Беш аз як моҳ мешавад, ки сокинони бархе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе аз хонаҳои сард ва мушкил дар кори марказҳои гармидиҳии пойтахт шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди пайваст будани хонаҳояшон ба шабакаҳои гармидиҳӣ манзилҳояшон сард аст. Мақомот мушкилро тасдиқ мекунанд, вале намегӯянд, омили аслии мушкил чист.

Дар шаҳри Душанбе сар аз 14-уми ноябр мавсими гармидиҳӣ оғоз шуд ва аз ин пештар масъулин гуфта буданд, ки барои гузаронидани фасли зимистон пурра омодаанд. Вале сардиҳои чанд ҳафтаи охир собит кард, ки низоми гармидиҳӣ дар пойтахт ба таври зарурӣ танзим нашуда, ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.

“Хонаам тамоман хунук”

Ба гуфтаи сокинони пойтахт, ҳоло дар маҳаллаҳои Зарафшон, Испечак-2, Яккачинор, “Профсоюз”, Раҳимӣ 11, маҳаллаҳои 11, 12, 33, 46, 61, 63, 82, 101, 102, 103, 112 ва атрофи он таҷҳизоти гармидиҳии хонаҳо заиф кор мекунанд, фишори паст дорад ва манзилашон гарм намешавад.

Истиқоматкунандагон мегӯянд, барои гарм кардани хонаҳо маҷбур шудаанд, ки аз таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ ва кондитсионер истифода кунанд. Дар чунин вазъ, онҳо ҳам барои барқ ва ҳам гармӣ маблағ пардохт мекунанд.

Зулфия Бобобекзода, як сокини пойтахт мегӯяд, оби таҷҳизоти гармидиҳии хонааш сард аст ва ҳоло барои гарм кардани хонааш аз таҷҳизоти барқӣ истифода мебарад, ки ин ба буҷаи оилавиаш таъсири манфӣ мерасонад.

Ӯ дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук нигаронӣ кардааст, ки ин вазъ барои кӯдакдорон мушкил аст.

Номбурда аз шаҳрдории пойтахт дархост намудааст, то шабакаи гармидиҳиро назорат кунад ва ин мушкилро бартараф намояд.

Дар ин баробар, нигаронии Зулфия Бобобекзода ҷонибдории наздики 300 нафар сокинони дигари пойтахтро ба бор овардааст.

Парвин Давлатова, сокини дигари пойтахт, дар зери ин нигаронӣ ҷонибдории худро қайд карда, навиштааст, “хонаам тамоман хунук, кӯчаи А.Ғуломов ҳам ба ҳамин аҳвол гирифтор, бо таҷҳизоти гармкунандаи барқӣ рӯз гузаронда истодаем”.

“Дар маҳаллаи 82-юм дастгоҳи гармидиҳӣ ширгарм. Наход ба ҳамин дараҷа хунукназарона рафтор кунанд коргарони Маркази гармидиҳӣ (ТЭЦ). Соли гузашта беҳамто буд. Чӣ гап шудааст имсол?”, - мепурсад Зулайхо Тиллоева, сокини дигари пойтахт.

“Мушкил ҳаст, аммо бартараф мешавад”

Пештар дар посух ба мушкили аҳолӣ, Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе тавсия дода буд, ки ҳавои дохили дастгоҳҳои гармидиҳии дохили хона ва таҳхонаи биноро бароранд, шояд мушкил дар он ҷо бошад. Вале мушкил ҳал ва шикоятҳо кам нашуд.

Сокинон иддао мекунанд, ки шояд мушкил дар фишори оби гарм бошад, ки бо пайваст шудани биноҳои навбунёд фишори он поин шуда, оби гарм то ҷои зарурӣ намерасад.

Мақомот ҳам як моҳ пеш ва ҳам дирӯз, 14-уми декабр, мушкилоти мавҷударо тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ин ба онҳо вобастагӣ надорад, балки мушкилӣ дар Маркази барқу гармидиҳӣ-1 аст.

Маркази барқу гармидиҳӣ-1
Акс аз Бахтиёр Раҳматуллоев

Дирӯз, 14-уми декабр, Дилшод Одиназода, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар як тамоси телефонӣ бо “Азия-Плюс” омили аслии гармии кофӣ надоштани дастгоҳҳои гармидиҳиро дар бино ва хонаҳои сокинон рабт дод.

Ӯ гуфт, онҳо то назди биноҳо обро бо дараҷаи гармии лозима бурда мерасонад ва мушкил бо бастану боз кардани қубурҳои обгузари ин ё он сокин ба амал меояд.

Ба гуфтаи номбурда, оби дарё 3-5 дараҷа гарм аст ва Маркази барқу гармидиҳӣ ин ҳароратро то 70-80 дараҷа гарм карда, ба Бунгоҳи гармидиҳӣ медиҳад.

“Дар сурати баста будани қубури обгузари як хона гардиши об ба мушкил мувоҷеҳ мешавад ва фишор ва ҳарорати об паст мегардад”, - гуфт Дилшод Одиназода.

Дар ҳамин ҳол, ӯ вуҷуди мушкилро дар Маркази барқу гармидиҳӣ-1 тасдиқ кард ва гуфт, дар дигар марказҳо мушкил пеш наомадааст.

Дилшод Одиназода пайваст шудани биноҳои иловагӣ ба маркази гармидиҳиро тасдиқ карда, гуфт, соли равон аз 3 000 бинои нав, ки бояд бо қарори шаҳрдори пойтахт илова гардад, то ба имрӯз 2967 бинояш ба марказ пайваст карда шудааст.

Ин масъули шаҳрдорӣ рабт доштани мушкилоти мазкурро ба пайваст шудани биноҳои иловагӣ ба маркази гармидиҳӣ рад ё тасдиқ накард, танҳо гуфт, “бовар дорем, ки пас аз пайваст шудани боқимондаи биноҳои нав ба Маркази гармидии Душанбе ҳама мушкилот бартараф мешаванд”.

Ҳамин тавр, муовини раиси шаҳри Душанбе илова кард, ки барои бартараф кардани мушкилот дар ҳар як ноҳияҳои пойтахт 4 гурӯҳи корӣ вобаста шудааст ва онҳо мушкилии мазкурро пайгирӣ карда, ҳисобот медиҳанд.

Мушкилиро санҷида истодаем

Аз МД Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе ба “Азия-Плюс” ҷой доштани мушкилоти мазкурро дар Душанбе тасдиқ карда, кӯтоҳ гуфтанд, “шикояти сокинон ба мо ҳам расидааст. Мо ҳоло дар маҳаллаҳои гуногун ин мушкилиро санҷида истодаем. Бартарафшаванда аст”.

Ин дар ҳолест, ки ҳудуди як моҳ пештар ҳам аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки онҳо кӯшиш доранд, ин мушкилиро ҳарчӣ зудтар бартараф намоянд.

“Мо барои бартараф кардани он супориш гирифтем. Муҳандисон дар пайи ислоҳанд. Вале ин мушкил ба мо рабт надорад, ба Маркази барқу гармидиҳӣ -1 вобаста аст, ки бо газ фаъолият мекунад ва маҳз он ба биноҳо фишор дода наметавонад. Ба онҳо муроҷиат кунед”, - гуфта буданд аз МД “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе”.

Ҳамин тавр, қаблан ҳам аз ин ниҳод гуфта буданд, мушкилӣ ба Маркази барқу гармидиҳӣ-1, ки бо гази Ӯзбекистон кор мекунад, рабт дорад.

“Бо ангишт кор мекунад, бинобар ин​​​​​​​...”

Хабаргузории “Авесто” бо такя ба “Барқи тоҷик” навиштааст, ки ҳаҷми интиқоли гази табиӣ ба Дегхонаи Шарқӣ (Маркази гармидиҳии 1) ду баробар коҳиш ёфтааст ва мутаносибан ҳарорат низ паст шудааст.

Ин иншоот (Дегхонаи Шарқӣ) баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансурро бо гармӣ таъмин мекунад.

“Барқи тоҷик” гуфтааст, ки ҳарорати гармӣ дар нуқтаҳои гармидиҳӣ фарқ мекунад, аз ҷумла, ҳарорати гармӣ дар Маркази барқу гармидиҳӣ-2 ба 73 дараҷа мерасад. Ин объект бо ангишт кор мекунад, бинобар ин, ин ҷо дар таъмини гармӣ мушкилӣ вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Маркази барқу гармидиҳӣ-1 ба тамосҳои пайдарпайи мо ин бор ҳам ҳозир нашуданд, ки ҷавоб диҳанд. Пештар ҳам ваъда дода буданд, ки дар робита ба масъалаи мазкур мавқеашонро мегӯянд, вале баъдан ба зангҳои пайвастаи мо посух надода буданд. “Азия-Плюс” омода аст, ки назари ин марказро интишор намояд.

Ёдовар мешавем, ки аз 14-уми октябр то 1-уми ноябр дар Душанбе пайвастшавии хонаву иншоот ба маркази гармидиҳӣ оғоз гардида, давра ба давра аҳолии шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.