Тибқи қарори Федератсияи байнулмилалии теннис (ITF) Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис миёни наврасон ба руйхати мусобиқаҳои ITF ворид карда шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҶТ бо истинод ба котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Мирҳусейн Яҳёев, мусобиқаи байнулмилалии теннис миёни ҷавонони то 18-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз ин пас рейтингӣ маҳсуб меёбад ва аз рӯйи дараҷаи G-4-и Федератсияи байнулмилалии теннис баргузор мешавад.
Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар баробари Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ҳамчунин мусобиқаҳои байнулмилалии Ҷоми Тоҷикистон, Ҷоми федератсия ва Ҷоми шаҳри Душанберо аз рӯйи дараҷаи G-5 доир мекунад.
Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис миёни наврасон бо фармони раисҷумҳур аз 19-уми марти соли 2005 ҳар сол гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа рушди ин намуди варзиш дар кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон мебошад.
Зикр мешавад, ки соли 2020 мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис аз 30-юми август то 5-уми сентябр доир шуда, дар он намояндагони беш аз 30 кишвар иштирок хоҳанд кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Какие у таджикистанцев медиапредпочтения?
Таджикистан протестует. Чем закончится давление на мигрантов в России?
В Гиссаре женщины-цыганки подозреваются в краже денег и золота
В Кыргызстане не исключили обмен территориями при решении вопроса границы с Таджикистаном
В Британии задержаны первые мигранты для депортации в Руанду
В Курской области России мигрантам запретили работать в такси
Из-за маленькой зарплаты мелиораторы Таджикистана уходят из отрасли
В США умер еще один свидетель, рассказавший о дефектах самолетов Boeing
Экс-глава МВД Казахстана арестован на два месяца
Душанбе и "Большой шлем": кто претендует на медали турнира?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста