Дирӯз, 20 январ шаҳрвандони Қирғизистон автомошини боркаши тамғаи “Камаз” - и шаҳрванди Тоҷикистон Насруллобек Асламовро, ки ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрокӣ мебурд сангборон кардаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Оқсойи Қирғизистон рух дода, дар натиҷа ронанда сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара осеб дида, тирезаҳо ва чароғҳо-и автомобил шикастаст.
- Ин рафтори иғвобарангезонаи сокинони Оқсой бори дигар нишон дод, ки онҳо бо ҳар восита мехоҳанд вазъро номуътадил намуда, байни аҳолӣ низоъ ангезанд, - гуфтааст дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара.
Роҳи миёни Чоркӯҳ ва Ворух аз миёни маҳаллаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ қарор аст, имрӯз 21 январ масъулони ҷамоатҳои наздимарзии Исфара вуқӯъи ин ҳодисаро якҷо бо масъулони ноҳияи Ботканд ба баррасӣ гузоранд.
Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодааст.
Қобили зикр аст, ки дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб 55 нафар кушта, ҳудуди 300 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, даҳҳо манзил ва иншооти дигар тахриб шуд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Оползни и сели в Таджикистане подтопили дома и разрушили дороги
Дело Иванова. Бывший замминистра обороны России арестован до 23 июня
Сколько в Таджикистане было оправдательных приговоров за пять лет?
В Москве умер бывший вице-премьер Таджикистана
КЧС Таджикистана: в горах Таджикабада погиб ребенок
У Таджикистана не будет медалей? Аналитики сделали прогноз на Олимпиаду-2024
13 семей возвращены из Сирии в Таджикистан
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 26 апреля 2024 года
Завтра в Душанбе временно перекроют некоторые участки дорог для транспорта
Каждая роль, сыгранная ею – шедевр. Памяти Тухфы Фазыловой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста