Собиқ муовини раиси парлумон, сафири Тоҷикистон дар Русия ва сиёсатмадори кӯҳнакор дар тими раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев пешниҳод намудааст, ки номи “Искандаркӯл” ба "Кӯли Раҳмон" ё "Раҳмонкӯл" иваз карда шавад. Ӯ ин пешниҳодро дар як номаи сипосаш ба президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нашрияи “СССР” чоп шудааст, зикр кардааст.
Достиев, ки номаашро хоксорона ҳамчун “Абдулмаҷид Достиев, нафақахӯр” имзо кардааст, ба таърихи юриши Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна, хиёнати Ороба, ки сари Спитаменро аз тан ҷудо карда, ба Искандар ҳадя овард ва духтараш Рухшонаро ҳам ба ин лашкаркаши истилогар бахшид, пардохтааст.
Ӯ онҳоеро, ки солҳои 90 -ум Тоҷикистонро ба домани ҷанг кашонданд, ба ҳамон Оробаҳои замони Искандар монанд карда, аз он изҳори ҳайрат кардааст, ки “Овоздорони” замон, ҳомиёни дин Александри хуни форсҳо рехтаро Ҳазрати Искандар номида, оробаҳои ватанфурӯш, аз тарси ҷон, аниқтараш, аз тарси бе мансаб мондан, кӯлро ба номи ҳамон хунхӯр – Искандаркӯл ном мегузоранд. Чӣ кори ғалатие, ҷои хуни рехтаи гургро ба номи гурги хунхӯр мондан? Ин кӯлро бояд тағйири ном кард!”
"Пас аз рӯи инсоф мебуд, агар бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кӯли мазкур номи «Кӯли Раҳмон» монем",- гуфтааст Достиев.
Ба ақидаи собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия, бо табдили номи Искандаркӯл, “аввал ин ки, дар тӯли таърихи тоҷикон касе аз шоҳу амиру дигар роҳбарон, чун Пешвои миллат ҳастии худро барои аз нестшавӣ ҳифз сохтану пойдории давлати миллӣ набахшидааст ва арзандатарин аст. Дуввум, харитаи Ватани азизамон аз номи боз як аҷнабии ғосибу бадгуҳар - Искандари Мақдунӣ пок мегардад”.
"Дар интиҳо, ҳоло ки ба ғайр аз намояндаи миллати давлатсоз будан дигар ваколат надорам, хоҳиш мекунам, таклифамро қабул намоеду рӯйи харитаи кишвар, ҷойи Искандаркӯл, номи фарзанди асили миллат “Кӯли Раҳмон” ё “Раҳмонкӯл” сабт гардад", - навиштааст Достиев дар анҷоми номааш.
Майские змеи в горах Таджикистана: как защититься и оказать первую помощь?
Четверым оставшимся фигурантам дела о теракте в «Крокусе» также продлили срок ареста
ЕБРР будет стимулировать молодежное и женское предпринимательство в Таджикистане
ЮНЕСКО составила рейтинг стран по количеству студентов, обучающихся за границей
В Душанбе арестован мулло - многоженец за мошенничество
В Таджикистане ужесточают уголовную ответственность за препятствование обучению в школе
Камчыбек Ташиев заявил о завершении «чистки» Жогорку Кенеша от людей Матраимовых
Таджикистанцы впервые приняли участие в турнире по робототехнике в США
Сеть АЗС «Ориё» представила новую марку бензина «Z power 100»
Эмомали Рахмон поздравил Касым-Жомарта Токаева с днем рождения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста