Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлияи Русия “масъалаи аз рӯйхати созмонҳои террористӣ баровардани гурӯҳи Толибонро"* баррасӣ мекунанд.
Дар ин бора хабаргузории Gazeta.Ru, ТАСС ва РИА Новости бо такя ба департаментҳо хабар додаанд.
“Бар сари масъалаи хориҷ кардани гурӯҳи Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ кор мекунад”, - гуфт вазорати корҳои хориҷии Русия.
Қарори ниҳоиро роҳбарияти олии сиёсии кишвар қабул мекунад, илова мекунад департамент, менависад Медуза.
Қаблан намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов ба хабаргузории ТАСС гуфта буд , ки гурӯҳи Толибон ба ҳамоиши “Русия – Ҷаҳони ислом”, ки аз 14 то 19-уми май дар Қазон баргузор мешавад, даъват шудааст.
Бояд гуфт, ки гурӯҳи Толибон дар соли 2003, пас аз ворид шудан ба феҳристи дахлдори Шӯрои амнияти СММ дар Русия ҳамчун созмони террористӣ эътироф шуда буд.
Муҳокимаи лағви ин мақом қаблан дар Русия баррасӣ шуда буд, аммо Кобулов дар соли 2020 гуфт, ки ин масъала метавонад пас аз қабули чунин қарор аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ сурат гирад.
Дар моҳи октябри соли 2021 Владимир Путин гуфта буд, ки дар бораи хориҷ кардани Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ Русия “ба тасмимгирӣ наздиктар” шудааст, аммо ин тасмим бори дигар бояд дар СММ қабул шавад.
Аммо Русия “бо намояндагони Толибон ҳамкорӣ мекунад, онҳоро ба Маскав даъват мекунад ва дар худи Афғонистон бо онҳо дар тамос аст”, - афзуда буд Путин.
Моҳи июли соли 2021 намояндагони гурӯҳи Толибон барои музокира ба Маскав рафтанд. Пас аз ин, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, изҳороти Толибон имкон медиҳад, бигӯем, ки инҳо афроди солимфикр ҳастанд.
Бо гузашти камтар аз як моҳ, 15 августи соли 2021, Толибон аз поёни ҷанг дар Афғонистон ва тасарруфи комили қудрат хабар доданд.
Баъдан намояндагони Толибон дар моҳи октябри соли 2021 дубора ба Маскав рафтанд ва сипас дар солҳои 2022 ва 2023 низ чанд маротибаи дигар ба Русия сафар доштанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Нулевой километр, стела Татариновой и турецкие часы
В Таджикистане с 2026 года увеличатся штрафы за правонарушения. Даем полный расклад
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 декабря 2025 года
Хозяин гор. Как тяньшанский бурый медведь выживает в Таджикистане?
Легионер сборной Таджикистана Абдулмажид Кудиев стал чемпионом Ирана
«На аукцион никто не пришел». Известная чайхана «Харбуза» в Гиссаре снова не нашла покупателя
На лошади и с биноклем. Как Сафарби – единственная женщина-лесник в Таджикистане – охраняет «Даштиджум»
По инициативе Таджикистана Генассамблея ООН объявила 2027-й Международным годом правовой грамотности
Huawei представляет Mate X7 и линейку новых инновационных устройств
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста