Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиёро бо бохт оғоз кард. Ин даста дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқа аз тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд.

Бозии дастаҳо шаби гузашта дар варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк"-и шаҳри Риёз доир шуд.

Голҳои дастаи мизбонро Абдурраҳмон Ғариб дар дақиқаи 14-ум, Анжело Габриэл дар дақиқаи 17-ум, Уэсли Гассова дар дақиқаи 59-ум, Кингсли Коман дар дақиқаи 88-ум ва Садио Мане дар дақиқаи 90+4-ум заданд.

Дар ин дидор Криштиану Роналду, ҳамлавари маъруфи дастаи "Ан-Наср" ширкат накард.

Дар бозии дигари гурӯҳи "D" дастаи "Аз-Завра"-и Ироқ дар сафар "Гоа"-и Ҳиндустонро бо натиҷаи 2:0 мағлуб кард.

Ҳамакнун, пас аз анҷоми даври аввал дар ин гурӯҳ "Ан-Наср" ва "Аз-Завра" бо 3 имтиёзӣ дар ҷойҳои якум ва дуюм қарор гирифтанд. "Истиқлол" ва "Гоа" пас аз шикаст бидуни имтиёз ду зинаи охирро касб карданд.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 рӯзи 1-уми октябр "Истиқлол" дар Душанбе бо "Гоа" дидор анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Аммо ба далели натиҷаи бади “Истиқлол” ва “Равшан” дар мавсими гузаштаи ин мусобиқа, сар аз мавсими 2026/2027 ягон даста аз Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ширкат намеварзад. Дар ин мавсим танҳо як даста - қаҳрамони Лигаи олии Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё ширкат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.