Дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо, ки аз 12 то 14 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, 14 самбокори тоҷик аз рӯи ду ришта :самбои варзишӣ ва самбои размӣ ширкат хоҳанд кард.
Дар ҳайати 14 варзишгар, аз ҷумла, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов ва барандаи медали нуқраи 4-каратаи Ҷоми ҷаҳон Акмалиддин Каримов шомиланд.
Мусобиқаҳо оид ба самбои варзишӣ байни мардону занон ва инчунин, самбои рамзӣ байни мардон дар 7 вазн баргузор мешаванд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 варзишгар оид ба самбои варзишӣ ва 7 варзишгар оид ба самбои размӣ шомиланд.
Таркиби тими миллии самбои варзишӣ:
Акмалиддин Каримов (58кг), Хушқадам Хусравов (64кг), Раҷабов Муҳаммадисо (71 кг), Ҳамроз Раҷабов (79кг), Зафар Олимшоев (88кг), Фирдавси Насимзода (-98кг) ва Хуршед Маҷидов (+100кг)
Намояндагони самбои размии кишвар:
Мирзозода Бобохон (56кг), Латипов Сорбон (64 кг), Саидҷони Ҳаййдар (-71кг ), Парпишоев Табрезшоҳ (-79) Одилов Фаридун (88кг), Олимов Олимхоҷа (-98 кг) ва Ҳусейнов Аҳтам (+100кг)
Ҷадвали рақобати тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Тошканд
Ҷумъа 12 ноябр
Самбои варзишӣ: Акмалиддин Каримов (58 кг), Хушқадам Хусравов (64 кг)
Самбои размӣ: Олимхоҷа Олимов (98 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+98 кг)
Шанбе 13 ноябр
Самбои варзишӣ: Муҳаммадисо Раҷабов (71 кг), Ҳамроз Раҷабов (79 кг), Зафар Олимшоев (88 кг)
Самбои размӣ: Бобохон Мирзозода (58 кг), Сорбон Латипов (64 кг)
Якшанбе 14 ноябр
Самбои варзишӣ: Фирдавсӣ Насимзода (98 кг), Хуршед Маҷидов (+100 кг)
Самбои размӣ: Саидҷони Ҳайдар (71 кг), Табрез Парпишоев (79 кг), Фаридун Одилов (88 кг), Олимхоҷа Олимов (98 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+98 кг)
Пахши онлайни мусобиқаро метавон дар сомонаи Федератсияи байналмилалии самбо - https://sambo.sport/ru тамошо кард.
Маблағи ҷоизаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 231 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Тақсимоти пулии мукофот чунин хоҳад буд:
Барандаи медали тилло - 4 ҳазор доллари ИМА;
Барандаи медали нуқра – 3 ҳазор доллари ИМА;
Барандагони медалҳои биринҷӣ - 2 ҳазор доллари ИМА.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
У меня частые кровотечения из носа. Я болею чем-то очень серьезным?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Ночь в музее», магическое шоу и «Золотая антилопа»
«Не забывайте Бога». Абдурозик вернулся в Таджикистан и дал интервью «Азия-Плюс»
OriyonJob - шаг к будущему с «Ориёнбанком»
Глава Крыма предложил запретить мигрантам привозить семьи в Россию
В Душанбе обсудили переход Таджикистана на зелёную экономику
Coca-Cola вдохновляет на добрые перемены: старт кампании в Таджикистане
Запечатлённое мгновение: Таджикистан на исторических фотографиях XIX – начала XX века
Ещё один герой-мигрант в России: он вынес трёх детей из горящей квартиры
Россия – Исламский мир: Казань готовит площадку нового диалога
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста