Муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар мақолае, ки дар робита ба рӯйдодҳои охари марзӣ барои АМИТ “Ховар” навишааст, аз занони қирғиз даъват намудааст, ки барои муътадил гаштани вазъ дар сарҳад саҳми худро гузоранд.

“Мо,  занони тоҷик  ба бонувону модарони қирғиз муроҷиат карда мегӯем, ки барои муътадил гаштани вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон саҳмгузор бошанд”, - навишааст Хайринисо Юсуфӣ.

Ӯ бо иштироки занони ду ҷониб барпо кардани гуфтушунидро ба манфиати кор дониста, гуфтааст, ки посухи ин даъватро аз ҷониби занони Қирғизистон интизор аст.

Ёдовар мешавем, ки низои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 14-уми сентябр оғоз гардида, дирӯз, 19-уми сентябр, бо имзо шудани созишномаи оташбас миёни раисони КДАМ-и ду кишвар то андозае ба эътидол омад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.