Ҳар сол 16-уми октябр дар кишвар “Рӯзи кинои тоҷик” таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, хостем андешаи чанде аз мутахассисони ин соҳаро оид ба вазъи кунунии кино пешкаши хонандагон намоем, аммо мутаассифона дар ин рӯзи ҷашн ҳам кам сухане пайдо шуд, ки дар тавсифи соҳа гуфта шуда бошад. Аксари ҳунармандону коргардонҳо ва онҳое, ки аз вазъ огоҳӣ доранд, бештар аз мушкили соҳа гуфтанд ва роҳи ҳалли онро пешкаш намуданд.

Бақо Содиқов, коргардони варзидаи синамо, ки ҳоло дар Бухоро умр ба сар мебарад, мегӯяд, кинои тоҷик имрӯз мушкили зиёд дорад, аммо яке аз самтҳое, ки метавонад моро муваффақ гардонад, таҳияи филм дар мавзӯҳои таърихӣ мебошад.

Бақо Содиқов

“Ҷаҳониён аз таъриху тамаддуни ориёӣ дар ҳайрат мондаанд: Куруш, Анӯшервон, Ардашер, Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил… Аммо ин ҳама канӣ? Дар куҷоянд? Филме дидаед?”, - суол гузошт коргардон.

“Тифле, ки нав роҳгард шудааст”

Парвиз Пӯлодӣ, яке аз ҳунармандони шинохтаи тоҷик, ки дар синамои минтақа ва ҷаҳон нақшофарӣ кардааст, мегӯяд, “дар замони Шӯравӣ киностудияи “Тоҷикфилм” яке аз муваффақтарин киностудияҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт ва дар муқоиса бо он синамои давраи истиқлол ҳанӯз тифлеро мемонад, ки нав роҳгард шуда истодааст”.

Парвиз Пӯлодӣ гуфт, “ҳоло барои киностудияи “Тоҷикфилм” беҳтарин дастгоҳҳои муосири филмбардорӣ харидорӣ карда шудааст ва дар кишвар ҳунармандони хуби ватанӣ, мутахассисони соҳаи синамо ва коргардонҳои ҷавони муваффақ низ дорем, вале мо продюссерони хуб кам дорем.

Парвиз Пӯлодӣ

“Аксарият бар он гумонанд, ки дар филмофарӣ муҳимтарин муҳра режиссёр, аммо дар асл шахси рақами як ин продюссер аст. Дар давлатҳои мутамаддин ихтисоси “Продюссери кино” ҳаст, дар мо - не. Яъне, мушкили аслии кинои тоҷик ҳоло дастрас кардани маблағ аст. Ҳоло дар тамоми ҷаҳон филмҳо бо маблағгузории ғайридавлатӣ таҳия мешаванд, аммо ин таҷриба дар Тоҷикистон роиҷ нагардидааст.

“Пул ҳаст, дуздӣ ва порахӯрӣ ҳам ҳаст”

Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бошад, бар он назар аст, ки мушкили кинои тоҷик “порахӯрӣ ва дуздии маблағи буҷа” аст.

“Вақте барои таҳияи филми таърихии “Исмоили Сомонӣ” назди як вазир даромадам, ӯ аз ман маоши яксолаашро талаб кард”, - бо таассуф гуфт Маҳмадов.

Муҳаммадалӣ Маҳмадов

Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Маҳмадов, дар номуваффақии кинои тоҷик набудани маблағро баҳона кардан дуруст нест.

“Агар маблағ нест, як бегоҳ ба сайри пойтахт бароед. Дар роҳҳои пойтахт чӣ гуна мошинҳоро мебинед? Дар тарабхонаҳои пойтахт ҷойи холӣ меёбед? Ин биноҳои 20-30 ошёна бо кадом пул бунёд мешаванд ва агар пул набошад, ин ҳама аз куҷост!?,” - суол гузошт ҳунарманд.

“Агар ӯ дар Амрико мебуд...”

Муҳаммадалӣ Маҳмадов мегӯяд, “дар кишвар давоми даҳ соли охир музди меҳнати ҳунарманд барои рӯзи корӣ ба маротиб поён фаромад”.

“Ҳунарпешаеро медонам, ки хеле кори хуб ва ҳунари қобили қадр дорад, вале дар рекламаву клипу филмҳое мебарад нақш меофарад, ки дар сатҳи ӯ нест. Лекин дигар дар ин гуна шароит ва ин музди меҳнат чӣ гуна аробаи зиндагиашро пеш кашад? Агар ӯ дар Амрико мебуд, танҳо як филми хуб кифоя буд, ки зиндагии худаш ва фарзандонашро то охири умр обод нигоҳ дорад”.

“Кинои мо хусусияти маҳаллиро касб кардааст”

Аз нигоҳи Муҳаммадалӣ Маҳмадов, мушкилии дигари кинои тоҷик забони он аст.

“Кинои тоҷик имрӯз хусусияти маҳаллиро касб кардааст ва танҳо барои маҳалли муаллиф, коргардон ё сенаристи филм офарида мешавад. Онҳо фикр намекунанд, ки забони филм бояд барои ҳама манотиқи кишвар фаҳмо бошад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Кинодигар аст, театр - дигар

Ҳамин тавр, ин ҳунарманд дар робита ба кино имрӯзи тоҷик гуфт, “дар кишвар режисёри хуб кам надорем, вале онҳо баъзан филмеро ба навор мегиранд, ки он набояд филм, балки бояд намоише дар театр бошад”.

“Дар театр мо бисёр чизҳоро дар нутқи саҳна ворид мекунем, чаро ки онро бинанда дида наметавонад, вале дар филм мо бисёр чизро нишон дода метавонем, ки дигар ҳоҷат ба нутқу шарҳи ҳунарманд намемонад. Дар сатҳи байналмилалӣ ҳам ҳамон филме хуб пазироӣ мешавад, ки нутқи кам ва тасвири беш дорад”, - афзуд Муҳаммадалӣ Маҳмадов.

“Дар 30 сол мо бозори кинои миллиро насохтем”

Аниса Собирӣ, филмсози дигари тоҷик аст, ки ин риштаро дар яке аз донишгоҳҳои Лондон аз худ кардааст, изофа бар ин гуфт, “мо дар зарфи 30 сол бозори синамои миллӣ надорем ва насохтем”.

Аниса Собирӣ

Ба гуфтаи ӯ, мудирияти соҳа, норасиданӣ коркунони хуб ва сензура ҳам аз мушкилоти дигари синамои тоҷик аст.

“Мо зарфияти калон дорем. Масалан, Тоҷикистон манзараҳои хеле зебо дорад, фарҳанги мо аҷиб аст ва мавзӯъҳои зиндагии мардуми тоҷик барои дунё ҳоло ҳам номаълум боқӣ мондааст. Аммо то он ки филмҳои тоҷик ба ҳақиқат такя накунад, дари бозори байналмиллалӣ барои мо маҳкам аст”, - афзуд филмсози тоҷик.

Дар ин ҳол ҳам, Аниса Собирӣ хулоса кард, яке аз тамоюлҳои хуб ҳамин аст, ки видеоблогинг дар Тоҷикистон пеш рафтаст ва бисёр ҷавонон ҳозир филмҳои кӯтоҳ сохта истодаанд, ки ин хуб аст.


Воқеан, дар чандсолаи охир филмҳои кӯтоҳи тоҷикӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардиданд ва синамои миллӣ то ҷое ба бозори филмофарии ҷаҳонӣ ворид шуд. Бо ин вуҷуд, фазои синамо дар Тоҷикистон ба дасти хориҷиён аст ва аҳолии кишвар бештар филмҳои хориҷиро тамошо мекунанд.

Бояд гуфт, кинтеатрҳои кишвар дар минтақаҳо комилан аз байн рафтаанд ва дар пойтахт бошад, курсиҳо холӣ ҳастанд. Дар фазои интернетӣ ва платформаи Ютуб филмҳои сатҳи хеле паст ва ба истилоҳ “кӯчагӣ” ҳам зиёд ба назар мерасанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.