Қосими Роҳбар (Қосимов), раиси кунунии шаҳри Ҳисор ва раиси собиқи вилояти Суғду вазири кишоварзии Тоҷикистон аз шарҳи кашфи беш аз 9 млн доллари марбут ба ӯ дар яке аз бонкҳои Швейтсария ба хабарнигорони "Азия-Плюс" худдорӣ кард.

Ин миқдори маблағи марбут ба ӯро таҳқиқгарони  Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ошкор кардаанд.

Хабарнигорони "Азия-Плюс" барои дарёфти назари Қосим Раҳбар ба шаҳри Ҳисор рафтанд, вале ӯ хабарнигоронро напазируфт ва ба василаи раиси Дастгоҳи ҳукумати ҳисор паём дод, ки ин масъаларо шарҳ намедиҳад.

Баъди як рӯзи ҷустуҷӯйи бенатиҷаи Қосими Роҳбар, хабарнигорони “Азия - Плюс” тасмим гирифтанд, ки ба ҷойи кори Қосими Роҳбар -  ҳукумати шаҳри Ҳисор раванд.

Ёвар: “Дар қабулгоҳ раисро интизор шудан мумкин нест, буроед!"


Дар қабулгоҳи Қосими Роҳбар, шахсе, ки худро Умед  ва ёвари раиси шаҳри Ҳисор муаррифӣ кард, бо баҳонаи набудани Қосими Роҳбар дар ҷойи кор бо асабоният ва таҳдид моро аз қабулгоҳ пеш кард ва гуфт, ки раисро дар қабулгоҳаш интизор шудан мумкин нест.

Умед ҳамчунин, гуфтд, ки раиси ноҳияи Ҳисор рӯзи шанбе рӯзи қабули шаҳрвандон дорад ва мо метавонем ҳамаи масъалаҳоро он рӯз омада аз ӯ пурсем.

- Хаттӣ муроҷиат кунед. Раис масъалаи объектҳоба буромадагӣ ҳастанд. Мумкин биёянд. Берун буромада истед, ман буромада меравам, инҷо ҳеҷ кас нест. Дар қабулгоҳ раисро интизор шудан мумкин нест. Назди раиси дастгоҳ равед. Марҳамат. Инҷо шаҳри бедарвоза нест. Роҳбари дастгоҳ маслиҳат мекунад, раис шуморо қабул мекунанд, - бо ин гуна ҳарфҳо ёвари Қосими Роҳбар моро аз қабулгоҳи раиси ноҳия берун кард.

Ба суолҳои пайдарпайи мо дар мавриди он ки раис дар ҷойи кор ҳастанд, ёрдамчии раиси ноҳия посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, ки назди роҳбари дастгоҳ равем, агар ӯ салоҳ донад, раис моро қабул мекунад.

Билохира бо “кӯмак” – и нигаҳбони бинои ҳукумати ноҳия моро аз қабулгоҳи Қосими Роҳбар берун карданд.

“Раис ҳастанду нестанд”

Ҳангоми берун шудан аз қабулгоҳи раиси ноҳия, аз нигаҳбон дубора пурсидем ки оё раиси ноҳия дар ҷойи кор ҳаст, ӯ дар посух гуфт, “раис ҳастанду нестанд”.

Ҳамчунин дар ҳавлии ҳукумати ноҳияи Ҳисор мошини хидматӣ дида мешуд, ки ба эҳтимоли зиёд мошини давлатии Қосими Роҳбар буд. Яъне аз посухи нигаҳбони бино,  ёрдамчии раиси ноҳия ва мошин маълум буд, ки эҳтимол Қосими Роҳбар дар ҷойи кор аст, вале бо рӯзноманигорон дар ин масъала суҳбат кардан намехоҳад.
Замоне мо ба бинои ҳукумати шаҳри Ҳисор расидем мошини хидматии раис дар дохили ҳавлии бино буд.

Раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Ҳисор дар суҳбат бо мо гуфт, дар робита ба масъалаи мазкур раис хабар доранд, вале ҳоло ҳозир нашудаанд ки масъаларо шарҳ диҳанд.

Роҳбари дастгоҳ  дирӯз, ба хабарнигори “Азия -  Плюс” ваъда дода буд, ки масъаларо ба Қосими Роҳбар мерасонад ва барои дарёфти назари раис талош мекунад. Вале тавре маълум шуд, раис нахостааст, ки масъаларо шарҳ диҳад ва гуфтааст, рӯзи шанбе оянд доир ба ҳамаи масъалаҳо суҳбат мекунад.

“Раис гуфтанд, дар ин масъала “без коментариев”

Ӯ афзуд, ки дирӯз низ чанде аз рӯзноманигорон барои гирифтани назари Қосими Роҳбар ба ин масъала омаданд, вале раис набуданд ва билохира масъала шарҳ надода монд.

- Мо тибқи маслиҳати пешакӣ дирӯз хоҳиши шуморо ба раис расонидам. Он кас гуфтанд, ки ҳар масъалае, ки бошад, мараҳамат рӯзи шанбе – рӯзи қабули шаҳрвандон биёянд, суҳбат мекунем. Ба ғайр аз шумо, дирӯз дигар журналистон низ омаданд. Вобаста ба ҳамон масъалаҳое ки дар расонаҳо нашр шуд, дар бораи 9- чанд миллион доллар. Ман шахсан мақоларо гирифта ба назди раис даромадам, гуфтам ки ҳамин хел ҳолати кор, бачаҳо омоданд, ки назари шуморо гиранд, гуфтанд рӯзи шанбе биёянд, баъди қабули шаҳрвандон ман шахсан қабул мекунам ва касе чӣ масъалае ки муроҷиат кунанд, - гуфт роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ҳисор.

Баъди гуфтугзор дар мавриди муҳим будани шарҳи Қосими Роҳбар дар робита ба ин масъала, роҳбари дастгоҳ дигарбора ба назди Қосими Роҳбар рафт ва гуфт кӯшиш мекунад, ки розигии раисро дар ин масъала бигирад. Вале баъди ҳудудан 10 дақиқа, баргашт ва гуфт, ки раис гуфтанд “ман назди раис даромадам, ёрдамчияш катӣ, раис катӣ суҳбат кардем, гуфт, без коментариев, “но комент” мегӯяд. Ман гуфтам ин масъаларо кадом расона еки тез диҳад ин “авторитет” - и ҳамон расонаи хабарӣ аст. Як рӯз ду рӯзи дигар монд то рузи шанбе рузҳои башумор монд, тоқат кунед”.


Бояд гуфт, ки дирӯз, 21 феврал радиои "Озодӣ" бо такя ба таҳқиқи  OCCRP,  Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, хабар дод, ки таҳқиқгарон ҳисоби бонкии Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов), дар Бонки Швейтсария кашф кардаанд.

Дар гузориш гуфта мешуд, ки ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ, ба ҳисоби ҳозира, баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаанд. Сарчашмаи чӣ гуна ба даст омадани ин миқдор пул маълум нест.

Тибқи қонун мансабдорони давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҳаққи доштани маблағ дар бонкҳои хориҷӣ ё моликият дар берун аз кишвар маҳруманд.

То кунун Қосим Роҳбар дар ин бора изҳори назар накардааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ навиштаанд, ки  талошҳояшон барои тамос бо Қосим Роҳбар  натиҷа надодааст.

Пажӯҳишгарони OCCRP Қосим Роҳбарро мансабдори ҳампаймони президент Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кардаанд, ки як муддат тиҷорати пахта, яке аз маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва манбаи асосии ба даст омадани асъори хориҷиро зери назорат доштааст.

Муҳаққиқон навиштаанд, дар як паёми дипломатии Амрико дар соли 2008 ӯ "шахсе бо гузаштаи шубҳаовар" номбар шудааст, вале дар замина шарҳи кофӣ дар даст нест.

Қалъаи Ҳисор
аз Суҳроби Зиё

Қосим Роҳбар, ки дар гузашта бо номи Қосим Қосимов машҳур буд, 58-сола аст ва моҳи январи имсол раиси шаҳри Ҳисор таъин шуд. То ин дам раёсати Кумитаи рушди маҳал, як ниҳоди навтаъсисро дар Тоҷикистон бар уҳда дошт. Аз соли 1994 то 1996 раиси ноҳияи Хуҷанд буд.

Соли 1996, пас аз ду соли интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки дар он аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кард, ба мансаби раиси вилояти Суғд расид. Даҳ сол дар ин мақом кор кард.

Дар солҳои 2008-2015 дар мансаби вазири кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои 2006-2008 раиси ҳизби ҳокими Халқии демкоратии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. 

Номи ӯ дар робита ба эълони ҷамъоварии як миллион тонна картошка ва якбора боло рафтани нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар як муддат дар сархати расонаҳо буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.