратӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ба хотири пешгирии нақзи меъёрҳои он дар муноқишаҳои оянда зикр гардидааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар тавсия медиҳанд, ки ҳар тавофуқе, ки дар музокироти марзӣ ҳосил мешавад, бояд ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ ба дастрасӣ ба таҳсил, манзил ва обро ба расмият бишносад.

“Human Rights Watch” аз ҳукуматҳои ҳарду кишвар даъват кардааст, ки ба Эъломия дар бораи мактабҳои бехатар ва Эъломияи сиёсӣ дар бораи таҳкими ҳифзи шаҳрвандон аз оқибатҳои башардӯстонаи силоҳи тарканда дар маҳалҳои аҳолинишин ҳамроҳ шаванд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, шарикони байналмилалии ду ҷумҳурӣ бояд ҳарду ҳукуматро барои тафтиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорони нақзи ҷиддии ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона дар ҷараёни муноқишаи марзии моҳи сентябри соли 2022 ташвиқ кунанд.

Пули байни деҳаҳои наздимарзии Чордеҳ ва Чорбоғи Тоҷикистон дар минтақаи деҳаи Достуки Қирғизистон, ки 16 сентябри соли 2022 дар он ду мошини ёрии таъҷилии Тоҷикистон ва як мошини ғайринизомӣ аз сӯйи низомиёни қирғиз тирборон карда шуд.
Акс аз Jean-Baptiste Gallopin/Human Rights Watch

Ҳомиёни ҳуқуқ чӣ кор карданд?

Гузориш бо номи “Агар ҳаракат кунӣ, тир холӣ мекунанд”. Вайрон кардани қонунҳо ва қоидаҳои  ҷангӣ дар ҷараёни муноқишаи марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2022” аз 100 саҳифа иборат буда, нахустин гузориш аз сӯи як созмони ҷаҳонии нозир бар ҳуқуқи башар оид ба яке аз маргбортарин ҳодисаҳо дар ихтилофоти марзӣ байни ин ду кишвари Осиёи Миёна аст.

Таҳқиқи Дидбони ҳуқуқи башар ба нақзи ҳуқуқи байналмиллалии башардӯстона ё қонунҳо ҷанг, ки аз аз ҳарду ҷониб дар ҷараёни муноқиша содир шудаанд, тамаркуз кардааст.

Дар гузориш, дар мавриди ин ки кадом яке аз тарафҳо сабабгори даргирии моҳи сентябр шуд ё ин даргириро оғоз кард, сухане нест.

Гузориш баъди мусоҳиба бо шоҳидони айнӣ, таҳқиқи маҳал, ҳуҷҷатҳои пизишкӣ, тасвирҳои моҳвораӣ ва наворҳо таҳия шудааст.

Дар муноқишаи марзӣ чӣ қонуншиканиҳо ошкор шуданд?

Гузориш, мавридҳои нақзи ҷиддии қонунҳо ва қоидаҳои ҷангӣ, аз ҷумла куштаву захмӣ шудани ғайринизомиён, хисорот ба манзилҳо, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мағозаҳоро, ки ҳарду тараф дар ҷараёни даргирӣ содир кардаанд, сабт намудааст.

Зикр мешавад, ки бавижа дар севумин рӯзи даргирӣ, 16-уми сентябр, мавридҳои фаровони нақзи қонунҳои ҷанг ва қонунҳои башардӯстона сабт шудааст.

Бозмондаи мошини ёрии таъҷилӣ, ки рӯзи 16 сентябри соли 2022 дар назди пули марзӣ дар наздикии деҳаи Чорбоғ мавриди тирборони низомиёни қирғиз қарор гирифт
Акс аз Jean-Baptiste Gallopin/Human Rights Watch

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки нерӯҳои қирғиз мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва мошинҳои хусусии аҳолии осоиштаро тирборон карданд ва бо паҳпод ба майдони марказии Овчиқалача бомб партом кардаанд. Бомб замоне мунфаҷир шуд, ки мардуми маҳаллӣ пас аз намози ҷаноза дар канори масҷид ҷамъ шуда буданд. Ба гуфтаи онҳо, дар натиҷаи ин ҳамла 10 тан кушта ва 13 тани дигар захмӣ шуданд.

“Тақрибан соати 5-и баъд аз зуҳри он рӯз, чанд лаҳза пас аз расидани нерӯҳои Тоҷикистон ба майдони марказии Овчи-Қалъача, шаҳраки марзии ин кишвар, нерӯҳои Қирғизистон аз як паҳподи Байрақдор-2 барои андохтани бомб дар наздикии неруҳои тоҷик истифода карданд”,- омадааст дар гузориш.

Гуфта мешавад, ки дар моҳи сентябри соли 2022 ҷонибҳо бо истифода аз муҳимоти ҷангӣ, махсусан тӯпхонаву танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯш нирӯҳои худро дар хатти марз мустақар карданд ва Қирғизистон ҳатто ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода кард. Баъдан ҳукуматҳо музокирот дар бораи таъйини қитъаҳои баҳсбарангези марзро аз сар гирифтанд, вале то ҳол ба созиш нарасидаанд.

Дар хусуси нақзи ҳуқуқҳои байналмилалии башардӯстона, ки ин созмон мегӯяд, аз ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт, низ ишора шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки “тоҷикон дар шароитҳои гуногун ба таври ғайриқонунӣ дастикам ҳашт сокини осоиштаро куштаанд. Дар рустоҳои қирғизҳои таҳти назорати низомиёни тоҷик ғорат ва оташ задани хонаҳо мушоҳида шудааст”.

Омори фавтидагон ва захмиён

Дар ин гузориш ҳамчунин омори ғайринизомиёни кушташуда бо такя ба маълумоти расонаҳо ва расмӣ оварда шудааст. Тибқи он дар низои ахир дастикам 51 ғайринизомӣ кушта ва 121 нафар захмӣ шудаанд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, моҳи декабри соли 2022 ва марти соли 2023 бо дархости пешниҳоди маълумот ва посух ба баъзе суолҳо дар бораи ҳодисаҳои сентябр ба ҳукуматҳои Қирғизистону Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Қирғизистон дар посухи расмии худ дар бораи ҳамла ба шаҳрвандонаш иттилоъ додааст, аммо дар бораи ҳамлаҳои нерӯҳои худаш маълумот надодааст. Ҳукумати Тоҷикистон ба дархостҳои Созмони Дидбони ҳуқуқи башар посух надодааст.

Бо гузориши пурраи Дидбони ҳуқуқи башар метавонед, дар ин линк шинос шавед.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи муайянсозии хати марз чандин сол аст, ки бо ҳам баҳс доранд ва ин баҳс баъзан ба задухӯрдҳои мусаллаҳона низ печидааст. Дар пайи ин низоъҳо, аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шудаанд. Ин баҳс то ҳол идома дорад ва ниҳоӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.