Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷ иноҳи Муҳаммадр ӯ з ӣ Искандарови Ҳизби демократи То ҷ икистон имр ӯ з дар Душанбе барномаи зиддиб ӯ ҳрониашро муарриф ӣ кард.

Ҷ иноҳи Муҳаммадр ӯ з ӣ Искандарови Ҳизби демократи То ҷ икистон имр ӯ з дар Душанбе барномаи зиддиб ӯ ҳрониашро муарриф ӣ кард. Демократҳо таъмини шаффофияти бонкҳо, тобеъи ҳукумат гардондани Бонки милл ӣ , назорати шадиди шеваи истифодаи қарзу к ӯ макҳое, ки ба То ҷ икистон ироа мешаванд, мубориза бо фасод ва бознигарии нати ҷ аҳои хусусигардонии корхонаҳои давлатиро аз ҷ умлаи роҳҳои муқобила бо б ӯ ҳрон меноманд.

Муовини раиси ҳизб- доктори улуми иқтисод Ҳо ҷ имуҳаммад Умаров гуфт, поёни б ӯ ҳрони ҷ аҳон ӣ ҳан ӯ з наздик нест ва асароти ин б ӯ ҳрон ба хусус барои То ҷ икистон, ки тайи солҳои истиқлолияташ чандин бор ба б ӯ ҳронҳо муво ҷ еҳ шудааст, хеле маҳсус хоҳад буд. Оқои Умаров гуфт, интизор меравад, ҳукумат низ то 2 р ӯ зи дигар барномаи зиддиб ӯ ҳрониашро дар парлумон муарриф ӣ кунад ва демократҳо ба ҳамин хотир, ки пешниҳодҳои онон низ дар барномаи давлат роҳ биёбанд, дар амри муаррифии барномаи зиддиб ӯ ҳронии худ пешдаст ӣ кардаанд.