Латофат Назирӣ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" як манбаи огоҳ аз Вазорати маориф хабар дод.
Ба гуфти ин манба ҳамин ҳоло дар ин ниҳод муаррифи муовини тозатаъини вазири маориф бо ширкати муовини сарвазир Матлубахон Сатториён ҷараён дорад, ки мудири мактаби шумораи 34 шаҳри Душанбе Ғанизода Гулчеҳра Самӣ ба ҷойи Назирӣ омадааст.
Дар ҳамин ҳол далелҳои барканории Латофат Назириро манбаъ нагуфт.
Манбаҳои расмӣ то кунун дар бораи далелҳои барканории Назирӣ ва таъини Ғанизода чизе нагуфтаанд.
Латофат Назирии 58-сола номзади илмҳои педагогӣ аст ва дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва корро ба унвони муаллими таъриху ҷамъиятшиносии мактаби рақами 22-и шаҳри Ваҳдат оғоз кардааст. Аз соли 1994 устоди ДМТ ба унвони устод ва муовини декани факултаи таърих оғоз кардааст.
Солҳои 2005-2008 - ба сифати мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, 2008 срмутахассиси Раёсати мактабҳои олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф, 2008-2012 - Муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар умури тарбия, солҳои 2012-2016 - ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва аз 11 январи соли 2016 то имрӯз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Хлопушки снова взрываются. Напоминаем, какое наказание за их ввоз предусмотрено в Таджикистане
В Таджикистане усилят контроль над водопользованием
Милиция Душанбе раскрыла серию краж из автомобилей
Искусство как бизнес. Как сын таджикского художника превратил картины отца в успешный проект
Глава Минкультуры Казахстана прокомментировала уголовные дела против руководителей КазТАГ и Orda.kz
Форум «Цифровой театр»: в Душанбе показали, как бороться с цифровым насилием
Три таджикских специалиста прошли обучение в Академии Международной федерации дзюдо
«Эсхата Банк» запустил сервис переводов на карты UnionPay в Китае
В душанбинском цирке впервые выступят артисты из Италии
Редактор «Азия-Плюс» стал лауреатом премии «За активную гражданскую позицию в журналистике»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста