Дар асоси ҳисоботи Хадамоти иттилоотии СММ оид ба ҳамоҳангсозии масоили гуманитарӣ, дар моҳи май ва июни соли 2022 қимати баъзе маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон 140% боло рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, сокинони Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ пайваста ранҷ мебаранд: ҳамасола маводи ғизоӣ дар сатҳи 20-25 дарсад гарон мешавад.

“Ман мефаҳмам, вақте қимати молҳои воридотӣ гарон мешавад. Вале вақте пиёзу картошка, дар маҷмуъ, меваву сабзавоти ватанӣ гарон мешавад, ҳайрон мемонам. Мо онҳоро низ аз хориҷ ворид мекунем, ки нархашон ҳамеша баланд мешавад?”, - мепурсад Марҳабо, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе.

Нигаронии занро фаҳмидан мумкин аст: иқтисоди Тоҷикистон аз замин нерӯ мегирад - соҳаи кишоварзӣ қариб чоряки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, рушди саноат 16 дарсадро ташкил медиҳад. Аммо чаро дар кишвари аграрӣ сол аз сол нархи маҳсулоти кишоварзӣ ба таври бесобиқа меафзояд? Ба ин, аз ҷумла, гаронии нархи нуриҳои минералӣ, ки онро Тоҷикистон истеҳсол намекунад ва маҷбур аст аз хориҷ ворид кунад, таъсир мерасонад.

Доруи гарон барои ҳосилхезии замин

Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, талаботи солонаи Тоҷикистон ба нуриҳои минералӣ 550 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Вале ҳамасола ба кишвар ду баробар камтар нурӣ ворид мешавад. Бар асоси маълумоти Хадамоти зиддинҳисории кишвар, дар соли 2020 ба маблағи 44,3 млн. доллари амрикоӣ 204 ҳазор тонна, дар соли 2021-ум ба маблағи 42,1 млн. доллари амрикоӣ дар ҳаҷми 198 ҳазор тонна ва дар шаш моҳи соли 2022-ум 104 ҳазор тонна ба маблағи 35 млн. доллари амрикоӣ нуриҳои минералӣ ворид шудааст.

Агар маълумоти шашмоҳаи соли гузаштаро (воридот 143 ҳазор тонна ба маблағи 29 млн. доллари амрикоӣ ё ин ки 202 доллари амрикоӣ барои як тонна) ба ҳамин давраи соли равон (336 доллар барои як тонна) муқоиса кунем, нархи миёна 66 дарсад афзудааст. Барои нуриҳои минералии мураккаб ё омехта нарх дар давраи кишти тухмии соли 2022-ум ду баробар боло рафтааст. Имсол деҳқонони тоҷик як халта нурии минералиро (50 кг) ба ҷои 300 сомонии соли гузашта, 600 сомонӣ хариданд. Ҳолати мазкур дар “карбамид”, ки барои ҳамаи зироатҳо ҳамчун нурии асосӣ истифода мешавад, низ ба мушоҳида расид.

Акс аз Asia-Plus

Нуриҳои минералӣ дар маҳсулоти кишоварзӣ барои ба даст овардани ҳосили хуб ва ғизонокӣ муҳим аст. Нуриҳо барои ғанӣ гардонидани хок, ки баъди гирифтани ҳосил қувваташро гум мекунад ва гирифтани ҳосили зиёд кӯмак мекунанд. Соли 2020 як халта карбамид 300 сомонӣ буд, соли 2021-ум 320 сомонӣ шуд ва ҳамин тариқ, дар соли 2022 аллакай 400 сомонӣ нарх дорад.

Мутаассифона, то ҳол гароншавии нарх идома дорад. Соли гузашта дар пасманзари пандемияи коронавирус нархи нуриҳо дар тамоми ҷаҳон 80 дарсад боло рафт. Имсол Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ кардааст, ки эҳтимол 70 дарсади дигар гарон шавад. Ҳоло нархҳо асосан дар пайи ҷанги Русия бо Укроин қимат шудааст. Ҳар ду кишвар аз воридкунандагони бузурги нуриҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. 

Тавре Хадамоти гумруки Русия хабар медиҳад, ин кишвар дар соли 2021 дар маҷмуъ, 37,6 млн. тонна нурии минералӣ ба маблағи умумии 12,5 млрд. доллари амрикоӣ содир кардааст. Ин қариб 12 дарсади талаботи ҷаҳонро ташкил медиҳад. Укроин нуриҳои азотӣ истеҳсол мекунад, аммо бо оғози ҷанг фаъолияти тамоми ин корхонаҳо қатъ шудааст.

Ин ба Тоҷикистон низ таъсири амиқи худро расонид. Ин вобастагии кишварро аз таъминкунандагони берунии нуриҳо “шиддатнок” мекунад.

Вобастагӣ аз воридот

Мақомоти кишвар тасдиқ мекунанд, ки мушкили асосии хоҷагии қишлоқ гаронии нуриҳои минералӣ аст. Он дар “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” низ ишора шудааст. Дар он қисман гуфта мешавад, ки талаботи кишвар ба нуриҳои минералӣ дар соли 2019 сад дарсад аз хориҷ қонеъ карда шудааст.

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи июли соли 2022 гуфт, ки ба Тоҷикистон асосан аз Ӯзбекистон, Туркманистон, Русия ва Афғонистон нурии минералӣ ворид карда мешавад.

Дар Хадамоти гумрук фарзияи аз ҷониби як ё ду ширкати инҳисор ё монополист ворид гардидани нуриҳои минералиро ба кишвар рад карданд. Аз ин ниҳод ба мо рӯйхати 50 ширкатеро пешниҳод карданд, ки ба воридоти нуриҳо машғуланд.

Мақомот болоравии нархро ба дигар омил рабт медиҳанд. Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, қиммати нуриҳои минералӣ дар пайи боло бурдани нарх ва кам кардани содироти он аз ҷониби истеҳсолкунанда вобаста аст.

"Asia-Plus" кӯшиш кард, аз корхонаҳои Ӯзбекистон оид ба тағйири нарх барои воридкунандагони Тоҷикистон иттилоъ дастрас намояд, вале бо баҳонаи сири тиҷоратӣ чунин маълумотро ба мо пешниҳод накарданд.

"Навоиазоти Ӯзбекистон"
Asia-Plus

Дар сомонаҳои ӯзбекистонӣ, ки ба фурӯши нуриҳои минералӣ машғуланд, метавон эълонҳоеро пайдо кард, ки як тонна нурӣ дар соли равон 250 доллари амрикоӣ нарх дорад. Ёдовар мешавем, ки нархи миёнаи нуриҳои минералии воридотӣ дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2022-ум 336 доллари амрикоиро ташкил медод.

Дар ҳоли ҳозир, дар Ӯзбекистон нархи 1 кило нурии минералии мураккаб ё омехта аз 0,20 то 1,96 доллари амрикоӣ нарх дорад. Дар Тоҷикистон бошад – 1,2 доллари амрикоӣ. 

Бояд ба назар гирифт, ки нуриҳои минералӣ то ба дасти деҳқон расидан аз дасти чанд миёнарав мегузарад. Масалан, ширкати ӯзбекистонӣ ба тоҷири маҳаллӣ мефурӯшад. Ӯ ба чаканафурӯши тоҷик медиҳад. Чаканафурӯши тоҷик ба тоҷири дигари чаканафурӯши хурдтар дар деҳоти кишвар мефурӯшад (ин тоҷирон ба кишоварзӣ низ машғуланд). Ва танҳо баъди ин нурии минералиро ба деҳқон мефурӯшанд. Маълум аст, ки ҳар яки онҳо ба нурӣ қимати изофӣ мегузорад.

Дар Тоҷикистон деҳқони сарватманд нест

Суҳбати мо бо деҳқонон маълум кард, ки онҳо сарфу харҷи худро ҳисоб намекунанд ва ҳамин тариқ, гуфта наметавонанд, ки аз маблағи умумие, ки онҳо харҷ мекунанд, чӣ қадарашро нуриҳои минералӣ ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, кишоварзони хурдро нархи гарони нуриҳо нигарон кардааст. Мирзовалӣ, деҳқоне аз вилояти Хатлон, ки панҷ га замини кишт дорад, аз поинравии нархи пахта дар пасманзари гаронии нархи нурҳои минералӣ нигарон аст.

“Мо 50 кг карбамидро бо нархи 600-сомонӣ харидем. Барои се га бо харҷи 12 ҳазор сомонӣ 1000 кг карбамид харидам. Вале вақти ҷамъоварӣ, нархи пахта дар бозор ба таври чашмрас поин шуд. Ҳоло нархи як тонна пахта 600 доллари амрикоӣ аст, аммо мо интизор доштем, ки онро бо нархи 1,5 ҳазор долларӣ мефурӯшем”, - нигаронӣ кард Мирзовалӣ.

Сулаймон Шафоев, деҳқоне, ки дар “Ютуб” саҳифаи худро дорад, мегӯяд, аксари деҳқонон бар зарари худ кор мекунанд. 

“Бинед, чӣ қадар деҳқононро таъна мекунанд! Шумо боре деҳқони сарватмандро дидаед, на одамонеро, ки сол аз сол зинда мондан мехоҳанд?”, - мегӯяд ин деҳқон.

Ӯ мегӯяд, 35 садяк замини гармхона дорад, ки ин ними майдони футбол аст. Аз ин гармхонаҳо ӯ дар як сол ду ҳосил мегирад, вале даромад аз ду ҳосил ҳам харҷи ӯро на ҳамеша пӯшонида метавонад. 

“Мо вобаста ба нархи бозор маҳсулоти хуро мефурӯшем. Худамон қимати изофӣ намегузорем. Агар деҳқонон ба болои маҳсулоти худ нархи изофӣ мегузоштанд, нархҳо чанд баробари дигар меафзуд”, - гуфт ӯ. 

Акс аз огород.ру

Нархи нуриҳоро арзон карда мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар талоши фаровонӣ ва арзонии неруҳои минералӣ ҳастанд. Тавре “Азия-Плюс” бо ишора ба қарори ҳукумат менависад, дар соли 2022-ум 25 ҳазор тонна нурии минералӣ аз боҷи гумрукӣ озод карда шудааст. Вале ин ҳам кӯмак накард, ки қимати маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон пойин равад.

Дар Тоҷикистон талош доранд, ки корхонаи истеҳсолии нуриҳои минералӣ кушода шавад. Ширкати “Нуриҳои Азоти Вахш”, ки дар вилояти Хатлон воқеъ аст, ваъда кардааст, ки дар наздиктарин фурсат фаъолияташро ба роҳ мемонад. Аммо то ҳол санаи мушаххаси оғози истеҳсолот маълум нест.  

Моҳи ноябри соли 2022 дар ноҳияи Ёвон корхонаи “Талко Кемикал”, ки ваъдаи истеҳсоли то 75 ҳазор тона нӯрии минералиро дар сол додааст, ба фаъолият оғоз кард.

Оё ҳамаи ин кӯшишҳо самар медиҳанд?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.