Сурайё Қосимова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки фардо, 22-юми апрел ба синни 64-солагӣ мерасад, дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки бо шавҳари ҷавонаш хушбахт аст ва дар моҳи шарфи рамазон ба ибодат машғул мебошад.

Ӯ дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки имсол зодрӯзаш ба моҳи рамазон рост омадааст, аз ин рӯ ба тоату ибодат машғул аст. Ин бонуи ҳунарманд ба суоли ин ки, ин шабу рӯз ба чӣ корҳое банд аст гуфт, шукри Худо зиндагиям хуб аст ва ба тамоми занҳои Тоҷикистон хушбахтиро таманно дорам. 

Сурайё Қосимова, ки моҳи сентябри соли  гузашта хабари бо як ҷавони варзишкори 32-сола хонадор шуданашҳ, ҳангомаҳое барпо карда буд мегӯяд, ки "барои хушбахт шудани занҳои тоҷик ин гуна оила барпо карданро тавсия медиҳам.

Ӯ гуфт ҳамроҳ бо шавҳараш "ба наздикӣ ба шаҳрҳои Тошканд ва Истамбули Туркия сафар доштем. Пеш аз моҳи рамазон, хушбахтона ба хуби анҷом ёфт".

Ҳамчунин ҳунарманд ба суоли корбарони сершумори шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дар мавриди фарзандор шудан ё нашуданаш аз издивоҷи ахираш гуфт, ки то кунун фарзандор нашудааст.

Сурайё мегӯяд, ки дар мавриди шавҳари ҷавон кардани ман овозаҳои гуногунро карданд, ҳар нафаре фикри дигаргун гуфт, "аммо ман аз ягон нафар хафа нестам ва ҳамин рӯзҳои хушбахтиро ба ҳама тамано дорам, ки насиб гардонад".

Ҳунарманд гуфт, ки навиштаанд, ки шавҳари ман 30-сола аст, ки ин нодуруст аст, вале ҳунарманд ҳамчунин сину соли дақиқи шавҳарашро нагуфт. 

Моҳи сентябри соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимои порае аз навори видеои тӯйи хонадоршавии Сурайё бо шавҳари наваш нашр шуд. Он замон ба “Азия-Плюс” муяссар шуда буд, ки шахсияти шавҳари нави Сурайё Қосимоваро муайян кунад.

Сурайё ва шавҳараш Пӯлод Шаропов

Шавҳари нави Сурайё он замон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки Пӯлод Шаропов ному насаб дораду сокини шаҳри Душанбе асту варзишкор ва ба соҳибкорӣ машғул аст. Пӯлод Шаропов гуфт, ки синну солаш на 32 тавре дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, балки 45-сола аст.

Шавҳари нави Сурайё гуфта буд, ки издивоҷи ӯ бо ҳунарманди шинохта на як ҳангома ё ҳавохоҳӣ, балки бар асари ишқи пок ва алоқае шадиде, ки ба ҳунарманд дошт, сурат мегирад. Ӯ гуфт "ҳамаи онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин кори шахсии маро ба баҳс кашидаанд, бигзор мисли ман хушбахт бошанд".

Пӯлод Шаропов гуфта буд, ки издивоҷаш бо Сурайё Қосимова издивоҷи дуюм аст ва аз ҳамсари нахустинаш се фарзанд дорад. Пӯлод Шаропов ба суоли ин ки ҳоло ба бону Сурайё дар Душанбе умр ба сар мебарад ё Кӯлоб посух надод ва гуфт, ки бигзор ин махфӣ бошад.  Ҳамчунин ӯ гуфта, ки замон ва макони тӯйяш ҳам махфӣ аст ва намехоҳад дар ин бора бо расонаҳо суҳбат кунад.

Аммо бону Сурайё мегӯяд, ки ҳоло бо шавҳараш Пӯлод Шаропов дар Душанбе зиндагӣ мекунанд. 

Сурайё Қосимова Ҳунарманди халқии Тоҷикистон аст, ки 22 апрели имсол ба синни 63-солагӣ расид. Ӯ соли 1957 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ин ҳунарманд қабл аз ин издивоҷи пурсару садояш ду бори дигар низ издивоҷ кардааст, ки ҳосили издивоҷи аввал духтари ҳунармандаш Шабнами Сурайё, яке дигар аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон мебошад.

Аз издивоҷи дувумаш бо Хуршед Рабиев, сарҳанги пулис се фарзанд дорад, ки яке аз онҳо Фарзонаи Хуршед ҳам овозхон аст. Ин бону соли 1970 мактаби миёнаро хатм намуда, то ҳол дар Театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода кору фаъолият мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.