Дар бозии аввали худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2022 байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев тими Афғонистонро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб кард.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, нимаи аввали бозӣ мусовӣ - 1:1 анҷом ёфта, дар қисми дуюм ба футболбозони тоҷик муяссар шуд, ки боз 3 тӯби дигар ба дарвозаи ҳариф равон кунанд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии дигари даври дуюми чемпионати CAFA-2022 дастаҳои ҷавонони Қирғизистон ва Ӯзбекистон натавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар гол бизананд – 0:0.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои даври сеюм рӯзи 8 август доир мешаванд. Соати 18:00 дастаҳои Эрон ва Афғонистон, соати 21:00 тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд.

Пас аз ду давр дастаи Қирғизистон 4 имтиёз, Тоҷикистон - 3, Ӯзбекистон - 2, Эрон - 1 имтиёзӣ дошта, Афғонистон аз 2 вохӯрӣ ягон хол ба даст наовардааст. Қобили зикр аст, ки дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон ҳоло 1-бозӣ гузаронданд.


Федератсияи футболи ҷумҳурӣ таъкид месозад, ки бозиҳои ин мусобиқа дар  Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, даромад ба онҳо ройгон аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.