Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ – Абобил 2 боз шуд. Ин корхона имрӯз бо ҳузури вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммад Боқирӣ дар шаҳри Душанбе ба кор пардохт. Дар ин бора хабаргузории расмии Эрон – ИРНО хабар медиҳад.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бораи расман иттилое нашр накардааст.
ИРНО хабар медиҳад, ки ин корхона дар “ростои тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дифоӣ ва низомии байни ду кишвар, бо ҳиммат ва талоши мутахассисони вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон” бунёд шудааст.
Бино ба навиштаи расонаҳои эронӣ, Боқирӣ дар маросими ифтитоҳи ин корхона гуфтааст, ки “имрӯз дар ҷойгоҳе ҳестем, ки метавонем илова бар рафъи ниёзҳои дохилӣ ба кишварҳои ҳампаймон ва дӯст дар ҷиҳати афзоиши амният ва сулҳи пойдор, таҷҳизоти низомӣ содир кунем”.
Дар ин маросим калиди рамзии ифтитоҳи корхона ва гувоҳиномаи давраи омӯзишӣ ба фармондеҳ ва кормандони Неруҳои ҳавоиии Тоҷикистон эҳдо шудааст.
Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ифтитоҳи корхонаи тавлиди Абобил-2-ро дар Тоҷикистон нуқтаи атфе дар ҳамкориҳои низомӣ байни ду кишвар унвон кардааст.
Справка по теме
АБОБИЛ II яке аз аъзои хонаводаи паҳподҳои Абобил аст, ки тавоноии болое дар амалёти инҳидомӣ ё безараргардонӣ дорад. Ин паҳпод метавонад вазифаҳои гуногун, аз ҷумла шиносоӣ ва тасвирбардории ҳавоиро ба хубӣ анҷом диҳад. Абобил II метавонад аз рӯйи худрав парвоз кунад ва аз тариқи чатр бозёбӣ мешавад.Ин паҳпод ба роҳрави парвозу нишаст ниёз надорад ва ин имкон додааст, ки Абобил II таҳрик ва ҷобаҷойии фавқулодае барои парвоз бархӯрдор бошад. аҳподи Абобил II тавассути маркази ҳидояти заминӣ ҳидоят ва контрол карда мешавад.
“Дар оянда шоҳиди афзоиши ҳамкориҳо ва робитаҳои бештар дар тамоми сатҳҳои дифоию низомии ду кишвар – Эрону Тоҷикистон хоҳем буд”,- гуфтааст Боқирӣ.
Аммо дар бораи иқтидори истеҳсолии ин корхона ҷузъиёт дода нашудааст.
Ҳамчунин Боқирӣ бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ростои ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятӣ ва марзбонӣ дидору гуфтугӯ кардааст.
Расонаҳои эронӣ, шиносоии ҳавоӣ ва назорат бар майдон ҷанг, гашти марзӣ, аккосии ҳавоӣ, танзими тирандозии тӯпхона ва иҷрои амалиёти безараргардонӣ (инҳидомӣ)-ро аз дигар қобилятҳои ин паҳпод донистаанд.
Бурди амалётии ин паҳпод 100 километр буда ва давомнокии парвози Абобил 2 аз 75 то 120 дақиқаро дар бар мегирад. Ҳамчунин ин паҳпод метавонад то баландии 11000 ҳазор поӣ (3352.8 метр) ва бо суръати 250 километр дар соат парвоз кунад.
Как Цецилия Бану-Лахути потратила 25 лет жизни на перевод «Шахнаме»
Международные переводы с Visa Direct Account: быстро, надёжно и удобно с Международным банком Таджикистана
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
На таджикско-узбекской границе появится зона свободной торговли
В Генпрокуратуре Таджикистана раскрыли подробности дела осужденного адвоката Файзи Оли
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста