Имрӯз, 15-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин мулоқот намуд.
Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, энергетика ва технологияҳои нав, дар бахшҳои иқтисодиёти рақамӣ ва “рушди сабз” таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар ин зимн, алоқамандии ҷониби Чин ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО Роғун, таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминии тоҷик “ТАЛКО”, ҳамчунин татбиқи ҳарчи зудтари марҳаллаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма дар қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ - Рӯшон ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хоруғ - Қулма иброз гардид.
Сарони давлатҳо, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар робита ба рушди авзоъ дар Афғонистон табодули афкор намуданд.
Си Ҷинпин изҳор дошт, ки Чин нигаронии Тоҷикистонро оид ба вазъи Афғонистон ва мушкилоти минтақавии вобаста ба онро ба хуби дарк менамояд ва омодаи идомаи ҳамкориҳои зич дар арсаи амниятӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадот бо ин кишвари ҳамсоя мебошад.
Дар ҳошияи мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
🔸️Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рушди сабз байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
🔸️Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
🔸️Протоколи иловагӣ оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаҳои қисман асосии марҳилаи дуюми шоҳроҳи Душанбе-Кулма.
12 программ для бесплатной учебы в CША, Японии, Великобритании, Германии и не только
Что стало с землей бывшего «Зеленого базара» в Душанбе?
«Наши выступили блестяще». Эргаш Махмадбеков – об итогах чемпионата мира по дзюдо среди юниоров
Спикер парламента Ирана приедет в Таджикистан. Какова цель визита Калибофа?
Сына бен Ладена депортировали из Франции. Ему запрещен въезд в страну
Как сохранить ягнобский язык?
Ассоциация охотников Таджикистана выделила 2,1 млн сомони на развитие отдаленных районов
Дело P. Diddy. Что на самом деле происходило на вечеринках рэпера?
Министр транспорта Таджикистана поручил подготовить дороги к зиме
Тайны китайских праздников: от гонок на драконьих лодках до волшебных фонарей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста