Бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати шартнома Петр Шегрт вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба футболро тарк кард.
Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд.
Як масъули ниҳод гуфт, ҳоло номи сармураббии нави тими миллии кишвар оид ба футбол маълум нашудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар бораи эҳтимоли тарки сармураббигии тими миллии Тоҷикистон кардани Петр Шегрт чанде пеш расонаӣ шуд ва баъзе аз таҳлилгарони футбол навиштанд, ки ӯро яке аз дастаҳои футболи Эрон даъват кардааст.
Аз ҷумла, таҳлилгари футболи “Asia-Plus” Алексей Корчагин бо истинод ба суханони агенти футбол Кова Тилавпур навишт, ки Петр Шегртро ба Эрон даъват кардаанд.
“Дастаи “Фӯлод” мехоҳад, ки бо Петр Шегрт гуфтушунид кунад, то ки ӯ сармураббии ин тим шавад”, - зикр кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол чанде пештар таҳти роҳбарии Петр Шегрт бори аввал дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар бомуваффақият баромад карда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар умум, тими мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Шегрт 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз шуда, 7 бор мусовӣ кардааст ва 6 маротиба ба бохт дучор гардидааст.
Инчунин, таҳти роҳбарии Шегрт тими мунтахаби Тоҷикистон барандаи ду мусобиқаи байналмилалӣ гардид – соли 2022 дар мусобиқаи “King's Cup-2022” дар Таиланд ва соли 2023 дар “Ҷоми Мердека” дар Малайзия ғолиб омадааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Петр Сегрт барои кори дусолаи муштаракаш изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно кардааст.
«Вырастешь и будешь дворником или уборщицей». Как усадить ребенка за уроки?
В результате аварии в Аште погибли три человека
Казахстанский монетный двор представил Нацбанку Таджикистана новые технологические возможности
Афиша от «Азия-Плюс»: One Run, «Бахчисарайский фонтан» и «Салом, Тобистон»
Срок содержания под стражей таджикистанцев, подозреваемых в теракте в «Крокусе», продлен
Почему стоит размещать рекламу на страницах «Азия-Плюс» в социальных сетях?
Как не убить соседа, что мешает спать? Что такое шумовая агрессия и как с ней бороться
В Канибадаме прошёл «Business Forum G5»
В Таджикистан приедет глава МИД Китая
Как таджикистанцу оставаться на связи с семьей даже в другой стране
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста