Дар пасманзари сару садоҳои зиёд дар мавриди ришваситонӣ ва пулталабкунии марзбонони тоҷик аз мусофирон дар гузаргоҳи сарҳадии "Фотеҳобод"-и Тоҷикистон хабарнигори "Азия-Плюс" 4-уми ноябр ба ин гузаргоҳ рафт ва бо масъулони марзӣ ва мусофироне, ки марзро убур мекунанд, суҳбат кард.
Ҳарчанд бархе аз мусофирон мегӯянд, дар ин шабу рӯзҳои ахир ҳақситонӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон бо “Ойбек”-и Ӯзбекистонро мушоҳида намекунанд ва муносибати марзбонони тоҷик хуб шудааст, аммо бархе мусофирон ин равандро ҳосили чанд рӯзи ахир медонанд.
Ин дар ҳолест, ки охирҳои моҳи октябр хабаргузории ӯзбекии Kun.uz аз ҳақситонии зиёд дар ин гузаргоҳ навишта, гуфта буд, марзбонони тоҷик аз мусофирон 150-200 сомонӣ талаб мекунанд.
Дар "Фотеҳобод" чӣ гап аст?
Таҷаммӯи мусофирон рӯзи 4-уми ноябр дар гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” дар ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон зоҳиран камтар ба чашм мерасид. Ба гуфтаи мусофирон, марзбонони тоҷик ба фарқ аз чанд рӯзи пеш онҳоро дар назди дарвоза бо мақсади ҳақситонӣ зиёд интизор намекунанд ва зуд иҷозаи вуруд медиҳанд. Мо низ дар назди дарвозаи гузаргоҳи “Фотеҳобод” замони суҳбат бо мусофирон мушоҳида кардем, ки марзбонони тоҷик онҳоро зиёд интизор намекарданд ва бо санҷиши ҳуҷҷатҳо зудтар иҷозаи убур ба самти Ӯзбекистонро медоданд.
Автобусҳои хатсайри “Хуҷанд-Тошканд” низ бидуни интизорӣ вориди дарвозаи гузаргоҳ шуданд ва касе аз мусофирон аз дохили автобус берун нафаромаданд ва шояд ҳуҷҷатҳои онҳо дар дохил санҷида мешавад. Ҳамсуҳбатҳои мо низ асосан он мусофироне буданд, ки тариқи гузаргоҳи “Ойбек”-и Ӯзбекистон ба “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон омаданд ва мушоҳида мешуд, ки бидуни интизорӣ дарвоза ба рӯяшон боз мешуд.
Рисолат Исмоилова, як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки барои дидорбинӣ бо модараш ба Тоҷикистон омад, баъди гузаштан аз гузаргоҳи “Фотеҳобод” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳангоми убури марз ҳақситонии сарҳадбононро мушоҳида накард. Вай гуфт, дар ҳар се чаҳор моҳ тавассути гузаргоҳ “Ойбек-Фотеҳобод” меояд ва қаблан маблағ меситониданд. Аммо ҳоло вазъ ба гуфтаи ӯ, ба фарқ аз чанд моҳи пеш тағйир ёфтааст.
“Ба маблағи 120 ҳазор сӯми узбекӣ (муодили 130 сомонӣ) тести COVID-19 супоридам, шиносномаи хориҷӣ пурсиданд, дигар маблағ талаб накарданд. Дар тобистон ҳангоми гузаштани сарҳад пул мепурсиданд, ҳоло напурсиданд. Муносибат бо мусофирон хуб шудааст, бе мушкил гузашта омада истодаем”.
Аз Дилноза 200 сомонӣ талаб кардаанд
Аммо Дилноза Атоева, як сокини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, ки як ҳафтаи пеш ба Ӯзбекистон рафта буд, мегӯяд, он рӯз вазъ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” дигар буд. Вай афзуд, ҳамроҳи хоҳару набера ва келинаш ба дидани модари арӯс ба Қашқадарёи Ӯзбекистон рафт ва марзбонони тоҷик аз ӯ 200 сомонӣ пул талаб кардаанд.
Ӯ мегӯяд, дар дохил муносибат хуб аст, мушкил танҳо дар назди дарвозаи гузаргоҳ аст.
“Ман 26-уми октябр ба Ӯзбекистон рафта будам, ки он рӯз дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон иҷозаи гузаштан надоданд. Аз соати 07:00 саҳарӣ то соати 16:00-и нисфирӯзӣ дар назди дарвоза истодам, пойҳоям дард кард, фишорам баланд шуд, бемор шудам. Пул пурсиданд, 200 сомонӣ барои худам ва 200 сомонӣ барои хоҳару набера ва келинам додам, баъд иҷозаи гузаштан доданд. Аммо ҳоло вақти бозгашт муносибат хуб буд, бе мушкил гузарониданд”.
Марзбонон чӣ мегӯянд?
Марзбонҳои масъули гузаргоҳи "Фотеҳобод" аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд ва ҳамчунин намегузоранд, ки хабарнигорон аксу видео бардоранд.
Аммо як масъули марзбонии гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон бидуни сабти овоз дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “ҳоло вазъ ба мисли чанд моҳи пеш нест, назорат аз болои мо ҷиддитар шудааст ва мусофиронро бе ягон мушкил иҷозаи вуруд медиҳем”.
Охири моҳи октябр хабаргузории ӯзбекии Kun.uz дар мавриди ҳақситонӣ дар марзи кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон хабар дода навишта буд, ки ҳақситонии аз ҳама зиёд дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон бо “Ойбек”-и Ӯзбекистон мушоҳида мешавад.
Ба навиштаи хабаргузорӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки мехостанд ба Тоҷикистон бираванд, гуфтаанд, маҷбур шудаанд, то се соат интизор шаванд ва аз ҳар кадоме 150-200 сомонӣ пул талаб кардаанд. Ин хабаргузорӣ навиштааст барои ин марзбонони тоҷик гӯиё як усули хеле содда, вале ба асабҳо таъсиррасонро интихоб мекунанд, яъне мусофиронро маҷбур мекунанд, ки муддати тӯлонӣ интизор шаванд. Дар натиҷа ба навиштаи Kun.uz “шахсе, ки сарҳадро убур мекунад, ғайр аз гапзанон бо марзбон ва пардохти маблағи зарурӣ ба ӯ, илоҷи дигаре надорад».
Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин хабари расонаи ӯзбекӣ то кунун вокуниш нишон надодаанд. Аммо чанд шаҳрванди Ӯзбекистон, ки тариқи гузаргоҳи “Ойбек” ба “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳ омаданд мегӯянд, имрӯз аз суйи марзбонон ҳақситониро мушоҳида накарданд. Ба гуфтаи мусофирон зоҳиран вазъ дар як ҳафтаи ахир тағйир ёфта, муносибати марзбонон беҳтар шудааст.
Абдумаҷид Ҳусейнов, як сокини дигари вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон, дар назди дарвозаи гузаргоҳ дар суҳбат бо мо гуфт, дар панҷ сол бори нахуст ба Тоҷикистон омад ва мушкилеро мушоҳида накард. Ӯ афзуд, марзбонони тоҷик зодагони кишвари ҳамсояро бо муносибати хуб қабул карданд ва ба ҷузъ гувоҳномаи ташхиси COVID-19 ва шиноснома, чизи дигаре талаб накарданд.
Ҷӯрабек Салимов, сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд се рӯз пештар ба Ӯзбекистон рафта буд ва 4-уми ноябр баргашт. Вай мегӯяд, “сарҳадбонони тоҷик он рӯз ҳам ягон сомонӣ пул талаб накарда буданд, вақти бозгашт ҳам. Дар марзи Ӯзбекистон ҳам маблағ талаб накарданд. Ҳоло муносибати сарҳадбонони тоҷику ӯзбек хуб шудааст”.
Шикояти мусофирон дар мавриди ҳақситонӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” моҳи августи имсол баҳсҳои тундеро барангехт ва баъди расонаӣ шудани ин мавзуй роҳбари бахши марзбонии ин гузаргоҳ ва муовинонаш аз мақом барканор шуданд. Баъди ин тағйирот дар сохтори марзбонӣ ҳоло ба назар чунин мерасад, ки вазъ тағйир ёфтааст ва марзбонон ҳам аз руйи эҳтиёт кор мегиранд. Тобистони имсол расонаҳо аз шикояти мусофирон дар назди гузаргоҳи “Фотеҳобод” навиштанд, ки ба гуфтаи онҳо “аз 500 то 1000 сомонӣ мегиранд”.
Аммо чанд ҳафтаи пеш хабарнигори хабаргузории ӯзбекии Kun.uz дар асоси мушоҳидаҳояш навишт, ки аз мусофирон, шаҳрвандони Ӯзбекистлон 150-200 сомонӣ пул талаб кардаанд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ “пул ба табибе, ки дар гузаргоҳи марзӣ кор мекунад, супурда мешавад”.
“Агар шумо аз “муоина”-и духтар осонакак гузашта бошед, пас маблағи заруриро пардохтаед, - менависад хабарнигори нашрия. - Минбаъд марзбону гумрукчии тоҷик ба шумо аҳаммият намедиҳанд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
10 мифов о гриппе: Только чеснок вас спасет и антибиотики
2024 год может стать самым жарким за всю историю наблюдений
Как мигранты берут на себя восстановление родных поселений
В Британии имя Мухаммед впервые стало самым популярным
Из миграции – в рабство. Как менялась ситуация с торговлей людьми в Таджикистане
Свержение Асада. Когда-то от него ждали либеральных реформ, но он стал диктатором
В России предложили запретить мигрантам проживать рядом со школами и детсадами
Боксеры из Таджикистана выиграли три бронзы на Чемпионате Азии
Гололедица на дорогах Таджикистана: КЧС обращает внимание на меры безопасности
Выходец из «Аль-Каиды». Кто он – лидер захватившей Дамаск оппозиционной группировки Абу Мухаммад аль-Джулани?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста