Гуфта мешавад, ки ин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ сохта мешаванд. Суроғаи муайян ва замони оғози сохтмон ҳоло маълум нест. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод, масъалаи мазкур дирӯз, 26-уми январ, дар мулоқоти Исмоил Маҳмадзоир, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо Тосиҳиро Айки, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.
Аз ин федератсия гуфтанд, дар ҳоли ҳозир корҳои омодагӣ ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ идома доранд ва баробари омода шудани ҳуҷҷатҳо сохтмони иншоот оғоз мешавад.
“Дар онҳо асосан давраҳои тамринии ҷудо мегузаронанд. Дар баробари ин, марказҳо на танҳо ба тарбияи ҷисмонии ҷудочиён, балки ба тарбияи ахлоқии варзишгарон низ машғул хоҳанд шуд",- гуфтанд аз федератсия.
Гуфта мешавад, ҳадафи ифтитоҳи чунин муассисаҳо оммавигардонӣ ва рушди ин навъи варзиш миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла духтарон ва ҷорӣ кардани он дар мактабҳо аст.
Дар мулоқоти раиси федератсияи ҷудо бо сафири Ҷопон ҳамчунин, барои бастани қарордод бо мутахассисони ҷудои ҷопонӣ барои омодагии тими миллии Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва Лос-Анҷелес соли 2028 музокирот кардаанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, Исмоил Маҳмадзоир аз Тошихиро Айки даъват намуд, ки аз Чемпионати ҷумҳуриявии дзюдо, ки рӯзҳои 11-12 феврали соли 2023 баргузор мешавад, дидан намояд.
Черепахи Таджикистана: почему их стало так много в Душанбе?
Молодёжь Таджикистана: сколько ее и чем она занимается?
Афиша от «Азия-Плюс»: Рок-концерт от Muza, Футболфест-2024 и «Салом, Тобистон!»
После нападений на иностранцев в Бишкеке закрылись 64 швейных цеха
Семь причин посетить саундтрек-концерт «Мир турецких сериалов»
Как суд присяжных в Таджикистане мог бы повысить доверие к судебной системе страны
В Душанбе задержали гадалку, которая выманила более 150 тысяч сомони у своей «клиентки»
Норвегия запретила въезд российским туристам
Таджикистан и Азербайджан подписали 14 новых документов
Задержан участковый ОМВД по району Кубодиён по подозрению во взяточничестве
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста