Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе ҳоло 1 литр бензини АИ-92 9 сомониву 50 дирам арзиш дорад, ки ҳафтаи пешин ба 10 сомонӣ баробар буд.
Ҳамин тавр, нархи як литр бензини АИ-95 ҳам то 9 сомониву 80 дирам поин омадааст. Қаблан як литр бензини АИ-95 10 сомониву 50 дирам арзиш дошт.
Дар ин баробар, арзиши як литр сӯзишвории дизелӣ дар пойтахт 12 сомониву 60 дирам нарх дорад ва 1 литр гази моеъ 6 сомониву 20 дирам фурӯхта мешавад.
Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд бензини АИ-92 - 50 дирам арзон шудааст ва он имрӯз, 14-уми октябр, 9 сомониву 50 дирам арзиш дорад. АИ-95-ро, ки қаблан 10 сомониву 60 дирам нарх дошт, ҳоло 10 сомониву 20 дирам харидан мумкин аст.
Ҳамин тавр, нархи сӯзишвории дизелӣ дар Хуҷанд бетағйир боқӣ монда, 12 сомониву 50 дирам фурӯхта мешавад. Гази моеъ дар ин шаҳр 6 сомониву 10 дирам арзиш дорад.
Дар шаҳри Бохтар арзиши як литр бензини АИ-95 10 сомониву 30 дирам аст ва як литр бензини АИ-92 9 сомониву 60 дирам фурӯхта мешавад.
Дар ин баробар, арзиши як литр сӯзишвории дизелӣ дар Бохтар 12 сомониву 60 дирам нарх дорад ва 1 литр гази моеъ 6 сомониву 30 дирам фурӯхта мешавад.
Омили поёнравии арзиши сӯзишвориро коршиносон ба фарорасии фасли зимистон ва анҷоми корҳои саҳроӣ маънидод мекунанд.
Дар гузашта аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ 86% маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия интиқол дода шуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.





Как правильно ограничивать детей от гаджетов?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Суруди сол-2025», балет «Коппелия» и Cybersecurity Forum-2026
Таджикистан нарастил импорт автомобилей из Грузии на 568%
Работа в Катаре: таджикистанцев приглашают на собеседование в дресс-коде
Срок регистрации пенсионеров Таджикистана через систему Face ID продлен?
Как художник из Ашта возвращает сказки, рисуя на камнях
Город с живой историей. Шеки — древнейший самобытный город Азербайджана
В Рудаки задержана женщина, пытавшаяся продать своего 8-месячного ребёнка
В Таджикистане появится новый профессиональный праздник
Товарооборот между Таджикистаном и Кыргызстаном вырос почти в три раза в 2025 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста