Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро рад кард. Дирӯз, Саҷҷод Нуристонӣ, корманди идораи умури раёсатҷумҳурии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафт.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки "ҳавопаймои ҳомили ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар ҳудуди кишвар фуруд наомадааст. Ҳамчунин таъкид мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон чунин дархости дахлдор нагирифтааст".
Такзиби хабари ба нахуст ба Тоҷикистон омадани ҳавопаймои ҳомили раисҷумҳури собиқи Афғонистон аз сӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дирӯз Радиои Озодӣ ҳам бо такя ба ду манбаъ гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон омадааст.
Дирӯз, Саҷҷод Нуристонӣ, корманди дастгоҳи ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба "Азия-Плюс" хабар дод, ки Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон рафт ва аз он ҷо ба кишвари сеюм меравад.
Ба гуфти Нуристонӣ, ҳамроҳ бо Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғанӣ низ будаанд.
Баъдан ҳамин манбаъ ба "Азия-Плюс" гуфта, ки Ашраф Ғанӣ ба Умон расид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Синдром весенней усталости: из-за чего весной постоянно хочется спать?
В Душанбе названы лучшие учитель, воспитатель, врач, больница и парк
В Узбекистане отменят ограничения на экспорт большинства видов товаров
Душанбинскому парку Победы исполнилось 50 лет. Он так и остался недостроенным…
В Душанбе открыли шоурум IMZO: инновационные пластиковые окна и двери
«Город, который мы любим!». Каким видят Душанбе его жители?
США и Иран проведут в Риме второй раунд переговоров о ядерной сделке
101 год Душанбе: от кишлака до мегаполиса
Wildberries запускает продажи в Таджикистане
Трамп заявил, что бросит попытки добиться мира в Украине, если переговоры продолжат буксовать
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста